Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев 25 июн бо корҳои созандагӣ ва ободоние, ки дар шаҳри Тошканд ба амал татбиқ мегарданд, фаъолияти корхонаҳо шинос гардид.
Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев 25 июн бо корҳои созандагӣ ва ободоние, ки дар шаҳри Тошканд ба амал татбиқ мегарданд, фаъолияти корхонаҳо шинос гардид.
Дар пойтахти мамлакат бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, огоҳсозии тирбандӣ, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои пиёдагардон бисёр пул ва гузаргоҳҳо сохта мешаванд
Як сол пеш сарвари давлат бо лоиҳаи роҳ ва кӯпруке шинос шуд, ки ноҳияи Сергелиро бо маркази пойтахт мепайвандад. 26 декабри соли гузашта пули кӯчаи Қипчоқ кушода шуд, ки қисми муҳими ин роҳ мебошад. Имрӯз аз ин пул то кӯчаи Чӯпонота роҳи нав ва боз як кӯпрук сохта мешавад.
Дарозии пули болои Роҳи ҳалқаи хурд ва канали Салар 788 метр ва бо назардошти фуромадгоҳҳо 950 метрро ташкил хоҳад дод.
Сарвари давлат аввал бо ҷараёни сохтмони ин кӯпрук шинос шуд.
Иншоот бо истифода аз василаҳои пешрафтаи муҳандисӣ бинобар технологияи оҳану бетонии кашишдиҳии рехтагарӣ сохта мешавад. Ин мустаҳкамӣ ва бехатарии ин иншоотро таъмин мекунад. Аз ҷумла, корҳо бидуни қатъ кардани ҳаракат дар роҳи ҳалқагини хурд ва роҳи оҳан идома доранд.
— Ин технологияи арзон, боэътимод, қулай барои мардуми мост. Бо назардошти оянда мо ҳоло дар бисёр ҷойҳо пулҳо месозем. Аз ин рӯ, мутахассисон ва донишҷӯёнро ба ин ҷо оварда, равандро ба онҳо нишон дода, технологияҳои муосирро омӯхтан лозим аст, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аз кӯпрук то кӯчаи Қипчоқ роҳи нави шашкилометра сохта мешавад. Дар чорроҳа бо роҳи ҳалқаи Тошканд нақб сохта мешавад. Ҳамин тавр, кӯчаҳои Чӯпонотаи ноҳияи Чилонзор ва кӯчаи Қипчоқи ноҳияи Сергелӣ пайваст карда мешаванд.
Ҳоло мошинҳое, ки аз ноҳияи Сергелӣ ба маркази шаҳр ва қафо ҳаракат мекунанд, асосан аз як роҳ — кӯчаи Янги Сергелӣ истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар ин ҷо пай дар пай тирбандӣ ба амал меояд.
Кӯпрук ва роҳи нави шашхата зарфияти дар як соат гузарондани то 12 000 мошинро хоҳад дошт. Дар натиҷа, бандии роҳҳо дар ноҳияи Сергелӣ 50 дарсад кам шуда, вақти ҳаракат 20-25 дақиқа коҳиш меёбад.
Қад-қади роҳҳо чароғҳои каммасраф насб карда мешаванд. Дар қитъаҳои холӣ майдонҳои сабз, роҳравҳо ва роҳҳои велосипедронӣ бунёд карда мешаванд.
Дар ин ҷо муаррифии лоиҳаи рушди инфрасохтори канори роҳ бинобар кӯчаи Янги Ӯзбекистони ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд баргузор гардид.
Сипас сарвари давлат бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Dentafill Plyus» дар ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт шинос шуд.
Дар натиҷаи эътиборе, ки ба тандурустии аҳолӣ, инкишофи саноати дорусозӣ нигаронда мешавад, навъҳои дорувории истеҳсолгарданда афзуда, сифаташ баланд мегардад.
«Dentafill Plyus» яке аз корхонаҳои пешқадами дорусозӣ оид ба истеҳсоли доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ дар мамлакатамон ба шумор меравад.
Корхона соли 2019 ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти замонавӣ аз Швейтсария, Олмон, Туркия, Чин, Ҷопон, Малайзия ва Кореяи Ҷанубӣ оварда, насб карда шудааст. Имрӯзҳо дар ин ҷо зиёда аз 172 намуди доруҳои ба беш аз 20 гурӯҳи фармакологӣ марбут, инчунин маҳсулоти тиббӣ истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори солона 60 миллион адад маҳсулот мебошад.
Президент воситаҳои дорувории корхонаро аз назар гузаронд.
— Пештар имкониятҳои бузург дар соҳаи дорусозӣ истифода намешуданд. Ҳоло ҳам доруҳо аз хориҷ бо харҷи зиёд ворид карда мешаванд. Барои ҳамин мо пойгоҳро мустаҳкам мекунем. Мо ба тайёркунии кадрҳо, ҷорӣ кардани инноватсияҳо ва рушди илм афзалияти аввалиндараҷа медиҳем. Минбаъд истеҳсолот ҳам сифатнок хоҳад шуд, — гуфт сарвари давлат.
Зарурати ба корхона ҷалб кардани донишҷӯёни донишкадаи дорусозии Тошканд, назарияро бо амалия мутобиқ гузарондан зикр гардид.
Корхона бо ширкатҳои пешрафтаи дорусозии Аврупо, Донишкадаи химияи моддаҳои растанӣ ва Донишкадаи кимиё ва физикаи полимерҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистон ҳамкории муваффақиятнок ба роҳ мондааст. Ин ба таъмини сифат ва васеъ кардани номгӯи маҳсулот мусоидат мекунад.
Ҳоло ҳозир дар сехҳои корхонаи «Dentafill Plyus», ки бо таҷҳизоти баландтехнологӣ муҷаҳҳаз мебошад, таблет, капсула, дорувории гален, воситаҳои даво дар шакли сӯзандору ва маҳлулҳои инфузионӣ истеҳсол мегарданд. Ғайр аз ин дар ин ҷо антибиотикҳои хушк, мазҳои гуногун, суппозиторҳо, маҳлулҳо, суспензияҳо, дорувории моеъ, хамири дандон ва маҳсулоти тиббӣ, дастпӯшакҳо истеҳсол мегарданд.
Сатҳи маҳалсозӣ дар корхона ба 65 фоиз расид. Истеҳсоли доруҳои тазриқӣ дар ампулаҳои полимерӣ бо истифода аз технологияи BFS-и Швейтсария азхуд карда шуд. Инчунин технологияи истеҳсоли дастпӯшакҳои латексии ҷарроҳӣ низ аз худ карда шудааст. Корхона 360 нафарро бо кор таъмин намудааст.
Ҳамасола 25 миллион адад маҳсулот ба Кувайт, Русия, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир карда мешавад.
Дар ҷаҳон талабот ба доруҳо аз ашёи хоми табиӣ меафзояд. Корхона оид ба экстрактасияи гиёҳҳои шифобахши дар мамлакати мо парваришшаванда, аз онҳо истеҳсол намудани маҳсулоти гуногун тадқиқот мегузаронад.
Инчунин ба Президент дар бораи ҷараёни сохтмони кластери инноватсионии дорусозии «Tashkent Pharma Park» дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд маълумот дода шуд.
Дар ин ҷо сарвари давлат бо журналистон суҳбат кард.
Сарвари давлат аз маҳаллаи «Саховат»-и ноҳияи Сергелӣ дидан кард.
Масоҳати маҳалла, ки соли 2016 ташкил шудааст, 18 гектарро ташкил медиҳад. Дар 41 бинои истиқоматӣ беш аз 6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо як мактаб ва ду муассисаи томактабӣ мавҷуданд.
Пештар маҳалла дар ҳолати таассуфовар буд. Имсол дар доираи барномаи «Маҳаллаи обод» ҳудуди маҳалла пурра обод карда шуд. Гузари маҳалла, боғи «Саховат», мағозаҳо қомат афрохтанд. Роҳравҳо ба тартиб дароварда, майдончаҳои бозӣ ва ҷойи исти мошинҳо ташкил карда шуданд.
Роҳбари давлати мо бо ин кори созанда шинос шуд.
Мушкилоти иҷтимоӣ дар маҳалла мақсаднок ҳал карда мешаванд. Ба шахсони ҷудогонаи эҳтиёҷманд манзил ва субсидия дода мешавад. Лоиҳаи арзишаш 5 миллиард сӯм оид ба таъмини шуғли занон ва ҷавонони бекор амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ба кор даровардани корхонаи тавлиди мебел ба нақша гирифта шудааст. Сарвари давлат инчунин аз мағозаи хӯроквории маҳалла дидан кард.
Дар сӯҳбат бо сокинон дар бораи тағйиротҳои имрӯза, арзиши сулҳу амонӣ мулоқот сурат гирифт.
— Мо дар Сергелӣ бисёр хонаҳо сохтем, корхонаҳои нав пайдо шуда истодаанд. Муҳимаш он аст, ки ин дигаргуниҳо дар ҳаёти одамон эҳсос шаванд. Акнун ҳар як маҳаллаи ноҳия бояд ҳамин хел обод бошад. Одамон бояд дар ин ҷо сайругашт кунанд, пиёда гарданд ва саломатии худро мустаҳкам намуда, хушбахтона зиндагӣ кунанд — мақсади мо ҳамин аст. Хушбахтии шумо хушбахтии ман аст, — гуфт Президент.
Имсол дар доираи барномаи «Маҳаллаи обод» ба Тошканд 1,3 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби ин дар маҳаллаҳо 937 километр шабакаҳои оби нӯшокӣ, қубурҳои газ ва шабакаҳои барқ, канализатсия, 545 километр роҳҳои дохилӣ сохта ва таъмир карда мешаванд.
Ба сарвари давлат 31 майи соли равон муаррифии лоиҳаи ободонии дарёи Чирчиқ тақдим шуда буд.
Қисмати дарёе, ки аз Тошканд мегузарад, 16 километрро ташкил медиҳад. Дар ин қитъа танг кардани маҷроъ ва сохтани иншооти гуногуни инфрасохторӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи аввал масофаи 5 километри байни кӯчаҳои Оҳангарон ва Бектемир ба тартиб оварда мешавад.
Дар ин ҷо Президент бо ҷараёни сохтмон шинос шуд.
Кор дар ин бахш дар солҳои 2021-2022 амалӣ гардонда мешавад. Дар натиҷа, майдони зиёда аз 34 гектар пайдо мешавад.
Лоиҳа аз чор марҳила иборат аст. Дар марҳилаи дуввум, боз 5 километри дигар, дар марҳилаҳои сеюм ва чорум — 3 километри маҷроъ танг карда мешавад.
Ҳамагӣ дар натиҷаи ин корҳо 210 гектар замини иловагӣ кушода мешавад. Ҳудуд кабудизор карда, минтақаҳои истироҳатӣ, пайраҳаҳои гаштугузор ва роҳҳои нақлиёти автомобилии маҳаллӣ сохта мешаванд. Инчунин дар назар аст, ки манзилҳои замонавӣ, иншооти истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ сохта шаванд.
Сарвари давлат аҳамияти ин ҳудудро барои экологияи шаҳр таъкид намуда, супориш дод, ки бештар дарахтон шинонда, шумораи ҷойҳои фароғатӣ барои аҳолӣ зиёд карда шаванд.
Бо иштироки ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳои Тошканд, роҳбарони секторҳо, раисони маҳаллаҳо маҷлис баргузор гардид.
Оид ба рушди соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаи хидматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ аз ҳисоби дуруст равона намудани маблағҳои ҷудошуда чораҳо муайян карда шуданд. Имконияти ташкили 181 ҳазор ҷойҳои корӣ бо роҳи татбиқи 5 ҳазору 400 лоиҳаи ташкили иншооти хидматрасонӣ дар маҳаллаҳо зикр гардид.
Дар маҷлис ба масъалаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуд. Дар давраи гузаштаи соли равон аз 24 ҳазор нафаре, ки ба «дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, 19,5 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин карда шуданд. Дар пойтахт ба ҳамаи зиёда аз 16 ҳазор нафар заноне, ки ба «дафтари занон» дохил карда шудаанд, ёрии амалӣ расонида шуд.
Бо пешниҳоди намояндагони насли калонсол ва фаъолон ба масъулин оид ба ободонии маҳаллаҳо, таъмири роҳҳо ва шабакаҳои обрасонӣ, беҳтар гардондани хидматрасонии тиббӣ супориш дода шуд. Муҳим будани ба касб равона намудан, ҷалби ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ ва маҳфилҳо таъкид гардид.
— Имсол мо 30-солагии истиқлолияти ватани маҳбубамон Ӯзбекистонро ҷашн мегирем. Мо бояд ин идро бо рӯҳияи болида ва натиҷаҳои баланд пешвоз гирем. Мо бояд ҷабҳаҳои нав, имкониятҳои навро барои хушбахтии мардум пайдо кунем, — гуфт Президент.
А. МУСАЕВ,
З. ҶОНИБЕКОВ,
М. ЭЛМУРОДОВ,
мухбирони ӮзА.