МО ҲАМА МАСЪУЛЕМ

Алҳол дар таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” як гурӯҳ рӯзноманигорони ҷавон кор мекунанд, ки яке аз онҳо донишҷӯдухтари фарҳангдӯст Ситорабону Раҳмонбердиева аст.

. Ӯ баробари таҳсил дар донишгоҳ дар таҳририят низ вазифаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштани мақолаву гузоришотро иҷро менамояд, мақолаҳои хонданиву ҷолиб менависад. Мо ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо ин рӯзноманигори ҷавони умедбахш суҳбат оростем. 
– Ситорабону, ҳарчанд «нону намак» мегӯянд, чӣ сабаб шуд, ки шумо аз ноҳияи Бӯстонлиқ ба Самарқанд омадед? 
– Масофаи байни Самарқанду зодгоҳам беш аз ҳаштсоата роҳ. Ниятҳои нек маро ба ин шаҳри бостониву муқаддас роҳнамоӣ кард. Вақте ки хонандаи мактаб будам, муаллимаам Замонгул Раҳмонбердиева дар бораи ин шаҳри нотакрор, аз устодони худ ва аз бузургоне, ки дар ин куҳаншаҳр зисту эҷод кардаанд, ҳикоя мекард. Бо диққат гӯш мекардем ва чӣ гуна будани ин шаҳрро хаёлан тасаввур менамудему орзуи дидан. Ҳатто як ҳикояи хурде ба номи «Орзуи саёҳати  Самарқанд»-ро навишта ба муаллимаам нишон дода будам.
Аз ҷавонӣ ба фанни адабиёт, шеъру шеърхонӣ шавқу завқи баланд доштам ва ин сабаб шуд, ки имрӯз дар ин шаҳри зебо таҳсил дорам. Барои ин хизматҳои устод Нормурод Каримзода калон аст. Рӯзе дар мактаб кор мекардам, ки устод Каримзода омаданд, ки солҳои 1972-73 дар мактаби мо  ба шогирдон дарс гуфта будаанд. Мо бо устод суҳбат кардем. Ба ман гуфтанд, ки таҳсилро дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд давом диҳам. Ин таклиф низ барои ба ин ҷо омаданам сабаб шуд.   Ман ба шоир, муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» устод Каримзода ҳавас мекунам. Ҳар сол як бор меҳмони деҳаи мо мешаванд.  Мо устодро на ба сифати меҳмон, ҳамчун мизбон қабул мекунем. Соли 2015 ба ДДС ба факултети филологияи тоҷик ҳуҷҷат супоридам ва афсӯс, ноумед баргаштам. Устод Каримзода ба ман дил доданд, ки соли оянда дохил мешавам. 
Тӯли як сол тайёрии пухта дида, соли 2016 ба бахти донишҷӯӣ муяссар гардидам. Вақте ки дар курси аввал мехондам, хабар ёфтам, ки дар назди рӯзномаи «Овози Самарқанд «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» фаъолият дорад.
Ҳангоми таҳсил дар ин мактаб дар давоми шаш моҳ аз журналистони номдори Самарқанд Тошқул Азимов, Бахтёр Ҷумъа, Фармон Тошев, Тошпӯлод Раҳматуллоев, Баҳодур Раҳмонов, Зоҳир Ҳасанзода, Шаҳло Аҳророва, Гулрух Мӯъминова ва дигарон сабақ гирифтем.  
Бо ҳамин васила ба соҳаи журналистика ворид гардидам. Имрӯзҳо дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» чун мухбири медиа-журналистика фаъолият дорам. Айёми мактабхонӣ ҳамеша орзу мекардам, ки журналист бошам. 
– Дар вақтҳои холӣ бо чӣ машғул мешавед? 
– Бештар ба китобхонаҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Пушкин рафта, китоб мутолиа мекунам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаҳои рӯзноманигорони варзидаро мехонам. Ин барои сайқали маҳорати рӯзноманигорӣ муфид аст. Ғайр аз ин, бо варзиш низ машғул мегардам. 
– Чӣ нақшаҳо доред? 
– Онҳо зиёд. Аввалин орзуям – мехоҳам журналисти касбӣ шуда, матбуоти Ӯзбекистонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намоям. Инчунин, мехоҳам дар ноҳияи Бӯстонлиқ, яъне зодгоҳам,  бо шакл ва мазмуни нав рӯзнома   ташкил кунам. Сарвари давлатамон дар ҳар як баромади худ такрор ба такрор дар бораи китоб ва китобхонӣ, беҳсозии салоҳияти илмии ҷавонон сухан мегӯянд. Чаро мо ин ғояҳоро тарғибу ташвиқ накунем? Мехоҳам, ғояҳои ватандӯстӣ, китоб ва китобхониро тарғибу ташвиқ кунам, то Ватанамон дар радифи мамлакатҳои пешрафта ҷой гирад.
Охир барои ин ҳар кадоми мо масъулем. 

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: