МО ҲАМА ШАҲРВАНДОНИ ЯК ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

Сохти тотилатарӣ, яъне шӯравӣ, имрӯз вуҷуд надорад.

Сохти тотилатарӣ, яъне шӯравӣ,  имрӯз вуҷуд надорад. Cӣ сол аст, ки мо давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд месозем.  Тӯли ин солҳо қонуну фармонҳои зиёде ба тасвиб расиданд, зарурати коркарду қабули қонунҳои нав  ба миён меояд... Бешак, рӯзе сохтмони чунин давлат ба анҷом мерасад ва мо ба мақсади худ  мерасем. 
Давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд – яъне чӣ?  Фикр мекунам, он давлатест, ки тибқи хоҳишу иродаи халқ  бунёд мегардад ва зистан дар доираи қонунҳои мукаммали ин гуна давлат ба ҳар як шаҳрванд ҳаловат мебахшад.  Дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд “дар назди қонун  шоҳу гадо баробар аст” гуфта, дар ҳар қадам қонуншиканӣ намекунанд.
Биноан,  дар  давлати демокративу ҳуқуқбунёд  бояд шаҳрвандоне ба сар баранд, ки сатҳи дониши ҳуқуқиашон баланд аст. Вале чунин ба назар мерасад, ки дар маҷмӯъ, сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвари мо он қадар баланд нест. Аз ҷониби давлат механизми баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ё ба таври бояду шояд коркард нашудааст, ё коркард  шуда бошад ҳам, натиҷаи матлуб намедиҳад. Зеро қонуншиканиҳо, риоя накардан ба моддаҳои Конститутсия  ва Конвенсияи  СММ доир ба ҳуқуқи инсон, чӣ аз ҷониби мансабдорони мақомоти давлатӣ, чӣ аҳолӣ ба назар мерасад.
Боре дар ҷойи ҷамъиятие байни ду шаҳрванд  низоъ бархост. Яке  аз ғояти ғазаб ба дигаре бонг мезад: “Рав, дар Русияат ба дигарон тартиби кор биёмӯз! Ин ҷо хонаи ман аст, ҳар чӣ хоҳам мекунам!” Тарафи муқобил мегуфт, ки ин Ватани ӯ низ ҳаст.  Бонгзада ба гӯшаи хаёлаш намеовард, ки ҳар ду шаҳрванди комилҳуқуқи як кишваранд ва ӯ ҳамватанашро таҳқир мекунад... 
Ин ҳодиса низ солҳои наздик дар пойтахт рӯй додааст. Ду ҷавон боре нақл карданд, ки дар яке аз мавзеъҳо ходимони ҳифзи ҳуқуқу тартибот моро боздоштанд. Байнамон суолу ҷавоб сурат мегирад: 
— Шумо аз куҷо омадед?
— Аз Дизах.
— Шиноснома доред?
— Бале, марҳамат.
— Ба пойтахт кай омадед?
— Чанде пеш аз автобус фуромадем.
— Мо аз куҷо медонем, ки шумо ҳоли ҳозир аз автобус фуромадед. Аз маҳалла маълумотнома доред?
— Дар чӣ хусус?
— Дар ин хусус, ки шумо, воқеан, ҳамин рӯз аз манзили зист баромада озими шаҳри Тошканд шудед.
— Бори аввал мешунавем, ки бояд барои ба пойтахт омадан аз кумитаи маҳалла маълумотнома дошта бошем.
— Ҳоло тартиб чунин аст. Агар маълумотнома надоред, ҷарима мепардозед.
Ходимони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ин мегӯянд ва руйи коғазеро “сиёҳ” карда, аз ҷавонон хоҳиш мекунанд, ки имзо гузоранд.
— Аз  бими он, ки бо ин баҳона  чанд рӯз кунҷи милисахонаро “иҷора нагирем», имзо кардем ва ҷарима пардохтем, — гуфтанд онҳо.
Агар ҷавонон медонистанд, ки бино ба қонуни дарамалбуда дар дохили мамлакат то се рӯз бо бебақайдгирӣ ҳуқуқи иқомат доранд, ҷарима намепардохтанд. Ходимони ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз паст будани сатҳи дониши ҳуқуқии ҷавонон сӯиистифода карда буданд, ки ин амали онҳо дар чаҳорчӯбаи қонун намеғунҷид. Ин ҳодиса пояҳои боварии ҷавононро ба ходимони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки иҷрокунандагони қарору фармонҳои ҳукуматанд, то ҷое суст карда буд...
Дар кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон шаҳрванд то ҷинояте содир накунад, касе аз ӯ намепурсад, ки ту чӣ инсонӣ, шиноснома дорӣ ё на. Зеро нек медонанд, ки беасос гунаҳкор кардани шаҳрванд ба кори онҳо соя меандозад, ҳисси нафраташонро ба сохтори дарамалбуда меангезад.
Ба туфайли ҷасорату матонати Президент тӯли се-чор соли охир бисёр қонуншиканиҳо дар соҳаи суду прокуратура, умури корҳои дохилӣ ва Хидмати амнияти миллӣ (ҳоло хидмати амнияти давлатӣ)  ва дигар соҳаҳо ошкор гардид. Бисёр мансабдорон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Тоза кардани созмону идораҳои давлатӣ аз ходимони нопоку нолоиқ идома дорад.
Бале, сатҳи дониши ҳуқуқӣ, ки паст шуд, мардум раҳгум мезананд, ҳаққу ҳуқуқашон аз ҷониби мансабдорон, ки  бино ба талаби рӯз бояд  дар хидмати мардум бошанд, поймол мегардад,  ҷойи қонунро зӯроварию фишор мегирад... 
Тасодуфан рӯзе  чашмам дар интернет ба “Декларатсияи СММ доир ба ҳуқуқи  халқҳои таҳҷоӣ (бумӣ)” афтод, ки 13 сентябри соли 2007 ба тасвиб расидааст. Аз моддаҳои он бисёр хушам омад. Дар худ андешидам,  чаро инҷониб аз ин санади муҳим, ки чаҳордаҳ сол қабл ба тасвиб расидааст, бехабарам. Фикр мекунам, аксарияти аҳолии кишвар низ намедонанд, ки СММ ин декларатсияро маҳз барои онҳо таҳия намудааст. Суоле пеш меояд, ки дастандаркорон аз ин ғафлати мардум огоҳӣ доранд ё на? Агар огоҳанд, пас чаро ба оммавӣ гардондани он чораҳои амалӣ намеандешанд?  Созмони Милали Муттаҳид бо ин ҳуҷҷати созанда ҳамаи давлатҳои аъзо, аз ҷумла кишвари моро, ки узви ин созмони бонуфуз мебошад, вазифадор кардааст, ки ҳуқуқи халқҳои таҳҷоиро риоя кунанд. 
Дар кишвари мо то ҷое ба ҳуқуқи халқҳои таҳҷоӣ риоя карда мешавад. Ба ин маънӣ дар моддаи 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди он ба сар мебаранд, арҷ мегузорад, барои рушдашон шароит фароҳам меоварад”.
Ё дар моддаи 18-ум гуфта шудааст: “Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои яксон доранд ва сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, дин ва мавқеи иҷтимоӣ дар назди қонун баробаранд.
Имтиёзҳо танҳо тибқи қонун муайян карда мешаванд, ки бояд ҷавобгӯ ба принсипҳои адолати иҷтимоӣ бошанд”.  
Дар моддаи 14-уми «Декларатсияи СММ доир ба ҳуқуқи халқҳои таҳҷоӣ» омадааст:
“1. Халқҳои таҳҷоӣ ҳуқуқ доранд, ки ба забони модариашон низоми таълим ва муассисаҳои таълимии худро ба вуҷуд оранд ва таҳти назорат қарор диҳанд. Ин назорат ба он хотир аст, ки бояд усули тадрису омӯзиш ба махсусияти фарҳангии онҳо ҷавобгӯ бошад.
2. Шахсони мутааллиқ ба халқҳои таҳҷоӣ, хоссатан кӯдакон, дар ҳамаи зинаю шаклҳо, бе ягон поймолкунии ҳуқуқ, ба гирифтани таълими давлатӣ ҳуқуқ доранд.
3. Давлат бо иштироки халқҳои таҳҷоӣ, барои он ки шахсони ба халқҳои таҳҷоӣ мутааллиқ, хоссатан бачаҳо, аз он ҷумла гурӯҳҳое, ки дар ҷамоати худ ба сар намебаранд, бино ба вижагиҳо  (махсусият)-и маданияту анъанаҳояшон ба таълим бо забони худ фаро гирифта шаванд, чораҳои амалӣ меандешад”. 
Яке аз халқҳои таҳҷоии Ӯзбекистони кунунӣ тоҷикон мебошанд, ки аз замонҳои хеле қадим (шурӯъ аз аҳди сангу биринҷӣ) дар ин марзу бум умр ба сар мебаранд.  Аз сарвати маънавии онҳо халқҳои дунё баҳра мегиранд.  Бино ба ақидаи муаррихон ва мусташриқони саршинос забони форсӣ-тоҷикӣ нахуст дар шаҳру рустоҳои бостонии ин сарзамин ташаккул ёфтааст. Забони муқтадири форсӣ-тоҷикӣ  то оғози садаи ХХ забони давлатӣ, дарбор ва аҳли илму адаби Мовароуннаҳр маҳсуб меёфт...
Пас, бино ба моддаи мазкур халқҳои таҳҷоии Ӯзбекистон, аз ҷумла тоҷикон, ҳуқуқ доранд, ки муассисаҳои таълимии худро бо забони модарӣ тибқи махсусиятҳои фарҳангии худ ташкил диҳанд, сифати таълиму тадрисро пайгирона таҳти назорат гиранд.
Давлату ҳукумат  бояд дар якҷоягӣ бо халқҳои таҳҷоӣ, аз ҷумла тоҷикон, барои он ки фарзандони онҳо бино ба вижагиҳо (махсусият)-и маданияту анъанаҳояшон ба таълим бо забони модарии худ фаро гирифта шаванд, чораҳои амалӣ андешад.
Бино ба маълумоти расмӣ, имрӯз дар ҳудуди Ӯзбекистон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар тоҷик умр ба сар мебарад. Аз рӯйи нуфус тоҷикон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Боиси хушнудист, ки баъди истиқлолияти давлатиро ба даст даровардан,  чопи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миллӣ, аз ҷумла, мактабҳои таълими ҳамагонии тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд. Китобҳои бадеӣ низ тавассути нашриётҳои кишвар рӯйи чопро мебинанд. Мактабиёни тоҷик дар мактабҳои типи нав таҳсил менамоянд. Дар ду-се донишгоҳ барои мактабҳои таълими ҳамагонии тоҷикӣ омӯзгорон тайёр карда мешаванд. Дар назди Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон штати равишомӯзи забон ва адабиёти тоҷик таъсис дода шудааст. Хонандагони мактабҳои тоҷикӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар зинаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ  ширкат меҷӯянд...
Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо,  дар тӯли солҳои истиқлолият пояҳои таълим ва эътибор ба мактабҳои тоҷикӣ суст гардид.  
Тоҷикон, дар баробари дигар халқҳо аз истиқлолияти давлатӣ умедҳои калон доштанд. Вале ба ҷойи он, ки мактабу гурӯҳҳои нав кушода шаванд, замон ба баста шудани онҳо мусоидат кард.  Мисолан, дар солҳои бозсозӣ (аҳди шӯравӣ) теъдоди мактабҳои тоҷикӣ  то 334 адад расида буд. Ҳоло ин нишондиҳанда дар атрофи 240 адад аст. Дар нимаи асри гузашта дар вилояти Бухоро беш аз 50  мактаби таълими ҳамагонии тоҷикӣ кору фаъолият дошт. Ҳоло ба дараҷаи нестӣ расидааст.
Инҷониб зодаи ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёям. Дар солҳои шӯравӣ мактабе, ки насли мо дар он таҳсил дошт (мактаби рақами 2 ба номи Садриддин Айнӣ) дар Ӯзбекистон, аз он, ки фарзандони чор миллат: рус, ӯзбек, тоҷик ва қазоқ дар якҷоягӣ таҳсил доштанд, таълимгоҳи нодир маҳсуб меёфт. Ба сабаби он ки 65 фоизи аҳолии деҳаро тоҷикон ташкил медиҳанд, синфҳои мусовии тоҷикӣ (а,б) зиёд буданд. Ҳоло ба як синфи тоҷикӣ ҷамъ овардани  хонандагон басе гарон аст... 
Дар деҳаи ҳамсоя, ба ҷуз тоҷикон, миллати дигаре ба сар намебарад. Вале  тӯли солҳои истиқлолият бо “ташаббус”-и  мардум дар ду мактаби миёнаи деҳа синфҳои ӯзбекӣ кушода шуданд. Ҳеч кас суол намедиҳад, ки чаро мардум дар аҳди шӯравӣ “ташаббус” нишон намедоду ҳоло “ташаббускор” шудааст?
Дар аҳди шӯравӣ фарзандони миллатҳои маскуни Ӯзбекистон барои дохил шудан ба баъзе муассисаҳои таълими олӣ имтиҳонҳоро ба забони модарии худ месупурданд. Фарзандони тоҷик, баъди хатми мактаби миёна, таҳсилро дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистони ҳамсоя низ идома медоданд. Ин ҳолати матлуб пеши “ташаббус”-ҳоро гирифта буд. Чанд сол қабл гузаргоҳҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон боз набуданд. Хатмкардаҳои муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон, барои он ки димпломашон дар Ӯзбекистон ба кор ояд, бо азоби алим аз нострификатсия мегузаштагӣ шуданд. Ин ҳолат мардумро ба андеша водор намуд... 
Арзу доди тоҷикони вилояти Сурхондарё собит намуд, ки ин ҳолати номатлуб (ташаббускорӣ) дар сартосари ҷумҳурӣ доман густурда будааст...
Бино ба ибтикороти созандаи сарварони ду кишвари ҳамҷавор Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон гузаргоҳҳо боз шуданд, бо мурури вақт робитаҳои фарҳангиву тиҷоративу иқтисодӣ густариш меёбанд...
Ҳарчанд доир ба куллан беҳ сохтани низоми таълим дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ қарору фармонҳои созандаи роҳбари давлат ба тасвиб расидаанд, фикр мекунам, вазъи таълим дар мактабҳо, хоссатан мактабу синфҳои тоҷикии кишвар беҳ нашудааст.  Сифати омодакунии кадрҳои педагогӣ дар муассисаҳои таълими олӣ паст аст.  Мактабҳои тоҷикӣ ба кадрҳои баландмалака ниёз доранд. Донишу малакаи  навомӯзгорон дар татбиқи барномаҳои таълимӣ камӣ мекунад. Ин аст, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ (фикр мекунам, аҳвол дар дигар мактабҳои миллӣ низ беҳ нест) ба сари худ ариза, нақли хаттӣ ва иншо навишта наметавонанд. Забони модарӣ калиди ҳамаи фанҳост. Вале бино ба шикояти омӯзгорони  мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Сурхондарё, Самарқанд  ва Қашқадарё дар барномаҳои таълимӣ соатҳо барои таълими забони тоҷикӣ басе кам ҷудо карда шудаанд. Дар нашриётҳои мамлакат барои мактабҳои тоҷикӣ китобҳои дарсӣ нашр мешаванд. Ин хуб аст, сабаби шукргузорист, вале сифати китобҳои аслӣ ва тарҷума пастанд. Пастии сифати тарҷума имкон намедиҳад, ки хонандагон асосҳои фанро пурра аз худ намоянд. Тарҷума меҳнати сангин аст. Масъулони  кор ба тарҷумаи  китобҳои дарсӣ (аз забони ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ) вақти зиёд намедиҳанд. Барои як китоб ҳамагӣ як ё якуним моҳ, ки хеле кам аст. Китобҳои дарсӣ (математика, химия, физика, геометрия, биология, таърих ва ҳ.) баъди тарҷума аз ҷониби мутахассисони соҳа ва омӯзгорони варзида  таҷдиди назар карда намешаванд. Кас намедонад, ки ин шитобкориҳо ба чӣ хотир аст. Ба хотири бесавод кардани фарзандон ё дилмонии бештари мардум аз мактабҳои тоҷикӣ?...
Мояи ифтихор аст, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонии кишвари мо таълим ба ҳафт забон ба роҳ монда шудааст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ин ҳодисаи нодир аст. Вале сифати таълим дар мактабҳои миллӣ бояд ба талаб ҷавоб диҳад. Вагарна аз даҳон пур карда лоф задан, ки дар мамлакати мо таълим ба ҳафт забон ба роҳ монда шудааст, суде нест. Барои беҳ шудани сифати таълим дар мактабҳои миллӣ, аз ҷумла мактабҳои  тоҷикӣ чӣ бояд кард? Фикр мекунам, ба ин савол зиёиён, мутахассисони соҳа ва омӯзгорони фидоии мактабҳои  тоҷикӣ ҷавобҳои дақиқ  ва пурмуҳтавои худро доранд. 
Танҳо ҳукумат  тибқи моддаи 14-ум ва дигар моддаҳои Декларатсияи СММ доир ба ҳуқуқи халқҳои таҳҷоӣ бояд, бо назардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти олимон, рушанфикрон ва аҳли маориф барои беҳбуди сифати таълиму тарбия дар мактабҳои миллӣ, аз ҷумла мактабҳои тоҷикӣ, чораҳои амалӣ андешад. Зеро ҳамаи қавмҳое, ки дар кишвари офтобрӯи мо умр ба сар мебаранд, шаҳрвандони комилҳуқуқи як давлатанд, ки номаш Ӯзбекистон аст...

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: