«МО ҲАМЕША ОМОДАИ ҲАМКОРӢ БО САНОАТИ САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН МЕБОШЕМ»,

– мегӯяд котиби генералии «Mesa del Turisto»

Котиби генералии Ассотсиатсияи соҳибкорон дар соҳаи сайёҳӣ «Mesa del Turistо», собиқ котиби давлатии Испания оиди сайёҳӣ Герман Поррас Олайя дар арафаи Соли нав дар бораи рушди истиқболии ҳамкориҳои ӯзбекистонию испанӣ дар соҳаи мазкур фикр баён намуд.
– «Mesa del Turisto» яке аз деринатарин ассотсиатсияҳои коршиносист, ки ба ҳайати он ширкатҳои калони сектори сайёҳӣ шомиланд, – қайд кард он. – Дар доираи ҳамкории мустаҳкам бо сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Мадрид дар масъалаҳои рушди сайёҳӣ мо дар бораи мероси ғановатманди таърихӣ ва иқтидори бузурги сайёҳии Ӯзбекистон дар байни аъзои ассотсиатсияамон –  намояндагони сектори сайёҳӣ (дар самти меҳмонхонаҳо, операторҳои сайёҳӣ, оҷонсиҳои сайёҳӣ, ширкатҳои суғуртавию нақлиётӣ ва ҳоказо) фаъолона хабар паҳн менамоем.
Қайд кардан мехоҳам, ки аъзои ассотсиатсияи «Mesa del Turisto» ҳамеша бо Ӯзбекистон дар саноати сайёҳӣ ба ҳамкорӣ омода аст, ки он яке аз ҷолибтарин самтҳои сайёҳист. Дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи иқтисодиёт пеш бурда мешавад. Сайёҳӣ бошад, яке аз манбаъҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллист.
Аз фурсат истифода бурда, халқҳои Ӯзбекистонро бо Соли наве, ки фаро мерасад, табрик намуда, ба онҳо бахт ва омад металабам!

АИ «Дунё»,
МАДРИД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: