«МО ҲАТТО СИМИ ХОРДОР НАДОШТЕМ...»

Ҳоло 44 сол аст, ки мардуми Эрон пас аз шикасти сохти шоҳаншоҳӣ ва суқути мутлақияти сулолаи Паҳлавиён дар ҷумҳурии исломӣ ба сар мебарад.

Аввали моҳи феврали соли 1979 Оятулло Ҳумайнӣ чун пешвои инқилоб аз хориҷ ба ватан баргашт ва ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ то 11 феврал – рӯзи ҷашни асосӣ чун «Даҳаи фаҷр» шинохта мешавад ва ҳама гуна ҷашнвораву шодмонӣ ва намоишу тазоҳурот ба пуштибонӣ ва ҳимояти ҳукумат дар ин рӯзҳо баргузор мегарданд. Аз ҷумла имсол ба пешвози ҷашн пешвои руҳонии ҷумҳурӣ Оятулло Алӣ Хоманаӣ чун зуҳури инсонпарварӣ даҳҳо ҳазор нафарро аз маҳбас озод намуд. 
Ӯзбекистон аз аввалин солҳои истиқлолияти худ ба Эрон муносибати дипломатиро роҳандозӣ намуд ва беш аз 30 сол аст, ки дар Тошканд сафоратхонаи он фаъолият дорад. Дар айни ҳол оқои Ҳамид Найирободӣ вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Эронро дар мамлакатамон ба уҳда дорад, ки ба муносибати ҷашн мо бо эшон мусоҳибае барои «Овози тоҷик» анҷом додем. 
– Оқои сафир, 44-умин солгарди инқилобро Ҷумҳурии Исломӣ чӣ гуна пешвоз мегирад?
– Бояд бигӯям, ки ин инқилоб воқиан мардумӣ буд ва халқро аз истибдоди режими шоҳаншоҳӣ раҳо кард. Дар натиҷа мардум сарнавишташро ба дасти худ гирифт.
Алҳол дар тамоми соҳаҳо ба андозаи қиёснопазир пеш рафтем ва сиёсатамон низ аз ғояҳои инсонпарварӣ ва мардумсолорӣ маншаъ мегирад. То ҳол мо то дурдасттарин рустову шаҳристонҳоямон хати обу газу барқ ва муҳимтарин сомонолоти рӯзгорро бурдем. Дар ҳар як шаҳрамон яктоӣ донишгоҳ дорем, ки онҳо ба шакли давлатӣ, хусусӣ ва озод фаъолият доранд. Дар ҳоле ки ба онҳо ҳама дастрасӣ дорад, дар айни ҳол мо 15 млн. нафар донишомӯз ва 6 млн. донишҷӯ дорем, ки бештар аз нимаи онҳо аз ҷумлаи духтарон ҳастанд. Дар ин масканҳои таълим беш аз 50 фоиз муаллимон занон ҳастанд. Дар идораҳои давлативу расмӣ 60 фоизи ходимонро хонумон ташкил менамоянд.
Дар натиҷаи эътибор ба илму фановарӣ алҳол 70 ҳазор ширкати донишбунёд дорем, ки ин ҳама ба шарофати захоири нируи инсонӣ бароямон даст додааст.
– Ҳоло дар арсаи ҷаҳон сиёсатҳои баъзе аз кишварҳо танҳо бо таҳриму муҷозоти ҳамдигар ба ҳам меоянд. Эрон, ки қариб 44 сол инҷониб мавриди чунин сиёсатҳои ноадолатона қарор дорад, табиист, ки таҷрибаи дар чунин шароит чӣ гуна зистанро низ дорад...
– Дунёи имрӯза мисли занҷир аст – кишварҳо хеле аз ҳам вобаста ва гоҳо фикр мекунӣ бидуни ҳам наметавонанд. Ва баъзан мешавад, ки ин худхоҳиву худкомиҳо ба ҷангҳои беъманӣ мебаранд. Аз ин лиҳоз душманони ҷумҳурӣ намегузоранд мо дар масоили стратегӣ озод бошем. Дуруст аст, ки ҳоло дар тавлиди колоҳои саноатӣ ба худкифоӣ расидаем. То инқилоб мо ҷамъияти воридкунанда ва масрафкунанда будем ва ҳоло ба андозае истеҳсол мекунем, ки барои содирот низ мунҷар аст.
Дар солҳои аввали пас аз инқилоб ба таҷҳизоти низомӣ хеле ниёз доштем. Болокорӣ ҳашт соли ҷанги таҳмилӣ бо Ироқ вазъамонро боз тангтар кард. Мо ҳатто сими хордор надоштем, ки дар хати сарҳадҳоямон кашем...
– Дар ин чанд соли охир муносибат байни Эрон ва Ӯзбекистон чӣ гуна сурат мегирад?
– Чанд соли охир ба иллати коронавируси ҷаҳонӣ дар аксари соҳаҳо табодул кам гардид. Ва банда низ ба ин далел рисолати худро ба дараҷаи бояду шояд натавонистам анҷом диҳам.
Дар айни ҳол табодули амвол байни ҷумҳуриҳоямон 435 млн. долларро ташкил медиҳад. Ба Ӯзбекистон аз маводи умда нахӯд мефурӯшем. Аз Эрон бошад, дар ҳудуди қимати 100 млн. доллар нахи пластик содир мегардад. Дар Ӯзбекистон инчунин мошинҳои сангтарошии кӯчак, маводи нафту кимёи мо масрафи зиёд дорад. 
Барои сарфаи вақт ва маблағ  мо дар бандарҳои обии Чобаҳор ва Бандар Аббос барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ замин додаем, ки молу колояшонро ҷой кунанд ва муомилаашон дар молкашонӣ арзон ва сода гардад.
Дар вақтҳои охир байни роҳбарон Шавкат Мирзиёев ва Иброҳим Раисӣ чанд давраи мулоқотҳо анҷом ёфт, ки дар онҳо 18 ҳуҷҷат ба имзо расид. Аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳо пас аз сафари муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Эрон дар баҳори  соли ҷорӣ интизории зиёд дорем. Дар барномаи соли ҷории ҳамкориҳо қисми фарҳангӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Қарор аст, ки дар баъзе шаҳрҳои Ӯзбекистон дар доираи Ҳафтаи фарҳанги Эрон барномаҳои ҷолиби наққошӣ, хаттотӣ ва ҳунарӣ иҷро гарданд. Шаҳрҳои Самарқанду Исфаҳон ва Хеваю Язди ду кишвар аҳди бародаршаҳрӣ доранд ва ҳоло рӯйи чунин қарордодҳо байни шаҳрҳои Тирмизу Бурҷанд, Бухорову Ҳамадон ва Нишопуру Шаҳрисабз кор идома дорад. 
Намоиши маҳсулоти саноати дастии Исфаҳону Язд дар Хоразм дар нақша вуҷуд дорад.
Густариш ва омӯзиши забони форсӣ дар ин қаламрав ҷиҳате аз корҳои фарҳангии мост. Дар ин замина ҳуҷҷатҳои ҳамкории Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд бо Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи Аллома таботабоии Эрон имзо шудааст. Бинобар ин ҳоло дар ин донишгоҳ устодони забони форсӣ аз Эрон омада дарс мегӯянд. Дар донишгоҳҳои Самарқанд, Бухоро, Урганч, Тирмиз ӯтоқҳои забони форсӣ кушода шудаанд. Пешниҳод кардаем, ки дар онҳо забони форсӣ чун забони якум омӯзонда шавад. 
Барои ҳифзи қувват ва асолат, парвардан, тарвиҷ ва густариши забони форсӣ Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ дорем, ки рӯйи вожаву истилоҳҳои тоза бавуҷудомадаи бегона кор мекунанд, то ки муодил ва ё моси табиати забони форсии онҳоро таҳия намояд.
Ҳоло аз корҳои муҳиме, ки пешниҳод гаштааст, аз байн бурдани виза аст. Ният дорем парвозҳо байни шаҳрҳоямон зиёд гарданд, то ки мардумамон бештар равуо кунанд ва ҳамфарҳангу ҳаммазҳабҳо якдигарро амиқтар бишносанд. Гузашта аз ин осору меъмориҳое зиёд ҳастанд, ки ба ҳарду ҷониб муштараканд.
Худам, ки аз хитаи фарҳангхези Нишопур ҳастам, ба адабиёт хеле алоқамандӣ дорам ва бобати абармардони адабиётамон гузоришу пажуҳишҳо ҳам дорам.
– Ба хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» гуфтание доред?
– Аз ҳама хонандагони ин рӯзномаи мӯътабар даъват мекунам, ки ба Эрон омада бо мерос ва фарҳанги аҷдод ошно шаванд, аз меваҷоту манзараву табиати нотакрораш баҳраманд гарданд. 

Мусоҳиб Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: