МО ЯКҶОЯ БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР НОИЛ ХОҲЕМ ШУД

Мақом ва аҳамияти кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар боздидҳо ба он низ равшан аён мегардад.

 Аз ин лиҳоз, бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки Ӯзбекистон ба яке аз кишварҳои дар ҷаҳон меҳмоннавозтарин табдил ёфта истодааст. Моҳи июл низ бо як сафари ҳамкориҳои сатҳи олӣ оғоз шуд. Сафари Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари мо ва мулоқоти хеле муассир бо роҳбари кишварамон раванди дорои аҳамияти бисёрҷанба мебошад.
Бо ифтихор бояд гуфт, ки Ӯзбекистон дар солҳои охир ба яке аз кишварҳое табдил ёфтааст, ки бо СММ ва ниҳодҳои муҳими он ҳамкории зич дорад ва ба натиҷаҳои воқеӣ ноил мегардад. Бо ташаббуси Ӯзбекистон қабули 10 резолютсияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид далели амалии ин ғоя мебошад.
Ҷаноби Антонио Гутерриш бо равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ, фаъолияти институти маҳалла аз наздик шинос шуда, дигаргуниҳои ҳаёти кишварамонро бо чашми худ дид. Ба фикрам, бештар дар низоми поёнӣ, бевосита бо муошират намудан бо мардум ба ҳаёт татбиқ карда шудани ислоҳот барои ҳуқуқу манфиатҳои инсон то чи андоза муҳим аст.
Бояд гуфт, ки ислоҳот дар Ӯзбекистон, се стратегияи ҳамаҷонибаи рушд – Стратегияи ҳаракат, Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав ва Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» бо ҳадафҳои рушди устувори СММ ҳамоҳанг буда, пайваста амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар стратегияи рушди мо вазифаҳо, аз қабили саломатӣ ва некуаҳволӣ, таҳсилоти босифат, баробарии гендерӣ, оби тоза ва беҳдошти зиндагӣ, энергияи дастрас ва тоза, ҷойҳои кори муносиб ва рушди иқтисодӣ, коҳиш додани нобаробарӣ инъикос ёфтаанд. Боз як ҷиҳаташ дар ин аст, ки ин ҳадафу вазифаҳо бо ғояҳои Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон хеле мувофиқ меоянд.
Зимни музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои таъмини сулҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, субот ва рушди пайгирона, тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ва СММ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ оид ба рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ, рушди сайёҳӣ, мубориза алайҳи  камбизоатӣ ва тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ якҷоя баргузор карда мешаванд.
Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерриш бо яке аз мукофотҳои олии Ӯзбекистон — ордени «Олий Даражали Дӯстлик» сарфароз гардонда шуд, ки маънои амиқи рамзӣ дорад. Сарвари давлатамон саҳми шахсии ҷаноби А.Гутерришро дар сатҳи кунунии ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва СММ махсусан қайд кард.
Дар навбати худ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба сиёсати минтақавии сарвари кишварамон баҳои баланд дод: «Дар Осиёи Марказӣ парокандагӣ васеъ реша давонда буд. Ба шарофати фаъолияти шумо дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳити нав ба вуҷуд омад. Ин муҳите буд, ки бар дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар, муошират, баррасии масъалаҳо дар ҳамбастагӣ ва рафъи мушкилоти мавҷуда дар минтақа асос ёфтааст. Ман Осиёи Марказиро маркази тамаддуни ҷаҳонӣ мешуморам. Барои боварӣ ҳосил кардан ба ин ба  Самарқанду Бухоро рафтан басанда аст».
Мо мустаҳкам намудани муносибатҳоро бо ташкилоти бонуфузе, ки ба муҳофизати сулҳу амнияти байналхалқӣ, инкишоф додани муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо, ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ кӯшиш мекунад, комилан тарафдорӣ мекунем. Мо якҷоя ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки барои ҳар як инсон муҳим аст, ноил хоҳем шуд. 

Улуғбек ИНОЯТОВ,
муовини Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 
раҳбари фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: