МОДАР ОСУДА, КӮДАК-ЧӢ?

Солҳои охир барои кӯдакон парпечҳои якдафъаина (памперс) пайдо шуданд, ки ҳоло «ёрирасон»-и беминнати модарон мебошанд.

Солҳои охир барои кӯдакон парпечҳои якдафъаина (памперс) пайдо шуданд, ки ҳоло «ёрирасон»-и беминнати модарон мебошанд. Акнун модарон шалворчаҳои кӯдакашонро рӯзе якчанд маротиба иваз карда намешӯянд. Кӯдак низ тагашро тар карда, хоби ширини худ ва модарашро нороҳат намекунад.

Ҷиҳатҳои хуби парпеч бисёр. Агар парпеч набошад, модар бо кӯдакаш ҳангоми дур ва ё берун аз хона рафтан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад. Парпечҳо, бахусус, дар ҳавои сард ба ҳаракати осуда ва шамол нахӯрдани кӯдак кӯмак мерасонанд. 
Доир ба зарари парпеч низ фикрҳои зиёд мавҷуданд. Баъзе модарон ба он фикранд, ки парпеч ба кӯдак зарар дораду парпечҳои матогини худамон беҳтар аст. 
– Парпечҳои матогин хусусияти ҷаббидани пешоб ва намиро надоранд, пӯсти кӯдакро хушк нигоҳ намедоранд. Агар матоъ нам кашад, хусусияти нармӣ ва гармиашро гум мекунад. Дар натиҷа пӯсти кӯдак сурх шуда хориш мекунад ва донакчаҳо пайдо мешаванд, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо, номзади илмҳои тиб, анатолог Нигора Раҳимова. – Парпечҳои замонавӣ бошад, намиро ба худ ҷаббида, пӯсти кӯдакро хушк ва нарм нигоҳ медоранд. Агар аз онҳо дуруст истифода бурда, дар ҳар се-чор соат иваз карда шавад, кӯдак ҳеҷ безобита намешавад. 
– Баъзе модарон каҷии пой, кос ва устухони пойҳои кӯдакро аз бисёр пӯшидани парпеч медонанд. Оё ин фикр дуруст аст? 
– Аввало чунин нуқсонҳо бисёртар ба норасоии моддаи калсий вобаста аст. Пас, модар дар давраи ҳомила ба хурокхӯрии мӯътадил, серғизо ва витаминдор эътибор надодааст. Охир, фарзанди солим аз модари солим ба дунё меояд. Парпеч ба саломатии кӯдак ва ривоҷёбии устухонҳои ӯ ҳеҷ гуна зарар надорад. Парпечҳои босифат, ки хусусияти ҳавогузаронӣ, хушк ва нарм нигоҳ доштани таги кӯдакро доранд, бо сохт ва сифати худ аз дигар намудҳои парпеч фарқ мекунанд. Аз хориҷ парпечҳои гуногун ба кишварамон дохил мешаванд, ки модарони ҷавон намедонанд кадоме аз онҳоро харид кунанд. Модарон бояд ба сохт, сифат ва муддати истифодабарии парпечҳо аҳамият диҳанд. 
– Баъзе модарон ва мутахассисон ақида доранд, ки парпечҳо кӯдаконро (хоҳ духтарбача ва хоҳ писарбача) ба бепуштӣ оварда мерасонад... 
– Мутахассисоне, ки доир ба ин мавзӯъ корҳои илмӣ бурдаанд, аз чунин фикрҳо дуранд. Албатта, ба қоидаҳои гигиена, истифодаи дуруст аз парпечҳо бояд риоя намуд. Парпечро на вобаста ба синну сол, балки мувофиқ ба вазни бача бояд  пӯшонд. Он набояд танг ва аъзои ҷинсии кӯдаконро фишор диҳад. Баъзе модарони «сарфакор» рӯзҳо парпечи кӯдакашонро иваз намекунанд. Дар натиҷа, аъзои ҷинсии кӯдак шамол хӯрда, сабаби пайдо шудани инфексия мегардад. Баъди иваз кардани парпеч бадани кӯдакро бо собуни хушбӯйи бачагона шустушӯй намуда, равғанҳои шифобахш молида, дар ҳавои кушод ва офтобӣ нигоҳ доштан лозим аст. Маълум аст, ки аъзои ҷинсии писарбача баъди 7-8 солагӣ ба ташаккулёбӣ оғоз мекунад, ки дар ин син ҳеҷ гоҳ аз парпеч истифода намебаранд, алоҳида бояд таъкид намуд, ки ба гигиенаи духтарбача ҷиддӣ бояд машғул шуд. 
– Кӯдакон то чандсолагӣ аз парпеч бояд истифода баранд?
– Маълум, ки кӯдак аз 1-1,5 солагӣ дар тувак баҳузур нишастанро меомӯзад. Кӯдакро ҳарчи барвақт дар тувак шинондан ва бо парпеч «хайру хуш» намудан боз ҳам беҳтар аст. Ин ба маҳорати модарон вобаста аст. Кӯдаконе ҳастанд, ки парпечро хуш намебинанд, баъди ба бар кардани он худро нороҳат ҳис карда инҷиқӣ мекунанд. Ин ҳолати бачаро низ бояд ба назар гирифт. Боз як ҷиҳати хавотиромези модарон дар он аст, ки кӯдаке, ки доим бо парпеч мегардад, ба ин одат мекунад ва дертар ба ҳоҷат баромадани худро идора карда наметавонад. Назар ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ҳол он ки дар кӯдакон баъди 22-30 моҳагӣ функсияи худидоракунӣ пайдо мешавад. Одатан, момою модарони мо тифлашонро дар давраи «чилла» пояк медоштаанд. Агар ҳар рӯз ин ҳолат такрор ёбад, дар кӯдак рефлекс пайдо мешавад.

Суҳбаторо 
Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: