Ҳар як зан модар шуданро орзу мекунад.
Ҳар як зан модар шуданро орзу мекунад. Машғулияти асосии модар – ин мураббигист ва то охири умр ба кору касби ӯ табдил меёбад. Ӯ на фақат ба фарзанд, балки ба ҷуфти худ низ мураббигӣ мекунад. Баробари ба номи модарӣ соҳиб шудан, қалби зан аз нав эҳё мегардад, худро фаромӯш мекунад. Фикру хаёлаш фақат ба фарзанд, чашмонаш танҳо ӯро мекобанд, дар забону дилаш танҳо номи фарзанд, дастонаш барои фарзанд ким-чиро месозад, пойҳояш бо ташвиши бачааш ҳамеша дар даву тоз аст. Ҳар як зани ақлаш расо умри худро дар роҳи модарӣ қурбон мекунад.
Зан ҳаст, ки номи модар бардавом. Ҳар як шахс то охири умр чой ва хӯроки пухтаи модарро бо пазмониҳо ёд мекунад.
«Парранда дар лонааш дидагиашро такрор мекунад», гуфтаанд. Инсон ҳам тарбияро аввало аз модар меомӯзад, бинобар ин зан бояд илмнок бошад, Офаридгор феълу атвори ӯро пок нигоҳ дорад, ба ӯ ғайрату шуҷоат, сабру қаноат ва тани солим бахшад. Аз ҳамон лаҳзае, ки тифл дар батни модар пайдо шуд, ӯ бо ҷон, хун, шир чигунагии тифлашро месозад. Духтарбачаро аз хурдӣ ба модар шудан омода бояд кард. Аз ин рӯ, аз қадим момоҳои мо ба духтарбача дӯхту дӯз, пухту паз ва тозагиву оростагиро омӯхтаанд. Ба ӯ зочаҳои гуногун, гаҳворача ва дигар бозичаҳоро туҳфа кардаанд.
Духтарбачаро зуд-зуд ба сайру саёҳат баровардан лозим, то ки ӯ кӯҳҳо, дарёю кӯлҳо, саҳроҳои васеъро бинад, рӯҳият ва табъаш болида гардад. Гулҳои рангоранг, себзору шафтолузори гулкардаро дида чеҳрааш шукуфад. Ҳамон вақт ӯ тифлакони баҳор барин шукуфонро ба дунё меорад.
Ба кӯдакамон аз лаҳзаҳои дар гаҳвора будан мусиқӣ, бахусус оҳангу мусиқии миллиамонро шунавонем. Аз хурдӣ эътибори ӯро ба санъати тасвирӣ, ҳунармандии миллӣ ҷалб намоем, то ки табъи ӯ нозук шавад, зебоиҳои ҳаёт ва асрори зиндагии зеборо донад.
Нигоҳҳои ӯ зиштӣ ва бадиро набинад. Дар хонадоне, ки духтарбача ба воя мерасад, очаю бибиҳоямон бояд ҳамеша ороста гарданд, либосҳои базеб пӯшанд. Духтар зебоипарасти модарзодӣ аст, ӯ мехоҳад модараш хушнамуд ва дӯстрӯтарини занҳо бошад. Аз ҳамин давр дид ва табъи онҳо ташаккул меёбад, модар бо шину хез ва одобу рафтори худ бояд ба духтараш намуна бошад. Ба духтарчаҳоямон аз 2-3 солагӣ тахту ҳамвор кардани рӯймолча, дастпок ва дастурхонро ёд диҳем. Дарҳол шустани дасту рӯйи чиркинашонро одат кунонем. Ҷобаҷогузории бозичаҳо ва либосашонро таҳти назорат гирем. Агар чунин тартиб ба ӯ касб шавад, ба фарзандаш низ мегузарад. Ҳар як кори дурусти фарзандамонро қадр намоем ва ба худи ӯ ташаккур изҳор карданро низ фаромӯш накунем. Кӯдаки хурдсол бо ҳар як ҳаракати худ диққати моро ҷалб менамояд, эътибори моро мехоҳад.
Тифл як мавҷудоти илоҳӣ, ӯ дар батни модар муҳити берунро мешунавад ва мебинад, аз як таъсир ба хубӣ ривоҷ ёбад, аз таъсири дигар заҳролуд мешавад. Модари меҳрубон, ба тарбияи духтарат аз хурдӣ, ба воя нарасида шурӯъ намо.
Айёми ширхорагӣ даври нозуки тифл ба шумор меравад. Як порча гӯшт мувофиқи иқлими ту ҳар сония тағйир меёбад. Бо ҳар як ҳаракати худ ба қисмати хуб ё бади ӯ мӯҳр зада меравӣ. Агар ӯро бо шукрона, аз ҳастии ӯ шукуфон шуда, дуо ва нияти нек карда бо аллаҳои ширин алла гӯӣ, бо табассум ва хушҳолӣ шир диҳӣ тамоми ҷисми ӯ нур мегирад, табъаш болида мегардад ва дар натиҷа неруманду солим ба воя мерасад.
Духтарҷонам, давраи ҳомиладориат ва ширхорадориат ҳеч касро бад набин, бадбинӣ ва нафрат бо воситаи шири пистонат ба тифлат мегузарад. Давраи ҳомила ва ширхорагиат худатро эҳтиёт кун, аз ҳиссиёт ва нохушиҳои назарногир дур бош, яъне аз рашки беҳуда, аз норасоиҳои даргузари рӯзгор канора ҷӯй ва тифлатро ҳангоми оби дида рехтан намакон. Ҳамон лаҳза шири ту ба кӯдак ҳаловат намебахшад. Бояд донӣ, ки ҷавонзани сарторик ё ширхорадор чиро хоҳад бояд онро тановул кунад. Чунки он на барои модар, балки барои тифл зарур аст. Яке аз одатҳои мо он аст, ки агар зани ҳомила чашмаш ба хӯрок, мева ё чизи дилхоҳи хонаи ҳамсоя афтад, ҳамсоя бояд аз он каме дароз кунад. Моҳӣ чӣ тавре ки дар соҳил аз беобӣ питиррос мезанад, зани ҳомила низ ба чунин ҳолат меафтад, илова бар ин кӯдак нуқсдор ба дунё меояд.
Баъзан шири модар мегурезад ё хушк мешавад ва ин ҳолат хубӣ надорад. Кай ва барои чӣ шир мегурезад? Вақте модар аз чизе сахт тарсад, хабари нохуш фаҳмад ё аз чизе нороҳат шавад, чунин ҳолат ба миён меояд. Чӣ хеле ки таъкид намудем, агар модар бо як хурсандӣ ба тифлаш пистон диҳад, шир ба ӯ ҳаловати маънавӣ мебахшад, агар бо оби дида ва рӯҳияти бад ӯро маконад, шиками кӯдак танҳо сер мешаваду халос. Аз ин боис, зани ҳомиладор ё кӯдакдорро тарсондан, дили ӯро озурда кардан нашояд. Охир ӯ аз худ Одам офаридааст, ба ӯ такягоҳ ва кӯмакрасон бояд бошем. Муҳаббат ва муруввати Офаридгор ба ҳар як инсон беназир аст.
Турсуной СОДИҚОВА.