МОДАР ҲАМОНЕСТ, КИ ПАРВАРИДААСТ

Шунидаем ва мушоҳида кардаем, ки мурувватпешагоне ҳастанд фарзандони оилаҳои камбизоат, серфарзанд ва бепарасторро ба тарбияи худ мегиранд.

Ин ҳолат бештар дар кишварҳои хориҷӣ ба назар мерасад.
Ситораи кинои Голливуд Анҷелина Ҷолӣ худ се фарзанд дорад ва боз тарбияи се кӯдаки бепарасторро ба зимма гирифтааст.
***
Актрисаи Болливуд Сушмита Сени 25-сола аҳд кард, ки кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунад. Азбаски ӯ хеле ҷавону алҳол ба шавҳар набаромада буд, ҳуқуқшиносон ба ӯ рухсат надоданд, ки «модар» шавад. Пас аз талошҳои зиёд Сушмита ба номи модарӣ мушарраф гардид. Рене ном духтаракро ба фарзандӣ гирифт. Вақте Рене 10-сола шуд, актриса боз як кӯдак – Алисаро интихоб кард. Ба фикри Сушмита аз таваллуд кардани кӯдак ба фарзандӣ қабул кардани ӯ беҳтар аст.
***
Дигар актрисаи Болливуд Равина Тандони 21-сола низ шавҳар накарда, модари меҳрубони Чхайяи 8-сола ва Пуҷаи 11-сола гардид. Равина духтарони амакашро, ки вазъи молиявиаш танг буд, аз тарбияи онҳо наҳаросида, ба фарзандӣ қабул мекунад. Равина ба ҷавонӣ ва бетаҷрибагиаш нигоҳ накарда, вазифаи модариро хеле хуб иҷро кард. Дертар ӯ ба шавҳар баромад ва модари як писару як духтар шуд. Ҳоло Равина духтари бузурги худ Пуҷаро ба шавҳар дод, фарзандони дигари ӯ дар донишгоҳҳо таҳсил доранд.
***
Актёри бомаҳорати ҳинд Митхун Чакраборти ва ҳамсараш Йогита рӯзе аз партовгоҳ духтарбачаеро меёбанд. Ва ӯро нахостанд ба ташкилотҳои дахлдор супоранд. Зану шавҳар духтаракро ба фарзандӣ қабул карданд ва ба ӯ Дишанӣ ном ниҳоданд. «Дишанӣ» ба забони банголӣ буда, маънояш «хабари хуш» мебошад. То ин дам онҳо се писар – Мимох, Римох ва Намашиҳоро тарбия менамуданд. Писарон аз пайи падар рафта, ҳар се соҳаи киноро интихоб карданд. Бародарон беҳад хурсанданд, ки хоҳарчадор шудаанд.

Дар асоси маводи интернет
Б. ФАРИШТА омода кард.    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: