МОДАРАМ – ВАТАНАМ...

Ватан. Ин сарзаминест, ки дар домани сабзи он чашм ба олами ҳастӣ кушодаем. Чашм кушодаву худро дар олами биҳишт ёфтаем.

Марғзори бепаҳнояш нарму аҷаб рӯҳафзост, бо гулҳои дар бараш кӯрпаи пахталаганди модарро ба ёд меорад.  Осмони софу беғубораш чӣ? Мисли дили мубаррои модар ва чашмасорони кӯҳистон аст. 

Гулгаштҳои Ватан назаррабоянд ва аз атри машомгирашон рӯҳи кас меболад. Гулҳои шукуфон аз насими атрогин ба алвонҷ меоянд ва суруди ҳаётро ба гӯши мо ҳиҷо мекунанд. Ин манзараҳо шавқи зиндагиро дучанд меафзоянд. Кас аз диданашон ба завқ меояд. Хоса арғушту алвонҷи гулҳоро дида, арғунчакҳои модар ба ёдам меоянд, ки барои тифлаконаш омода мекард. Вай ресмони дарозеро байни ду дарахт баста, миёни ду тор кӯрпачаро гузоштаву барои тифли худ ҷойи хоб омода мекард. Кӯдакро ба он гузошта оҳиста такон медод. Кӯдакро аз ин алвонҷи роҳатбахш хоб мебурд. Ӯ ба ҷигарбанди ягонааш «Алла» гуфта, дар дили кӯчаки ӯ меҳри Ватан ва хештаншиносӣ барин хислатҳои ҳамидаро ҷойгир менамуд. Охир, «Алла»-и ӯ нахустин сурудест дар бораи Ватан!

Тифли ширинам калон шав,

Далеру қаҳрамон шав...

Садои марғуладори модар атрофу акнофро пур мекард. Зимни хондани ин суруди дилангез вай ба хаёлоти рангин мерафт. Солҳо мегузаранду ин тифл шахси ватандӯсту инсонпарвар хоҳад шуд. Ба қадри ин Ватан ва Замин хоҳад расид. Модаре, ки ӯро бо заҳматҳои зиёд ва меҳр парварид, комёб хоҳад гашт...

Боз ба замини рӯзирасон баҳори гулрез хоҳад омад. Замин аз мақдамаш хушнуд хоҳад шуд. Рӯйи тару тозаи модарро акнун нақшҳои хонои зиндагӣ – ожангҳо пахш карда, ба муйҳои замоне қатрониаш низ сафедӣ дамидаанд. Дидагонаш камбинанд, зиёи пешин гум кардаанд. Лек он чеҳраи пиронааш таҷассумгари меҳри беандоза ва муҳаббати бепоён аст!

Фарзанди ӯ кайҳост, ки ҳимоятгари Ватан шуда! Қавиҳайкал ва нерӯманд, аз сари меҳр модарро ба оғӯш гирифт ва дар ҳадди эҳтиёт рӯйи замин нишонд. Ин лаҳза ду модар дар канори ҳаманд: яке зани фариштахисол, дигаре Замини саросар сабз!

Фарзанд аз шодӣ ва ифтихор лаб кушод:

– Модари ман – Худои ман! - Вай дастони модари хешро бӯса кард.

– Дар оғӯши биҳиштосои ту зиндагӣ омӯхтам, меҳр бар Ватан андӯхтам. Вуҷуди ту нахустватани ман аст! Илоҳо поянда бошӣ то ҷовидонаҳо, модари ҷон!

Маҳзура Халилова,

ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: