МОДАРИ «АРЧАЯК»

Шояд на ҳама бо номи муаллифи як шеъри машҳур дар Русия — Раиса Кудашова ошноянд.

 Рӯзгоре шеъри ӯ, ки бо сатри «Арчаяке таваллуд шуд дар беша» («В лесу родилась ёлочка») оғоз меёбад, дар Русия шеъри серхонандатарин буд. Бояд гуфт, ки дар он аҳд шеърҳои Шекспир ва Пушкин барин шоирони бузург  он оммавиятеро надоштанд, ки шеъри «Арчаяк» дошт. Таърихи пайдоиши ин шеър беш аз сад солро дар бар мегирад.
Шеъри «Арчаяк» моҳи декабри соли 1903 дар маҷаллаи «Малютка» («Ширхор») чоп шуда буд. Муаллиф шояд аз номи худро дар зери шеъраке гузоштан шарм дошта буд, ки дар поёнаш ҳамагӣ ду ҳарф — «А.Э.» ба назар мерасид. Хонандагон ба шеър таваҷҷӯҳ зоҳир нанамуданд. Агар мусиқори боистеъдод — Леонид Бекман ба он рӯйи эътибор намегардонд, шояд маҳбубият пайдо намекард. Шеър бо як бор хондан дили оҳангсозро тасхир кард ва ӯ тасмим гирифт, ки ба он оҳанг мебандад. Суруди дилангезе тавлид шуд. Иҷрогари нахустини ин суруд духтараки хурди ӯ — Верочка буд.
Баъди чор соли ин ҳодиса, ҳамсари Бекман — пианинонавози касбӣ маҷмӯаи оҳангҳоеро зери номи «Сурудҳои Верочка» интишор дод, ки суруди «Арчаяк»-ро низ дар бар дошт. Маҷмӯаро оҳангсозони номии Русия — Танеев, Скрябин ва Рахманинов хуш пазируфтанд.
Дар Русияи тоинқилобӣ «Арчаяк» маҳбубият пайдо кард. Андак монда буд, ки ба гимни мавлуди Исо табдил ёбад. Вале баъди соли 1917 Рӯзи мавлуди Исо, ба сифати ҷашни расмӣ, беэътибор дониста шуд. «Арчаяк»-ро низ фаромӯш карданд.
Суруд танҳо солҳои сиюм, вақте Иосиф Сталин ба ҷашнгирии Соли нав иҷоза дод, дубора «зинда» шуд.
Дар арафаи ҷашни Соли нави 1942, вақте фашистон дар даромадгоҳи Маскав қарор доштанд, маҷмӯаи шеърҳои солинавие рӯйи чопро дид, ки ба он шеъри машҳури «Арчаяк»-ро низ ворид карда буданд. Тартибдиҳандаи маҷмӯа — шоира Эсфир Эмден, маҳз ҳамон сол ному насаби муаллифи шеърро пайдо карда буд.
Баъди як ё ду сол дар арафаи Соли нав зане солхӯрдаву ношинос, ба мақсади дастрас кардани озуқаи барои адибон пешбинишуда, вориди бинои Иттифоқи нависандагон мегардад. Ин зан Раиса Кудашова буд. Вале ному насаби ӯро дар рӯйихат пайдо накарданд. Биноан, натавонист хӯрдание гирад. Вақте аз бино навмед берун мерафт, нависандаи ҷавоне ба дунболи ӯ давиду суол кард:
— Бубахшед, момоҷон, шумо таълифоте доред?
Раиса Адамовна нимшунаво ҷавоб дод:
— Ман муаллифи шеъре ҳастам, ки бо сатри «Арчаяке таваллуд шуд дар беша» шурӯъ мешавад.
Нависандаи ҷавон, филфавр, аз борхалтаи худ ним буханка нони сиёҳро бароварду ба ҳамқалами худ дод ва гуфт:
— Момоҷон, Соли наватон муборак бошад!
Инак, ёддошти нависанда Василий Суботин дар бораи муаллифи шеъри «Арчаяк»:
Баъди ҷанг рӯзе котиба ба Александр Фадеев, ки вазифаи раиси Иттифоқи нависандагонро бар ӯҳда дошт, гуфт:
— Дар қабулгоҳ пиразани деҳотие нишастааст. Мегӯяд, ки шоира Раиса Кудашова мебошад. Фадеев ин номро бори аввал мешунид. Бо вуҷуди ин, ба даромадан рухсат дод.
— Субҳатон бахайр, Александр Александрович, — ҳолпурсӣ кард пиразан оҳе кашида. — Бубахшед, ки ороматонро халалдор кардам. Дар пиронсолӣ азоб кашидам. Ба шоираи пир кумак мекардед...
— Шумо шеър менависед? — суол кард Фадеев.
— Бале, рӯзгоре шеър менавиштам, чанде аз онҳо рӯйи чопро дидаанд, — ғамгин посух дод шоира.
Фадеев гуфт:
— Бисёр хуб, ягон шеъратонро мехондед.
Ва пиразан вақте ба хондани шеъри «Арчаяк» шурӯъ кард, Фадеев ангушти ҳайрат газид.
Котибаро зуд даъват намуда фармуд, ки чойи гарм дам кунад. Ва афзуд, хоҳиш кунед, ки аз бойгонӣ номи Кудашоваро низ пайдо кунанд. Фадеев, барилова, ходимони масъулро даъват намуда, изҳор дошт:
— Бубинед, дар рӯ ба рӯйи мо муаллифи суруди «Арчаяк» истодааст, ки мо овони бачагӣ дар ҷашни Соли нав азёд мехондем. Ба шумо як соат муҳлат, ҳуҷҷатҳоро, бо тамоми имтиёзҳояш, барои қабули Раиса Кудашова ба узвияти Иттифоқи нависандагон омода созед.

Таҳия ва тарҷумаи 
К. ҲАКИМЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: