МОДАРИ ДУХТАРФУРӮШ

ё худ ҳукми зиндагӣ дар пеш аст

Дар курсии паси панҷараи зали суд ҷавонзани 28-сола нишастааст. Албатта, ҳеҷ кас беҳуда ба ин курсӣ наменишинад. Ин ҷавонзани солиму зебоандом чӣ гуноҳ карда бошад, мегӯед? Саволатон беҷавоб намемонад, аммо андак сабр кунед.
Акбаралӣ  Ҳамроев ва Гӯзал Каримоваи сайҳунободӣ соли 2007 бо як ҷаҳон орзуи нек ақди никоҳ баста, ба як болин сар монданд. Аз байн панҷ сол гузашт. Ин панҷ соли сипаригаштаро зану шавҳари ҷавон бо орзуи фарзанд гузарониданд. Аммо беҳуда «дунёи норасо» нагуфта будаанд... 
Зану шавҳар бо маслиҳату нияти нек хостанд кӯдакеро ба фарзандӣ бигиранд. Шояд пас аз чунин кори савоб Худо ба онҳо бо чашми нек нигоҳ кунаду худашон ҳам фарзанддор шаванд.  Ниҳоят ин орзуи онҳо соли 2012 амалӣ гардид. Онҳо духтарчаи ёздаҳмоҳа – Ҷасмина Нуриеваро бо ризоият ва забонхати дар нотариус тасдиқшудаи модараш – Таҳмина Нуриева ба фарзандӣ гирифтанд. То соли 2018 зиндагиашон бад набуд. Кумушой (ба Ҷасмина дар оилаи нав чунин ном гузошта буданд) ҳафтсола шуд. Ӯ падару модарашро хеле дӯст медошт. Аммо ба зиндагии хушу хурсанди зану шавҳар чашми бад расид магар, ки соли 2018 номуросоӣ сар шуд. Моҳи апрели соли гузашта Акбаралӣ барои кор ба Самарқанд рафта, моҳи июни ҳамон сол ба хона баргашту хонаро холӣ дарёфт. Завҷааш қаҳр карда ба хонаи падар рафта буд. Ҳамон рӯзҳо хушдоманаш Кумушойро ба ӯ оварда дод. Акбаралӣ сарҳисоби худро гум кард. Охир вай марди кӯча бошад, духтарчаи ҳафтсоларо чӣ тавр нигоҳубин мекунад?  
Ӯ ноилоҷ ба модари ҳақиқии Кумушой – Таҳмина Нуриева муроҷиат кард ва илтимос намуд, ки то ба сомон омадани зиндагиаш ба фарзандаш нигоҳубин кунад. Таҳмина розӣ шуд. Пас аз даҳ рӯзи ин воқеа Акбаралӣ барои хабаргирии духтараш ба оилаи Нуриевҳо рафт. Падару духтар барои сайру гашт ба кӯча баромаданд. Ҳини суҳбат духтарча бо чашмони пуроб аз падараш хоҳиш намуд, ки ӯро ба хонаи худашон барад, дар ин ҷо ӯ баъзан гурусна мемонад. Дили падар сӯхт. Ба Таҳмина Нуриева занг зада гуфт, ки духтарашро ду-се рӯз ба хона мебарад.                                             
Таҳмина Нуриева бино ба иқрори худаш аз ду мард се духтари беникоҳ таваллудшуда дорад, ки яке аз онҳо Ҷасмина (Кумушой) аст. Пас аз Ҷасминаро гирифта рафтани Акбаралӣ Таҳмина ба роҳи шайтон даромад. Ӯ ба бозор рафта, ба шиносҳояш дилашро кушод. Нияташ бо баҳонаи  гӯё сарсон шудани духтараш ӯро фурӯхтан буд. Хушбахтона, аз ин  нияти нопоки ӯ ходимони дахлдори корҳои дохилӣ хабардор шуда, «амалиёти хариду фурӯш»-ро ташкил карданд. 
Воқеа чунин сурат гирифта буд: Таҳмина Нуриева шаби якуми августи соли 2018 ба хонаи Акбаралӣ Ҳамроев рафта, Ҷасминаро гирифта меравад. Рӯзи дуюми август мувофиқи «ваъда» дар назди маҷмӯи варзишии «Динамо»-и шаҳри Гулистон бо «харидор», ки аслан ходими корҳои дохилӣ буд, вохӯрда, Ҷасминаи ҳафтсоларо ба ивази 400 доллар мефурӯшад. Албатта, ин хариду фурӯши ҳақиқӣ набуд. Аммо, агар ходимони корҳои дохилӣ сари вақт огоҳ намешуданд, хариду фурӯши ҳақиқӣ содир мегашт.
Дар рафти суд яке аз гувоҳҳо  модари Таҳмина Нуриева – Гулнор Нуриева буд. Ӯ бо чашмони ашкбор иброз дошт, ки духтараш Таҳминаро тарбия карда натавонист. Таҳмина ба шавҳар набаромада, се фарзанддор шуд ва аз кӣ будани фарзандонашро худаш ҳам намедонад...  Ду модари бадбахт. Фарзанди яке сабукпо асту дигаре фарзандашро фурӯхтан мехоҳад. Ҳар ду ҳолат аз бемаърифатии инсон аст. 
Мувофиқи ҳукми суд Таҳмина Нуриева ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Аммо ҳукми асосӣ ҳукми зиндагӣ аст, ки пас аз гузаштани латофати ҷавонӣ, дар айёми пирии оне, ки «модар» ном гирифтааст, эълон хоҳад шуд.

Абдусаттор АБДУРАЗЗОҚОВ, 
раиси суди ҷиноии шаҳри Гулистон.
Аҳадҷон ӮЛМАСОВ, 
судяи суди ҷиноии вилояти Сирдарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: