МОДАРИ ХАЛҚ МЕГӮЯНД ӮРО

Дар асоси фармони роҳбари давлат «Дар бораи ба муносибати Рӯзи байналхалқии занону духтарон – 8-Март мукофотонидани бонувон» аз 4 марти соли 2021 як гурӯҳ занону духтароне, ки дар роҳи рушди Ӯзбекистони нав ва фаровонии халқ ҳиссаи худро гузоштаанд, бо ордену медалҳои фахрӣ мукофотонида шуда буданд.

Дар асоси фармони роҳбари давлат «Дар бораи ба муносибати Рӯзи байналхалқии занону духтарон – 8-Март мукофотонидани бонувон» аз 4 марти соли 2021 як гурӯҳ занону духтароне, ки дар роҳи рушди Ӯзбекистони нав ва фаровонии халқ ҳиссаи худро гузоштаанд, бо ордену медалҳои фахрӣ мукофотонида шуда буданд. 
Дар қатори онҳо собиқадори меҳнат Фаридахон Аҳмедоваи намангонӣ низ буд.
Аксарияти вакилони авлоди имрӯза меҳру оқибат, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғайрату шуҷоат барин сабақи ҳаётро аз момо барин инсонҳои пурдида омӯхтаанд. Момо, ки талхию ширинии ҳаётро бо сабру таҳаммул паси сар намудааст, дар тӯли фаъолияти 50 солаи худ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва ноҳия ҳиссаи муносиб гузошт, байни мардум обрӯю эътибор пайдо кард.
Бахусус, вақте дар вазифаҳои котиби кумитаи ҳизби ноҳия, раиси кумитаи занону духтарони ноҳияи Намангон, директори пиллахонаи ноҳия, роҳбари саридораи хоҷагии «Ғайрат» кор мекард, салоҳияти роҳбарӣ ва ташкилотчигии ӯ баръало намоён гардид.
– Фаридахонро аз соли 1975 инҷониб хуб мешиносам. Ҷавон бошад ҳам, фаъол, қатъиятнок ва ба кори худ пухта буд, – мегӯяд собиқадори меҳнат Абдукарим Ҷалилов. – Барои зуд ва ба дараҷаи аъло иҷро кардани супоришҳо аз таҳти дил меҳнат мекард. Ҳамчун роҳбар аз ходимон масъулиятнокӣ талаб мекард. Ҳама ӯро «модар» мегуфтанд. 
– Қатори бонувоне, ки роҳбариро ба зимма доштанд, Фарида ҷасоратнок ва боғайрат буд, – мегӯяд муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Истиқлол» Юнусалӣ Қучқоров. – Апа дар он давр яке аз роҳбарони ҳақиқатҷӯ буданд. Аз нобаробарӣ ва ноҳақиҳо чашм намепӯшиданд, бо нафароне, ки «ман ба ту намерасам, ту ба ман нарас» мегуфтанд, муросо намекарданд. Ба ман ҳамчун шогирд маслиҳатҳои муфид дода таъкид мекарданд, ки «танқиди матбуот танҳо ба пешравии кор фоида дорад, камбудии моро хаспӯш накарда нависед». Бо як дидан фикр мекунед, ки ӯ дағал ва хеле ҷиддӣ аст, аммо хусусиятҳои беҳтарини инсонӣ, ҳалолкорӣ ва масъулиятнокии ӯ барои шогирдонаш мактаби ҳаёт гардида буд.
Дарҳақиқат, ӯ ба ҳамкорон меҳрубон буд, онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ мекард. Аз шароити оилавиашон доимо хабардор мешуд. Анъана ва арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои аҷдодамонро, ки имрӯз роҳи ҳаёти онҳо барои мо ибрат аст, пос медорад, Фарзандон ва наберагони худро низ дар ҳамин руҳия тарбия менамояд. Зеро дар оилаи ӯ муҳити маънавӣ барқарор.
Хидмати ҳалол ва бузурги Фаридаапаро роҳбари давлат ба назар гирифта, ба муносибати иди бонувон ӯро бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» мукофотонид. Барои аҳли мардуми Намангон ид болои ид гардид. 

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: