МОДАРОН

Муҳаммад ШОДӢ

Натанҳо аввалин омӯзгоранд,
Як умр устоди мо дар рӯзгоранд.

Чу гулҳои ҳаёт астанд тифлон,
Биҳиштоғӯш модарҳо баҳоранд.

Писар бар ҳифзи меҳан то фиристанд,
На зан, марданд. Марди сарсупоранд.

Ҳазорон бор ранҷонем, бахшанд,
Пайи омурзишанд, омурзгоранд.

Чу ҷону дил гуселонданд ҳар сӯ,
Кунун дар роҳи онҳо чашмчоранд.

Дилу ҷонанд морову дилу ҷон,
Зи таҳти ҷону дил моро шуморанд.

Даме дасти дуоро мекушоянд,
Гумоне ҳамдами Парвардгоранд.

ДАР ТАҚВИЯТИ ЭРАҶ МИРЗО

Ба шому бар шаби фарзанд хуршеди саҳар модар,
Мунаввар хонадонҳо аз чароғи шуълавар – модар.

Чу меҳри модарӣ чун нури хуршед аст оламгир,
Бидонад, айни дам, фарзанди худ нури басар модар.

Табассум мекунад дунёи вай, чун тифл мамнун аст,
Чу фарзанд аст дилхун, мехӯрад хуни ҷигар модар.

Дар он дам ҳам, ки мегиряд дили ӯ, мезанад лабханд,
Насозад дард рӯ, пинҳон намояд чашми тар модар.

Ба сӯйи қиблаи уммед чун муслим рӯй орем,
Намоем, эй бародарҳои ҷон, таъзим бар модар.

Баробар гарчи модар ҳам падарро дӯст медорем,
Назар бар қиблагаҳ гӯё бидорад дӯсттар модар –

Падар ҳам гарчи фарзанд аз дилу ҷон дӯст медорад,
Бидорад дӯст моро бо дилу ҷони дигар модар! 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: