МОМОИ КӮҲИСТОНӢ Ё ХУД ЛАВҲАҲО АЗ ҲАЁТИ «МОМОИ ҚОШУҚ»

Соли 1939-уми асри гузашта чун дигар манотиқ барои мардуми кӯҳистони Фангати ноҳияи Олтинсой низ соли вазнин буд.

СОЛҲОИ МУШКИЛ

Соли 1939-уми асри гузашта чун дигар манотиқ барои мардуми кӯҳистони Фангати ноҳияи Олтинсой низ соли вазнин буд. Барфҳое, ки пай дар пай мебориданд, ҳама ҷо, пасту баландиҳои атрофу акнофро пӯшонида, барои чорвои калону хурди ин диёр мушкилӣ ба бор оварданд. Мардуми деҳа, ки фасли гармо каҳдонҳоро аз озуқаи чорво пур карда буданд, дар сармои зимистон аз шиддати хунукӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ омаданд. Зимистони қаҳратун чун ҳокими давр ҳоли мардуми кӯҳистонро ба танг овард. Одамон барои он, ки гову гӯсфандон аз сармо ва гуруснагӣ намиранд, коҳу алафе, ки дар чиллаи тобистон ҷамъ оварда буданд, дар чиллаи зимистон сарф намуданд. Каҳдонҳо аз муддат пештар холӣ шуданд. Замини барфпӯш имкон намедод, ки кас хасу хошоке пайдо намояд. Дар бисёре аз хонадон чорвои реза аз гуруснагӣ талаф ёфтанд. Ин ҳол ба хоҷагиҳои чорвопарварӣ зарари калон овард. Рафтуо дар кӯҳистони Фангат мушкил гашта буд. Дар ҳамин чиллаи сахти зимистон дар хонадони марди обрӯманди деҳа, амаки Нормурод духтарчае ба дунё омад, ки номи ӯро наздиконаш Холбибӣ ном ниҳоданд. Холбибӣ баъд аз фарзанди якуми ин хонадон, ки Қурбонмурод ном дошт, ба дунё омад. Вай духтари ҳушёру зирак ва хушзеҳн буд. Ҳар чизеро, ки аз атрофиёни худ медиду мешунид мисли тӯтӣ такрор менамуд. Қаҳрамони мо аввал дар мактаби зодгоҳаш, ки филиали мактаби Ҳавз буд, баъд дар мактаби деҳаи номбурда хонд.

Фангат, ки аз маркази Ҳавз дур буд, омадурафти хонандагон ба марказ имкон надошт. Он замон хонандагон синфҳои поёниро дар зодгоҳи худ – Фангат хатм намуда, пас хонданро ба марказ – деҳшурои Ҳавз омада, давом медоданд. Вай баъди хатми мактаби миёна – синфи 7-ум дар колхоз кор кард. Дар мавзеи Паси Шӯр ба ҷавони тануманде, ки баъди 3-соли хидмати ҳарбӣ ба ватан баргашта буд, ба шавҳар баромад.

ДАВРОНИ НАВ

Баъди ба ин ҷавон – Намоз Мусаибов ба шавҳар баромадан оилаи онҳо аз Фангат ба мавзеи Оқолтини ноҳияи Олтинсой кӯчид. Писари калонии онҳо соли 1963 таваллуд ёфт, ба ӯ Тошбой ном ниҳоданд. Алъон Тошбой деҳқон аст ва дар мулки бобоии худ – дар Паси Шӯр зиндагӣ мекунад. Фарзанди дуюм Турғунбой тоҷир мебошад. Сеюмӣ – Рӯзибой мисли модараш илмдӯст, маърифатпарвар ва дилбохтаи санъати тасвирӣ буда, чанд муддат дар соҳаи матбуоти даврӣ кор кардааст. Фарзандони дигар – Шарифа, Ҳанифа, Норбой, Анвар ҳама соҳиби касбу коранд ва бо меҳнати ҳалол нон мехӯранд. Ин зани бадавлат, ки ҳама ӯро «Момои қошуқ» меноманд, ҳоло 115 набераю абера дорад.

Солҳои 1987-2010 бо дастгирии раҳбари шуъбаи маданият ва маърифати ноҳияи Олтинсой Йӯлдош Тағоев ва директори Хонаи маданият Рустам Маҳмарову раҳбари бадеии он Исматулло Тошматов гурӯҳи этнографию фолклорӣ ташкил намуда, ҳамроҳи Бибихол Одинаева, Гулнора Ҷӯраева, Пардахол Ҳидоятова, Лайло Ҷӯраева, Ирода Ҷӯраева, Ситора Бӯриева, Салтанат Норқулова, Бунафша Раҳимова кор кард. Вай дар ин гурӯҳ якҷо бо ҳамкасбонаш рубоиёти халқӣ ва суруду рақсҳои миллиро бо як маҳорати хоса иҷро намуда, дар дилу дидаи мардум ҷо гирифт. Дар фестивал ва ҷашнҳои бузурги санъат баромад карда, соҳиби ҷойҳои намоён шуд.

Ин бонуи фарҳангдӯст, алҳол ҳарчанд даври пирӣ меронад, дили ҷавон дорад. Асбобҳои чангиро бо маҳорат менавозад ва сомеъонашро ба ҳайрат меоварад.

Вай чандин маротиба ба ҷоизаҳои давлатӣ соҳиб гаштаву мукофотонида шудааст. Бахусус, рақсҳои вай бо қошуқ бинандаро ба шӯр меоварданд, аз ин рӯ мардум аз вай чун «Момои қошуқ» пазироӣ мекарданд. Момои қошуқ табъи онҳоро хуш мекард, шодию сурур мебахшид. Момои табаррукро ҷамъи набераю аберагон «Момои қошуқ» гуфта дӯст медоранд. Ин момои зиндадил 85-сола шуда бошад ҳам, «аз бекор Худо безор» гуфта, худро гоҳ ба ину гоҳ ба он кор машғул медорад. Ба рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ аз ҷумла ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» мухлис аст.

Вақте ки банда ҳамроҳи муаллим Шавкати Абдураҳмон ба зиёрати момои дарёдил рафтем, ӯ моро хуш пазируфта, таъкид кард, ки дуои ӯро ба Олимҷону Шарифҷон расонем. Алалхусус, ба Шариф Халил барои мақолае, ки дар шумораи 87-уми рӯзномаи «Овози тоҷик» таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистони Навро чӣ тавр месозем?» (2 ноябри соли 2022) чоп шуда буд, миннатдории хешро изҳор намуд.

– Ин ду нафар барои рушду нумӯи илму маърифати вилоятамон саҳми босазо мегузоранд, – илова кард момо.

Муҳаммадрӯзии ҒАНИЗОД,

ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: