Дар мактаби мо чунин анъана мавҷуд аст, ки хонандагон баъди дарс ба аёдати шахсони танҳо, ногиро ва куҳансол рафта, ба кори хонаву ҷо, нигаҳбонии чорво, замини рӯиҳавлӣ кӯмак мерасонанд.
Хонаи момои Ниҳол дар маркази деҳа, рӯ ба рӯи коллеҷи саноати ноҳияи Сайҳунобод ҷойгир аст. Баъди саранҷом кардани корҳои момо бо ӯ суҳбат оростем. Ӯ ҳафт авлоди модарӣ ва падариашро як-як номбар карда, дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумоти аҷиб дод, ки мо бо хонандагони синфи 5 ба хотираи қавӣ ва равшани момо аҳсант хондем.
– Синни одам, ки ба ҷое расад, – аз тааҷҷуби мо рамуз гирифта, бо табассуми малеҳ гуфт ӯ, – бо хотираи рӯзҳои гузаштааш зиндагӣ мекардааст. Дар ҳаёти ман рӯзҳои хурсандӣ ва нохуш ниҳоят бисёр буданд. Агар онҳоро ҳикоя кунам, як китоб мешавад. Ҷойи таваллудам деҳаи Савраки ноҳияи Нурато мебошад. Падарам солҳои коллективкунӣ дар хоҷагии ҷамоавии навбунёд деҳқони оддӣ буд. Модарам нобаҳангом бемор шуда вафот кард. Тамоми душвориҳои зиндагӣ ба дӯши падарам афтод. Ӯ аз субҳ то фурӯ рафтани офтоб дар саҳро каланд мезад ва бо арақи ҷабин нони ҳалол меёфт. Мо – фарзандон ба корҳои саҳро кӯмак мерасондем. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ азоби мо афзуд. Падарам аламашро аз каланд мегирифт. Гарчанд синну соли ӯ ба ҷое расида буд, аз меҳнат намегурехт. Воқеан, он солҳо дар ақибгоҳ асосан пиронсолон, зану духтарон ва ноболиғон кор мекарданд. Мардум бо шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!» меҳнат мекарданд. «Заборний», яъне чек медоданд, ки бо он аз мағоза нон мегирифтем, вале он ҳам серӣ набуд. Ҳоло бошад, дӯконҳо пури нон, баъзеҳо ба қуттии партовҳо низ ин неъмати бебаҳоро мепартоянд, ки увол аст.
Момо каме хомӯш шуд, нигоҳ ба нуқтаи номаълум дӯхта, ашки чашмашро бо бари остин пок кард. Аз айёми арӯсии момо пурсон шудем.
– Арӯсии ман, бачаҷонам,... – мусоҳибам якбора чун офтоби баҳор шукуфт, – раҳматӣ модаркалонам Назокатхола раиси деҳшӯро буд ва моро аз ақди никоҳ гузаронд. Тӯйҳои мо чун имрӯз пурдабдаба набуд, оддӣ, хоксорона ва аз рӯйи расму оини худамон мегузашт. Маро дар аспу ароба ёр-ёр гуфта ба хонаи шавҳар оварданд. Шавҳарам дар ҷанг иштирок карда, соли 1943 моҳи декабр захмӣ шуда баргашт. Илоҳо ҷояш дар ҷаннат бошад, инсони меҳнаткаш, деҳқони асил, беозор, дилёб буд. Дар давоми 55 соли зиндагӣ 1 духтар, 6 писар ёфтем. Соли 1998 вафот кард. Бо меҳнати ҳалол бачаҳоро калон карда, арӯсҳо овардам. Набераву абераҳоям бисёр, номҳошонро ёд карда наметавонам, – гуфта ханда кард момои Ниҳол. – Рӯзҳои ид ё суру маъракаҳо онҳо аз Тошканд, Гулистон, Самарқанду Ҷиззах меоянд ва ҳавлиамон ба бозор табдил меёбад. Муҳимаш замонамон осуда, рӯзгорамон фаровон, осмонамон мусаффо аст. Раҳмат ба Президентамон. Мутасаддиён дар рӯзҳои ҷашни иди Наврӯз ва хотираву қадр аз ҳоли мо хабар мегиранд.
– Момоҷон, ба фикри шумо асрори дарозумрӣ дар чист? – пурсидам аз ӯ.
– Аввало ба меъёру хӯрок риоя намудан лозим аст. Тинҷии оила, меҳнати дилписанд, вақтро хуш гузаронидан, албатта касро солим нигоҳ медорад. Майхӯриву тамокукашӣ ва бекориву пурхӯрӣ, ғаму ғусса сӯҳони умр аст, – гуфт момо дар охир.
Тошбика ДЕҲҚОНОВА,
муаллимаи мактаби №9
ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.