МОРИ МУТАКАББИР

Дар сӯрохии зери харсанги калоне, ки дар канори марғзоре мехобид, мори калони заҳрдоре сукунат дошт.

Ин навъи морҳоро гурза мегуфтанд. Дар рӯ ба рӯйи маскани гурза теппаи баланде сар ба авҷ кашида буд. Болои теппа ҳамворие дошт, ки гирдогирдаш бо талҳои пастак печонида шуда буд. Ин талҳо сӯрохиҳое доштанд, ки аз онҳо мушҳои хурду калон равуо мекарданд.
Мушҳои калон аз талҳои теппа берун рафта, баъд аз муддате бо чормағзу донакҳои шафтолуву зардолу, хӯшаҳои гандуму ҷав барин хӯрданиҳо бармегаштанд ва аз сӯрохӣ ба дарун рафта барои зимистонгузаронӣ хӯрданиҳоро захира мекарданд. Мушҳои кӯчак дар ҳамвории болои теппа давутоз доштанд.
Ҳар рӯз гурза ба болои теппа хазида мебаромад ва он мушҳои кӯчакеро, ки ҳанӯз морро надида буданд ва бо ҳайрат ба вай менигаристанд, дошта нӯши ҷон мекард. Аз такрори муттасили ин амал гурза чунон фарбеҳ шуд, ки ҷилои пӯсташ дар нури хуршед чашми касро мерабуд. Дар ҳамсоягии гурза дар пешгаҳи замини шудгоршуда мори дигаре сокини сӯрохии кӯтале гашта буд. Вай ҳар гоҳ аз сӯрохӣ берун омада, дар шудгор мехазиду кирму ҳашаротро дошта мехӯрд ва бо ин қути лоямут дар биёбон мехазид. Рӯзе чашми гурза ба ин мори лоғар афтид. Гурза вайро ба наздаш хонд. Аз салобат ва фарбеҳии гурза мори лоғарандом даст ба гиребон мебурд. Баъди ҳолпурсӣ гурза фаҳмид, ки ин мор бо кирму ҳашароти шудгор қаноат мекунад. Аз ин рӯ, аз равонаш рамақе мондаасту бас.
Рӯзи дигар гурза морро ба болои теппа бурд ва мушҳои зиёдеро нишон дода худнамоӣ кард. Вай бо кибри паланг мегуфт:
— Ҳамаи ин мушҳои калону кӯчак тӯъмаи хоссаи мананд. Чи қадар ки хоҳам фурӯ мебарам. Меҳри дӯстонаи ман ба ту дар дилам маъво гирифт. Нимаи мушҳои ин сӯрохиҳоро, ки мебинӣ, ба ту медиҳам.
Дар ин ҳангом ба ҳамвории сари теппа хорпуште баромад ва ба морҳо нигариста барои тӯъма мори фарбеҳро ихтиёр кард. Хорпушт пуштнокӣ ба замин хобиду хест. Хорҳояш ба хасҳо даромада буд. Тӯдаи хасҳои пушташ хорпуштро аз назарҳо пинҳон менамуд. Хорпушт камин гирифта - камин гирифта пинҳонӣ ба гурза наздик мешуд. Бинанда гумон мекард, ки дастаи хасҳо равонанд. Гурза бо кибру ғурур маниву моӣ мекард:
— Саркардаи лашкари мушон аз ман буз барин метарсад. Маро бинад, чун барги бед меларзад. Ту аз ин буздил натарс, дар паҳлуи ман бош. Вақте ки хорпушт ба гурза хеле наздик шуд, мори лоғарандом дар зери дастаи хасҳо хорпуштро дида ба гурза бо чашмонаш имо кард. Ҳамин ки гурза сарашро ба сӯйи хорпушт гардонид, хорпушт бо як ҳаракати барқосо каллаи гурзаро ба даҳонаш гирифт. Ин ҳол ҳуши мори лоғарандомро аз сараш бурд.
Вақте ки мори лоғарандом ба худ омад, дид, ки нимаи гурза ба шиками хорпушт рафта буд ва гурза аз ҳавли ҷон бо думаш ба пушти хорпушт мезад. Аз ин амал зараре ба хорпушт намерасид. Вале, ҳар бори дум задан думи гурза захмӣ мегашт. Мори лоғар аз тарсу бим баргибедвор меларзид. Вай ба қуввае, ки дошт тирвор ба домани теппа хазид. Мор ба тарафи ҷойи сукунаташ хазида ба шудгор наздик мешуду мегуфт:
Чун раҳидам аз набарди 
хорпушту дунби мор,
Нафси мушхоҳи ману 
кирми сари хоки шиёр.

Малик КАБИРОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: