Президент Шавкат Мирзиёев 14 феврал оид ба вазифаҳои устувори инкишофи мошинсозӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Чун дар ҳама соҳаҳои саноат, дар саноати автомобилсозӣ равандҳои табдилдиҳӣ фаъолона ба амал меоянд. Дар давоми чор соли охир истеҳсоли автомобил 1,8 баробар, содироти соҳавӣ 2,7 баробар афзуд. Бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ корхонаҳои нав барпо карда, истеҳсоли 2,6 ҳазор хели маснуоти комплектӣ ба роҳ монда шуд.
Ширкати “UzAuto Motors” аз агентиҳои байналмилалии “Fitch Ratings” ва “Standard & Poor's” рейтинги кредитии “устувор”-ро гирифта, бори аввал ба бозори ҷаҳонии молиявӣ евробондҳоро дар ҳаҷми 300 миллион доллар ҷойгир намуд.
Аммо саноат ҳанӯз талаботи истеъмолкунандагонро пурра конеъ гардонда наметавонад.
Аз ин лиҳоз, дар Стратегияи рушд барои панҷ соли оянда ҳадафҳо гузошта шудаанд, ки истеҳсолот дар соҳаи мошинсозӣ аз ҳисоби рушди минбаъдаи кооператсия 1,4 баробар, содироти он – 2 баробар зиёд гардонда, инчунин сатҳи маҳаллисозӣ баланд бардошта шавад.
Дар ҷамъомад корҳое, ки дар соли ҷорӣ барои иҷрои ин мақсадҳо ба ҷо оварда мешаванд, муҳокима карда шуданд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки бояд ба қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа дод. Супориш дода шуд, ки то 1 май ҳаҷми пешпардохти автомобил аз 85 дарсади ҳозира то ба 50 дарсад кам карда, навбатҳои ҳангоми хариди мошинҳо ба вуҷуд омада пурра бартараф карда шавад. Ҳар як муштарии дар навбатбуда бо нишон додани санаи мушаххаси интиқоли мошин огоҳинома мегирад.
Барои қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бояд дар нимсолаи аввал 160 ҳазор адад ва то охири сол 275 ҳазор адад мошин истеҳсол кард, гуфта шуд дар ҷамъомад.
Бо мақсади зиёд намудани пешниҳод дар бозор ва васеъ намудани интихоби истеъмолкунандагон ба ҳукумат вазифа гузошта шуд, ки меъёри боҷи гумрукӣ барои мошинҳои воридотӣ 2 маротиба кам карда шавад.
Имсол барои азхуд намудани истеҳсоли 600 хел маснуоти комплектӣ татбиқи 23 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа дараҷаи маҳаллигардонӣ аз 48 то 56 фоиз меафзояд. Истеҳсоли ду модели мошин ва муҳаррикҳои муосир низ аз ҳисоби сармоягузории 336 миллион доллар роҳандозӣ мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин ба нақшаҳои соҳа оид ба содирот дахл карда шуд.
Президент бо зикри он, ки пешгӯиҳо ба имкониятҳои мавҷуда мувофиқ нестанд, барои ворид шудан ба бозорҳои нав тавсияҳо дод. Аз он ҷумла зикр гардид, ки барои дар соли 2022 ба ҳадди ақалл то 500 миллион доллар расондани ҳаҷми содирот аз ҳисоби тавсеаи фурӯши ҷузъҳо тавассути шабакаҳои бузурги чакана имконият мавҷуд аст.
Сарвари давлат зарурати рушди саноати мошинсозиро бо усули кластери саноатӣ таъкид кард. Ин низом дар силсилаи «инжиниринг – ҷузъҳо – маҳсулоти тайёр – фурӯш ва хизматрасонӣ» 8 корхонаи мошинсозӣ, беш аз 300 истеҳсолкунандаи ҷузъҳо, шабакаҳои логистикӣ, савдо ва хидматрасониро дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, Донишкадаҳои политехникии Турин ва мошинсозии Андиҷонро муттаҳид мекунад.
Ба ин муносибат ба ҳукумат супориш дода шуд, ки барномаи кластери миллии мошинсозиро таҳия кунад.
Тавре ки шумо медонед, дар ҷаҳон истеҳсоли мошинҳои электрикӣ босуръат рушд мекунад. Дар соли 2021 ҳиссаи чунин мошинҳо дар бозори мошин ду баробар афзоиш ёфтааст.
Президент таъкид кард, ки барои он ки дар ин самт қафо намонем, аз ҳоло амал кардан лозим аст. Вобаста ба ин вазифа гузошта шуд, ки стратегияи рушди саноати электромобилӣ бо назардошти талаботи техникӣ ва стандартҳо ва масъалаҳои маҳаллисозӣ таҳия карда шавад.
Дар ҷамъомад инчунин вазъи кор дар мошинсозии кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин самт дар Чирчиқ созмон додани кластери дахлдор ба нақша гирифта шудааст. Ба ин мақсадҳо аз буҷа 100 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Ба Чирчиқ кӯчондани таҷҳизот аз заводҳои «Технолог» ва «Агрегат» cap шуд. Дар ҷамъомад аҳамияти пурра ба кор андохтани кластер дар соли 2023 таъкид шуд.
Имконияти ду баробар зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, 12 дарсад арзон кардани арзиши он ва ба 15 миллион доллар расонидани содирот дар соли ҷорӣ зикр гардид.
Оид ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда шахсони масъул маълумот доданд.