МОШИНҲО КОРИ РАИСОНРО ОСОН МЕГАРДОНАНД

Раисони шӯроҳои мувофиқгардонии фаъолияти ниҳодҳои худидоракунии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мошинҳои хизматӣ соҳиб шуданд.

– Дар паёми Президенти мамлакат ба Олий Маҷлис вазифаҳои ниҳоди маҳалла муайян карда шуд. Бо гузашти вақт ба дӯши раисони маҳалла вазифаҳои басо пурмасъулият гузошта мешаванд,– изҳор кард ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев.
– Дар вилояти мо барои беҳбуди фаъолияти 19 ниҳоди худидоракунӣ ва фароҳам овардани шароити созгор корҳои зиёд ба анҷом мерасанд. Танҳо соли гузашта 17 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ба биноҳои нав кӯчиданд, бештар аз 30 бинои ҷамоати шаҳрвандон куллан тармим гардид ва бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шуд. Соли равон 190 бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо аз таъмир бароварда ва муҷаҳҳаз мегардад,– мегӯяд ҷонишини якуми раиси Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти ниҳодҳои худидоракунии вилоят Шавкатҷон Эрматов.
Бо мошинҳои сабукрави “Cobalt” таъмин кардани шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо низ натиҷаи ислоҳоти се соли охир мебошад.
– Ноҳияи мо аз маркази вилоят хеле дур аст. Баъзан дар равуо мушкилот пайдо мешаванд ва ба маҷлису чорабиниҳо дар вақташ расида наметавонем. Акнун Кенгаши мо бо мошини хидматӣ таъмин шуд ва мушкили мо хеле осон,– мегӯяд раиси Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти ниҳодҳои худидоракунии ноҳияи Сӯх Фазлиддин Додокаримов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: