МОТИВАТОРҲОИ ҶАВОН

Ҳангоми ба забон овардани Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон созмонҳои ибтидоии он пеши назар меоянд, ки дар мактабу донишкадаву донишгоҳ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ бо ҷавонон кор мебаранд.

Ҳангоми ба забон овардани Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон созмонҳои ибтидоии он пеши назар меоянд, ки дар мактабу донишкадаву донишгоҳ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ бо ҷавонон кор мебаранд. Бо ташаббуси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон аз 28 январ то 28 феврали соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ “Моҳонаи роҳбаладҳои ҷавонони мактабҳои таълими умумӣ” эълон шуда буд, ки барои роҳбаладҳо семинар-тренинг, мулоқоту вохӯрӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра доир гардиданд.
– Дар давоми моҳонаи мазкур мувофиқи барномаи Шӯрои тошкандии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд ва нақшаи кории Шӯрои иттифоқи ҷавонон дар ноҳияи Бӯка барои 58 нафар роҳбаладҳои мактабҳои ноҳия вохӯриҳо, семинар-тренинг ва дар байни писарон мусобиқаи варзишии мини-футбол, дар байни духтарон волейбол, мусобиқаҳои “Заковат”  гузаронда шуданд, – мегӯяд раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар ноҳияи Бӯка Қобил Каримов. – Ба наздикӣ дар шаҳри Бухоро дар давоми моҳона анҷумани “Мотиватор – Роҳбалади ҷавонон» баргузор шуд, ки дар он намояндаи роҳбалади ҷавонони мактаби рақами 52-юми ноҳияи мо Маҳлиё Муртазоева иштирок кард. Мо бо ташаббуси вай дар ноҳия барои ҳамкасбони дигараш семинар-тренинг гузарондем. Дар таҳти мавзӯъҳои «Баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти роҳбаладии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон”, “Пешво ва роҳбар” мубоҳисаҳо ташкил карда шуданд. 
– Шахсоне, ки инсонҳоро рӯҳбаланд ва ба коре рағбатнок карда метавонанд, мотиваторҳо меноманд, – мегӯяд Маҳлиё Муртазоева. – Анҷумани «Мотиватор – Роҳбалади ҷавонон”, ки дар шаҳри Бухоро баргузор шуд, дар қатори ҳамкасбонам аз ноҳияву шаҳрҳои дигари мамлакатамон ба ман низ таассуроти зиёд бахшид. Тайи 4 рӯзи анҷуман ба мо Мотиваторҳои ҷавон намояндагони Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ маълумоти муфассал доданд. Семинар-тренинг ва баромадҳои онҳо барои мо хеле  шавқангез буд. Ман таассуротҳои  худро ба ҳамкасбони бӯкагиам нақл кардам, барои онҳо семинар-тренинг гузаштам. 

М. МИРМАҲМАДОВ.
Ноҳияи БӮКА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: