Дар диёрамон аз қадимулайём алломаву мутафаккирони зиёде ба камол расида, фаъолияти худро пеш бурдаанд.
Ба вижа, дар ин сарзамини табаррук дар асрҳои миёна садҳо бузургон пурсамар меҳнат карда, бо бозёфт ва таълимоти худ аҳли оламро дар ҳайрат гузоштаанд. Дар ин силсила Абӯмансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Ҳанафӣ ас-Самарқандӣ, яке аз поягузорони илми илоҳиёт, ҷойгоҳи хоса дорад.
Ӯ соли 870 (256 ҳиҷрӣ) – дар соли вафоти султони илми ҳадис Имом Бухорӣ ба дунё омад. Дар маъхазҳо низ дар бораи соли таваллуди ӯ маълумоти хеле кам ба назар мерасанд. Аллома соли 944 милодӣ (333 ҳиҷрӣ) вафот карда, дар қабристони машҳури Чокардизаи Самарқанд ба хок супурда шудааст.
Нахуст таҳсили донишро аз падараш Муҳаммад ибни Маҳмуд, сипас дар Куттоб, ки дар сатҳи синфҳои ибтидоӣ таълим медод, пас аз он дар мадрасаи Кошӣ, масҷиди Работи Ғозиёни Самарқанд ба даст овардааст. Устодони Имом Мотурудӣ дар ташаккули ӯ ҳамчун донишманди баркамоли замони худ дар улуми динӣ нақши муҳим бозиданд. Аз устодони ӯ Абунаср Аҳмад ибни Аббос ибни Ҳусайни Иёдӣ, Абубакри Аҳмад ал-Ҷузҷонӣ, Нусайр ибни Яҳёи Балхӣ, Муҳаммад ибни Муқотил ар-Розӣ (ки қозии Рай буд) ва дигар шахсони маъруф ба шумор мераванд.
Имом Мотурудӣ шогирдон ва пайравони зиёде дошт, аз ҷумла Абуисҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил, Абулҳасан Алӣ ибни Сайид ар-Рустағфанӣ, Абумуҳаммад Абулкарим ибни Мусо, Абулайси Самарқандӣ, Абу-л-Муъин ан-Насафӣ, Сафари Бухорӣ, Наҷмиддин Умар ан-Насафӣ, Ас-Собунии Бухорӣ, Умари Ҳанафиро метавон зикр намуд.
Таъкиди он бамаврид аст, ки намояндаи дигари бузурги илоҳиёт дар мазҳаби суннӣ Имом Ашъарӣ буда, таълимоти ӯ бо номи «Ал-Ашъария» маъруф аст. Ҳарчанд ин ду алломаи бузург дар як замон зиндагӣ кардаанд, тибқи манбаъҳо ақидае роиҷ аст, ки онҳо ҳамдигарро аз наздик намешинохтанд. Дар таълими онҳо низ тафовути назаррас мавҷуд аст. Масалан, Мотурудӣ таълимоти худро дар асоси мазҳаби ҳанафӣ ва Ашъарӣ бар асоси мазҳаби Шофеъӣ ба вуҷуд овардаанд. Аммо ҳадафи аслии ҳарду аллома ва роҳҳои расидан ба он тақрибан муштарак аст. Ақидае, ки Имом ал-Мотурудӣ овардааст, бар ақл ва нақл, дурусттараш дар миёнаи инҳо бунёд ёфтааст.
Андешаҳои Абумансури Мотурудӣ дар соҳаи калом ва фиқҳ дар ду асар «Китоб ат-тавҳид» ва «Китоби таъвийлоти аҳли суннат» баён шуда, маълумоти муҳим дар ин хусус дар як қатор асарҳои баъди марги аллома ба таълимоти мотуридия бахшидашуда инъикос ёфтааст. Миқдори осори Имом ал-Мотурудӣ ба понздаҳ мерасад ва асарҳои ба илми фиқҳ ва усули он бахшидашуда: «Китоб ал-ҷадал» («Китоб дар бораи диалектика»), «Китоб мо ахаз аш-шариъа» («Сарчашмаи асосҳои шариат») ба шумор мераванд.
Даврае, ки Имом Мотурудӣ зиндагӣ кард, дар бахшҳои мухталифи улум ва маърифати исломӣ, аз ҷумла илми калом давраи гулгулшукуфӣ, метавон гуфт, давраи тиллоии ин илм буд. Бо тақозои замон озодфикрӣ дар илму фан аҳамияти хоса пайдо мекунад ва олимон бар асоси дидгоҳҳои худ, озодона андешаҳояшонро дар бораи эътиқоди динӣ ва усулҳои он баён мекунанд. Ин, дар навбати худ, ба гурӯҳ ва фирқаҳои мухталиф имкон дод, ки эътиқоди худро ба ҷонибдоронашон ошкоро баён кунанд. Маҳз дар ҳамин давра дар Мовароуннаҳр гурӯҳ ва фирқаҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки яке аз маъмултарини онҳо ҷараёни муътазила буд. Як зумра фирқаҳои баъд аз ӯ бавуҷудомадаи ҷаҳмия, қарамия, мурҷиъа ва дигар дар назарияи имон ва дониш ақидаҳои нодуруст доштанд. Аз ин рӯ, бо такя ба мероси илмиву маънавии Имом Мотурудӣ ҳифзи покии ақидаи исломӣ бар пояи далелҳои ақлӣ ва мубориза бо ин бидъатҳои аз роҳи ҳидоят гумроҳшуда муҳим аст.
Маҳз дар ҳамин замина ақидаҳои таълимоти аҳли суннат вал ҷамоат (сунниҳо) ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар охири асри IX имоми суннимазҳаб Абумансури Мотурудӣ дар Самарқанд, имом Абулҳасани Ашъарӣ дар Бағдод ва имом Абӯҷаъфари Таҳовӣ дар Миср ба ақлу идрок, ки онро тарафдорони равияи муътазилия ба аслиҳаи худ табдил дода буданд, такя карда, аз эътиқоди суннимазҳаб ҳимоят намуданд. Онҳо барои асосноксозии нуқтаи назар ва ақидаи худ пеш аз ҳама ба далелу санадҳои ақлӣ такя намуда, ба пешравиҳои калон ноил шуданд.
Ба эътиқоди Имом Мотурудӣ, гуноҳҳо, аъмоли бади инсон бо хости Худованд (зеро Худованд ин корҳоро муқаррар кардааст), вале бидуни ризоияти ӯ сурат мегирад. Худованд инсонро бо додани озодиаш ба дасти худи ӯ офарид, яъне гарчанде ки аъмолашон пешакӣ муайян шуда бошад ҳам, ба инсон иродае додааст, ки баъзе корҳоро анҷом диҳад. Имом Мотурудӣ ин корҳоро “афъоли ихтиёрӣ” медонад, яъне инсон дорои озодии ирода мебошад. Ин андешаи бузурги Имом Мотурудӣ, ки ёздаҳ аср муқаддам баён доштааст, имрӯз ҳам хеле муҳим буда, нишонаи он аст, ки имконоти ақлу тафаккури инсонӣ беохир аст. Дар ин раванд Имом Абумансури Мотурудӣ натанҳо ҳамчун пайрави хастагинопазири таълимоти Абуҳанифа, асосгузори мазҳаби ҳанафии мазҳаби суннӣ, балки ҳамчун асосгузори илоҳиёт дар равияи суннӣ низ шуҳрат пайдо кардааст. Ӯ, ба истилоҳ, алломаи бузургест, ки ба пирӯзии ақидаи аҳли суннат ва-л-ҷамоат тавассути ақл ноил шудааст. Бояд гуфт, ки то Имом Мотурудӣ илми калом танҳо ба ривоят (нақл, ахбор) асос ёфта, андешаҳои худро баён мекард. Агар ба илми каломи пешниҳодкардаи Имом Мотурудӣ назар андозем, умдатан бар асоси ду сарчашмаи асосӣ: ақл ва нақл такя карда, амал намудааст ва аниқтараш, назарияи худро бар миёнаи ин ду сарчашма асоснок гардонидааст. Аз ин рӯ, таълимоти дини мубини исломи мо дар умури дин ва дунявӣ ақидаи мӯътадил буданро ба миён гузоштааст. Дар ояти 143-юми сураи “Бақара”-и Қуръони Карим оварда шудааст: “Ҳамин гуна (яъне, мисли он ки ба роҳи ҳақ ҳидоят намудем), шуморо як миллати миёна (мӯътадил, боадолат) кардем”. Ҳикмати азалии Пайғамбарамон солла-л-Лоҳу алайҳи васаллам низ дар ин хусус аст: “Хойр ул-умури авсатуҳо” (ҳар корро миёнааш беҳтар аст).
Ҳаёт ва фаъолияти илмии донишманди бузурги илоҳиёт Абӯмансур Мотурудӣ асосан дар зодгоҳаш Самарқанд сурат гирифтааст. Ӯ бар хилофи бисёре аз уламое, ки дар асрҳои миёна зиндагӣ кардаанд, ба хориҷа сафар накардааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки таълимоти ӯ, бахусус дар соҳаи илоҳиёт, дар замони аллома ба дигар кишварҳо васеъ паҳн нагардидааст. Барои муқоиса, яке аз уламои бузурги илоҳиёт, Имом Абулҳасани Ашъарӣ, асосгузори мазҳаби ашъарӣ, дар Бағдод кору зиндагӣ мекард ва ҳам ном ва ҳам таълимоти ӯ дар ҷаҳон машҳур аст.
Ҳатто дар асарҳои библиографӣ дар бораи ҳаёти Имом Мотурудӣ ва мероси илмии ӯ маълумоти хеле кам мавҷуд аст.
Ба тариқи мисол, ҳатто донишманди маъруфи араб оид ба таърихи фалсафаи ислом ва эътиқоди динӣ Абулфатҳ Муҳаммади Шаҳристонӣ (1076-1153) дар асари асосии худ «Ал-милал ва-н-ниҳал» («Динҳо ва тоифаҳо») дар бораи мактаби мотурудия ёдоварӣ накардааст.
Ҳарчанд дигар уламои муосири Абумансури Мотурудӣ низ таълимоти ӯро аз таълимоти Ашъарӣ бартарӣ додаанд, мутаассифона, ба ӯ тақрибан эътибор надодаанд. Аз ин рӯ, Мотурудия дар ибтидо танҳо дар Мовароуннаҳр, асосан дар Самарқанд паҳн шуда буд.
Саҳми шогирдон ва пайравони Имом Мотурудӣ дар паҳн шудани таълимоти ӯ дар ҷаҳони ислом бузург буд. Абулмуъини Насафӣ (1027-1114) бешак аз зумраи донишмандоне буд, ки дар тафсири муфассали тамоми мазмуни таълимоти олим ва эътирофи он ҳамчун таълимоти воқеан муҳим саҳми бузург гузоштааст. Насафӣ, ки ҳаштод сол пас аз марги устодаш Абумансури Мотурудӣ ба дунё омадааст, дар «Табсират ул-адилла», «Баҳр ул-калом» ва «Китоб ат-тамҳид ли-қавоъид ат-тавҳид» навиштааст, ки каломи Имом Мотурудӣ дар асоси далелҳои илмӣ таълимоти худро муфассал баён карда, моҳияти онро шарҳ додааст.
Ин манбаи арзишманд, ки аз ҷиҳати ҳаҷм хеле калон аст (беш аз ҳазор саҳифа) дар ду ҷилд (ҷилди аввал соли 1990, ҷилди дуюм соли 1993) аз ҷониби Донишгоҳи илмии Фаронса оид ба омӯзиши забони арабӣ дар Димишқи Сурия чоп шудааст.
Дар фаъолияти аллома дуруст шарҳ додани мазмуни ҳаётбахши дини мубини ислом — мубориза бар зидди бидъату хурофоти гуногун мавқеи махсус дорад.
Фозил ШУКУРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фалсафа оид ба илмҳои филологӣ.