МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН — МОҲИ ПОКӢ ВА ПОККОРӢ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Мардуми мо покӣ ва поккориро дӯст дорад. Зеро, тӯли қарнҳои зиёд дини мубини ислом, аҷдоди моро ба покӣ ва поккорӣ даъват намудааст. Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аз қалби пок маншаъ мегирад. Ислом таълим медиҳад, ки Худо бо покон ва поккорон аст. Худо — поки покон бандаашро низ, ки офаридаи худи ӯст, поку беолоиш дидан мехоҳад...

 

Урфу одатҳо ду навъанд: урфу одатҳои нек ва бад. Покию поккорӣ аз урфу одатҳои неки мардуми мост. Боргоҳи фариштагон дилу манзили пок аст, вале нишемангоҳи шайтон олудагиҳост. Биноан, занону духтарони поккори мо ҳар субҳ ба истиқболи фариштагон хонаю ҳавлиҳоро тоза рӯфта, об мезананд. Баъди рӯбучини хонаю ҳавлӣ, ба хотири ворид шудани фаришта ва қуту барака ба хонадон, як муддат дару дарвозаҳоро дар ҳолати боз мегузоранд. Дар дигар кишварҳо чунин одат нест...
Шукри Парвардигор, ки бо ташаббуси сарвари мамлакатамон ду-се соли охир ба густариши дини ислом дар кишварамон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Масҷидҳои зебову замонавӣ қад рост мекунанд, сафи онҳое, ки ба зиёрати хонаи Худо мераванд, зиёд мешавад... 
Моҳи шарифи рамазон моҳи покӣ, поккорӣ ва имтиҳон буд. Имсол ҳам муслиму муслимаҳои кишварамон ин моҳи муборакро сарбаландона пушти сар гузоштанд.
Покӣ ду навъ аст: покии зоҳирӣ ва покии ботинӣ. Покии зоҳирӣ покии бадану либос бошад. Инсон  бояд бадану либосашро аз олудагиҳо пок нигоҳ дорад. Ба бадане, ки аз чирку олудагиҳо пок аст, касолат роҳ наёбад. Инро илми тиб низ собит намудааст. Баъди поккории бадан дар ҳаммом инсон худро ҷисман ва рӯҳан сабук ҳис мекунад. Покии ботинӣ покии рӯҳиву ахлоқист. Сухани нарм гуфтан, дурушт нагуфтан, ғайбати касеро накардан, ба дармондагон дасти мадад дароз кардан, афтодаеро бардоштан, дили касеро наранҷондан, луқмаи ҳалол хӯрдан ва хӯрондан, даст ба дуздӣ набурдан, кибру ҳаворо аз сар дур кардан, хоксору фурӯтан будан, ба таҳқири касе роҳ надодан, кам хӯрдан, кам гуфтан... далели сафои ботин бошад.
Гуфтем, ки моҳи Рамазон, дар баробари моҳи покию поккорӣ будан, моҳи имтиҳон низ ҳаст — имтиҳони нафс. Инсон як моҳи тамом бо нерӯи ирода аз субҳ то шом худро аз хӯрдани обу таом нигоҳ медорад, дар ин моҳ дар ҳама ҳолат бояд оташи қаҳру ғазаб фурӯ нишона шавад, вагарна рӯза мешиканад. Магар ин имтиҳони ирода нест? Худо собиронро дӯст дорад. Рӯза то ҷое ба инсон сабру таҳаммул ва бардошт низ меомӯзад. Биноан, аксарияти мардуми мо сабрпешаанд.
Ҳамин сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ аст, ки мо мушкилоти зиёдеро сарбаландона пушти сар мегузорем, бо мурури вақт зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ меоварад.
Инак, ба ризоияти Ҳақ таоло як моҳи тамом рӯза доштем, иди Рамазон фаро расид. Аз фурсат истифода бурда ҳамаи мусалмонони ноҳия ва кишварамонро бо иди сайиди Фитр табрику муборакбод менамоем. Дар ин рӯз дуоҳои неки ҳамаи солеҳу солеҳагон мустаҷоб гардад, Худо марҳаматашро аз кишварамон ва аҳли он дареғ надорад.

Охунҷон ВОСЕЕВ,
имом-хатиби масҷиди 
ҷомеъи ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: