МОҲИПАРВАРИ НАТИҶАИ ХУБ МЕДИҲАД

Аҷоиботи дунё бисёр, одам дар зери об дер истода наметавонад.

Аҷоиботи дунё бисёр, одам дар зери об дер истода наметавонад. Аммо моҳӣ дар қаъри уқёнусу дарё ва баҳрҳо зиндагӣ мекунад. Хелҳои он зиёданд. Гӯшти моҳиро мардуми мо аз замонҳои қадим истеъмол менамоянд. Вале маълум нест, ки он кай ба рӯихати таомҳои миллӣ дохил шудааст. Бино ба фикри мутахассисон моҳӣ организми одамро бо сафеда таъмин менамояд, хушхӯру сабукҳазм мебошад. Гӯшташ аз хӯрокҳои парҳезӣ ба шумор меравад, кори ғадуди сипаршаклро беҳ, фаъолияти дилу рагро муътадил менамудааст. Шифокорон ба беморони қанд ҳам гӯшти моҳиро чун хӯроки парҳезӣ тавсия мекунанд. Аз моҳӣ мисли моҳибирён, моҳишӯрбо, паштет, котлет ва ғайра таомҳои гуногун тайёр мекунанд. 
Дар мамлакатамон мувофиқи қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушди босуръати моҳипарварӣ» аз моҳи апрели соли 2018, ба мақсади зиёд кардани маҳсулоти моҳӣ корҳои зиёд ба амал татбиқ карда мешаванд.
Моҳӣ дар мамлакатамон асосан дар ду шароит: шароити табиӣ (дар кӯлу дарёҳо) ва шароити сунъӣ дар вилоятҳои Қашқадарё, Андиҷон, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Навоӣ ва Сирдарё парвариш меёбад. Бино ба тавсияи Ташкилоти ҳифзи тандурустии ҷаҳон як одам дар як сол бояд 12 килограмм гӯшти моҳӣ истеъмол намояд. Дар кишварҳои наздибаҳрӣ ин нишондиҳанда аз меъёр мегузарад. Вале дар Ӯзбекистон, бино ба маълумоти ВАО, истеъмоли гӯшти моҳӣ ба сари аҳолӣ дар як сол ҳамагӣ 3 килограммро ташкил медодааст.
Имрӯзҳо ба мақсади зиёд кардани моҳӣ ва ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ дар кӯлу дарёҳо, шолизор ва ҳавзҳои сунъӣ дар асоси технологияи пешқадами кишварҳои хориҷӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. 
Моҳипарварӣ дар Ҳайдаркӯл, ки дар ҳудуди ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ва ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах доман паҳн кардааст, дар асоси технологияи замонавӣ ривоҷ меёбад. Дар натиҷаи қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳо ва дастгирии соҳибкорӣ ҷавонон ба моҳипарварӣ бештар ҷалб карда мешаванд. 
Ҳоло бозорҳои пойтахтамон ва маркази вилоятҳо аз моҳиҳои пешонағафс, зағорамоҳӣ, амури сафед ва дигар намудҳои моҳӣ пур аст. Маълум мешавад, ки корҳо дар ин соҳа натиҷаи хуб медиҳанд. Корҳое, ки дар ҷумҳуриамон доир ба ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ ба амал татбиқ карда мешаванд, шароити мусоид, ҷидду ҷаҳди соҳибкорон ва рақобати озод аз он дарак медиҳад, ки мардуми мо дар ояндаи наздик гӯшти серғизо ва парҳезии моҳиро бо нархи арзон истеъмол менамояд.

Ҳилол РӮЗИЕВ, 
омӯзгор аз ноҳияи Нурато.      

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: