МОҲИПАРВАРӢ – СОҲАИ ДАРОМАДНОК

Истеъмоли моҳӣ барои пойдории саломатии инсон хеле зарур аст. Аз ин рӯ нуқтаҳои моҳипазиву моҳифурӯшӣ ҳамеша серодаманд. Талаб ба ин неъмати файзбахши дастархон пайваста меафзояд.

Истеъмоли моҳӣ барои пойдории саломатии инсон хеле зарур аст. Аз ин рӯ нуқтаҳои моҳипазиву моҳифурӯшӣ ҳамеша серодаманд. Талаб ба ин неъмати файзбахши дастархон пайваста меафзояд.
Қонеъ гардондани эҳтиёҷоти мардум нисбат ба ин соҳа эътибору чорабиниҳои доимиро тақозо мекунад.
Хушбахтона, ҳоло дар вилояти Бухоро бобати рушди соҳаи моҳипарварӣ чораю тадбирҳо андешида мешаванд. Ба ин соҳа рӯ  овардани хоҷагиҳои фермерӣ баҳри афзоиши маҳсулот дар бозорҳо кӯмак мерасонад.
Ба қарибӣ мо бо мақсади шиносшавӣ бо вазъи корҳо дар ин соҳа сӯи яке аз корхонаҳои вилоят – ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоро-балиқ» раҳсипор гардидем. Ин коргоҳ дар шафати роҳи Бухоро – Когон ҷойгир шудааст. Мутаассифона, дар идора ғайр аз мутасаддии кор бо кадрҳо – Шаҳноза Ҷабборова каси дигарро пайдо карда натавонистем. Ин ҳолат рӯзи дигар низ такрор шуд, ҳарчанд бо телефон муддати мулоқот пешбинӣ гардида буд. «Ба бозор рост наомадани гапи хона» бештар барои хабарнигорон душворӣ пеш меовард.
Чӣ ҷойи гила, охир имрӯз роҳбар шуда кор кардан осон нест. Фақат шахсе, ки масъулиятшиносу азму кӯшиш дорад ва баҳри беҳбудию пешравии кор чораҷӯй аст, бори ҷамоатро кашида метавонад, вагарна ӯ маҷбур аст, ки ҷои худро ба каси аз худаш дида ӯҳдабаротар супорад.
Ниҳоят, баъди чанд рӯзи оворагарӣ ба мо мулоқот бо мутасаддиёни кор муяссар шуд. Маълум гардид, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоро-балиқ» 23 феврали соли 2004 дар пойгоҳи идораи давлатӣ таъсис ёфта, ҳоло 26 нафар корманд дорад. Ҳафт нафар дар идора ва нуздаҳ нафар дар ҷараёни истеҳсолот кор мекунанд.  Директор Усмон Шомуродов, ҷонишини вай Ӯткир Бобоев, сармуҳосиб Ботир Бобоев, мудири анбор Шӯҳрат Ҷабборов аз ҷумлаи кормандони идора ба шумор мераванд.
Коргоҳи асосӣ – ҳавзҳои моҳипарварӣ ва лаборатория аз 175 гектар иборат буда, он дар ҳудуди ноҳияи Бухоро воқеъ гардидааст. Аз ҷумла, ҳавзаҳои тухмгузории модармоҳиҳо аз 20 гектар, ҳавзҳои моҳиҳои майда аз 50 гектар ва ҳавзҳои моҳиҳои тайёр (болиғ) аз 100 гектар майдон иборат аст. Миқдори ҳавзҳо 10-12-то  буда, онҳо аз 3 гектар то 30 гектар майдонро ба бар гирифтаанд. 
– Вазифаи корхона аз чӣ иборат аст? – пурсидам аз мусоҳибам.
– Тайёр кардани тухми моҳӣ, дар давоми 40 рӯз бо усули лабораторӣ, дар инкубаторҳо ҳосил намудани моҳибачаҳо, парвариш карда (ба як-якуним кг расонда), баъди як сол ба фурӯш баровардани онҳо, ба хоҷагиҳои фермерие, ки ба соҳаи моҳипарварӣ низ рӯ овардаанд, бо шартнома расонда додани моҳибачаҳо вазифаи мо маҳсуб меёбад.
– Маҳсулоти шуморо киҳо мегиранд?
– Аз маҳсулоти мо нафақат хоҷагиҳои фермерии бозорҳои вилоят, балки эҳтиёҷмандон аз вилоятҳои Навоӣ, Қашқадарё низ истифода мебаранд, Ба ибораи дигар, имрӯз тақрибан 80-90 фоизи маҳсулоти истеҳсолшавандаи вилоят ба ҳиссаи мо рост меояд.
– Кадом намуди моҳиҳоро парвариш мекунед? 
– Зағорамоҳӣ, ғафси пешонаҷаста ва сафеди Амур ин ҷо парварда мешаванд,
– Дар корхона соле чӣ қадар моҳӣ истеҳсол мегардад?
– Сесад тонна.
– Маоши коргарон?
– Аз 800 ҳазор сӯм то як миллион сӯм музди кор пардохта мешавад.
– Имрӯз дар бозорҳо чаро нархи моҳӣ баланд аст?
– Нафақат моҳӣ, нархи маҳсулоти дигар низ. Вақте нархи озуқа, хӯроки омехта, сӯзишвории нақлиёт боло меравад, ин ба ҷараёни истеҳсолот хоҳ-нохоҳ акс таъсир мерасонад.  Тасаввур намоед, барои ба балоғатрасии ҳар як моҳӣ панҷ килограмм озуқа лозим аст.
– Корхонаатон дорои чӣ имкониятҳост?
– Бино, се автомобили моҳикашонӣ, экскаватор, булдозер, қаиқҳои моҳидорӣ, хуллас ҳар чизе ки зарур аст, дорем.
– Нақшаҳои ояндаатон?
– Рӯзҳои наздик аз бонк ба андозаи 900 ҳазор доллари ИМА вом гирифта, аз Чин дастгоҳҳои зарурӣ оварда моҳҳои наздик истеҳсоли котлет, ҳасибча, лаҳми моҳиро ба роҳ мемонем.
Инчунин барои 60 тонна моҳӣ сохтани ҳавзи пӯшида, омодасозии яххона барои 100 тонна моҳӣ, овардани таҷҳизот, асбобу анҷоми нав барои лаборатория, омӯхтани таҷрибаи моҳипарварони Чин, солҳои оянда ба 400-500 тонна расондани истеҳсоли моҳӣ, фароҳам овардани 15-то ҷои корӣ аз ҷумлаи нақшаҳои навбатиамон аст, – огоҳ намуд директори корхона Усмон Шомуродов.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: