МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ҚАРОР — МАВРИДИ МУҲОКИМА

27 июни соли ҷорӣ қарори Президент «Дар бораи чораҳо оид ба дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика» қабул шуда буд.

Дар ҷамъомади навбатии Маркази матбуоти миллӣ, ки дар он намояндагони Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, ходимони нашрияҳои чопӣ, профессор-омӯзгорони муассисаҳои таълими олии журналистика ва донишҷӯён иштирок намуданд, доир ба мазмуну моҳият ва аҳамияти қарори мазкур сухан ба миён омад.
– Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудааст, ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин минбаъд баланд бардоштани рушди соҳаи журналистика мебошад, – гуфт раиси Иттиҳоди журналистон Олимҷон Ӯсаров. – Қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика»-ро ҳамаи намояндагони соҳа – чӣ дар телевизиону радио ва чӣ дар нашрияҳои чопӣ фаъолият доранд, бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Бешубҳа, ҳаллу фасли масъалаҳое, ки дар қарор пешбинӣ шудааст, бевосита ба рушди соҳа ва баланд бардоштани нуфузи журналистон  хидмат мекунад. Аз ҷумла, дар солҳои 2023-2024 50 нафар журналист ва узви таҳририятҳо барои таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар чорабиниҳои медиа ба хориҷ фиристонида мешаванд. Дар навбати худ барои онҳо гурӯҳҳои хониш ташкил дода мешавад, ки мутахассисони бомалакаи хориҷ дарсҳои маҳорат мегузаранд ва таҷрибаҳояшонро баҳам мебинанд.
Минбаъд барои баланд бардоштани нуфузи кадрҳои журналист озмуни «100 маводи беҳтарин» баргузор шуда, ғолибони он мукофотонида мешаванд. 
Директори Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон Абдусаид Кӯчимов гуфт, ки таҳририятҳои чопӣ аз обунашавӣ то рафта расидани рӯзнома ба дасти хонандагон мушкилоти зиёдро аз сар гузарониданд. Мувофиқи қарор, пас аз ин, сохтори онлайни обунашавӣ ба роҳ монда мешавад. Чунин платформа ҳам барои нашрия ва ҳам барои газетхон қулаии хосро дорад. Афзалнокии платформа дар он аст, ки таҳририят метавонад бо почта ҳамкориро ба роҳ монда, ҷараёни обунашавиро бевосита таҳти назорат гирад. Маблағи барои обуна ҷудошуда бевосита ба дасти худи таҳририят меояд ва ӯ метавонад аз хидмати хидматрасонии дилхоҳ истифода барад.
Мувофиқи қарор бинои иншооти матбуотчиён, ки дар кӯчаи «Матбуотчилар»-и ноҳияи Мирободи пойтахт ҷойгир шудааст, азнав пурра тармим гардида, ба ихтиёри Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон дода мешавад. Дар он ҷо мисли давлатҳои рушдёфта шаҳраки матбуотчиён бунёд гардида, иншоот пурра бо технологияҳои замонавӣ таъмин мегардад. Масъалаи сохтмони истгоҳҳои замонавии зеризаминӣ барои автомобилҳо ва фаввораҳои замонавӣ низ таҳти назар гирифта шудааст.
Дар охирсухан бояд тазаккур дод, ки имрӯз намои иҷтимоиву сиёсии ҷаҳон бо суръати баланд тағйир меёбад. Баробари ҳамин, қатори ҳамаи соҳаҳо аз соҳаи журналистика низ тезкорӣ ва маводҳои босифати аз ҷиҳати иҷтимоиву сиёсии беғалат таҳлилгирдида талаб карда мешавад. Бинобар ин маводҳо бояд ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як фард таъсири мусбати худро расонад.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: