МОҲИЯТИ ИСЛОҲОТИ ОЗОДГАРДОНИИ БОЗОРИ ҒАЛЛА

Солҳои охир чун дигар ҷабҳаҳои иқтисодиёт дар соҳаи хоҷагии қишлоқи кишвар низ озодгардонӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи фермер ва деҳқонон, баланд бардоштани манфиатдории моддии онҳо корҳои назаррас ба амал бароварда мешавад.

Маълум ки паҳнгардии пандемияи коронавирус дар тамоми дунё дар расонда додани маҳсулоти навъҳои асосии озуқаворӣ муаммоҳо ба вуҷуд оварда буд. Ба мақсади таъмин кардани аҳолӣ бо маҳсулоти асосии истеъмолии арзон – орди сифатнок ва нон аз ҷониби Девони Вазирон механизми расонда додани он ҷорӣ гардид. Ин тартиб то имрӯз амал мекард ва ин чораи муваққатӣ вазифаи худро иҷро кард.
Ба мақсади таъмини бозори дохилӣ бо орди арзон ва нон нархи аз ҷониби давлат муқарраргардида ба хариди орд ба тамоми бозор мувофиқат накард ва аз он хоҷагиҳои истеҳсоли дон (ғалла) зарар дид, нархи байни маҳсулоти дони истеҳсоли маҳаллӣ ва воридотӣ ба шаклгирии муҳити коррупсионӣ сабаб шуд, ҳангоми ҷорӣ гардидани интизоми мазкур бисёри тадбиркорон роҳи осони даромадро ба даст дароварданд. Маҳсулоти захираи давлатро ба аҳолӣ пурра дастрас нанамуда, дар бозор бо нархи қимат фурӯхтанд. Инчунин қисми зиёди маҳсулоти барои дастрасии нони «қолабӣ» (буханка) муқарраршуда ба истеҳсолот нарасида фурӯхта шуданд.
Аз туфайли нигоҳ доштани нархи арзони нони қолабӣ дар шаҳри Тошканд ва аз сабаби қимат будани хӯроки чорпоён нони қолабиро ҳамчун ғизои чорпо мехариданд. Хуллас, орде, ки аз захираи давлат дар натиҷаи азнавкоркарди дон истеҳсол мегардид, пурра ва бо нархи арзон дастраси аҳолӣ нагардид.
Ба мақсади роҳ надодан ба ҳолатҳои номбурда аз соли ҷорӣ ба ҷараёни хариди ғалла пурра ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар назар аст. Барои фароҳам овардани шароити мусоид ба ҳамаи истеъмолчиён озодгардонии бозори ғалла ба роҳ монда мешавад.
28 майи соли ҷорӣ қарори Президент «Доир ба чораҳои иловагии ҷорӣ кардани тамоили бозор дар истеҳсоли ғалла ва фурӯши он» қабул гардид. Мувофиқи он аз 1 июни соли ҷорӣ хариди ғалла ва фурӯши он дар асоси нархи бозор ба амал бароварда шуда, ба кластерҳои ғаллакорӣ ва фермерии соҳа ба фурӯш баровардани истеҳсоли худ бо нархи бозор рухсат дода шуд. Моҳияти асосии ин ислоҳот дар чист? Ба ин ва дигар саволҳои пешомада дар анҷумани матбуотие, ки дар Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ барпо гардид, мутахассисони соҳа батафсил ҷавоб гардонданд.
– Мақсади асосии қабули қарори мазкур пеш аз ҳама, баланд бардоштани манфиатдории моддии истеҳсолкунандагони ғалла, аз ҷумла, хоҷагиҳои фермерӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани ҳаҷми ҳосилнокӣ ва истеҳсоли ғалла мебошад, – таъкид намуд муовини вазири хоҷагии қишлоқ Шӯҳрат Мирзоев. – Ин дар навбати худ барои таъмини муттасили бозори дохилӣ бо маҳсулоти дон замина гузошта, ҷозибадории инвеститсиявии соҳаро боло мебардорад.
Дар қарор самти асосии озодгардонии бозори ғалла нишон дода шудааст. Аз ҷумла соли 2022 аз ҳисоби маблағи Бунёди дастгирии хоҷагии қишлоқи назди Вазорати молия 1783 ҳазор тонна гандум ба сифати захираи давлат, 266,5 ҳазор тонна ғалла ба сифати тухмӣ харид карда мешавад.
– Дар зинаи аввал бо ғаллаи ба сифати захираи давлатӣ қабулшуда ба ҳар як тоннаи ғаллаи истеҳсолчиён 3 миллион сӯм ҳақ дода, моҳи сентябр баъди шаклгирии нархи ғалла дар биржа боз аз нав ҳисоб карда мешавад, – таъкид намуд мудири департаменти Вазорати молия Тулқин Мирзоев. – Масалан, моҳҳои июл-август нархи ғалла дар биржа ба ҳар як тонна 3,7 миллион сӯм бошад, ба истеҳсолгарон боз 700 ҳазор сӯмӣ ба ҳар як тонна дода мешавад. Ба ғайр аз ин, моҳҳои июл, август ва сентябр 500 ҳазор тонна ғалла барои дар биржа фурӯхтан ба корхонаҳои дон қабул карда мешавад. Ин маҳсулотро худи фермерҳо бо нархи бозор дар биржа мефурӯшанд ва ҳаққи онро мегиранд. 500 ҳазор тонна ғаллаи ба корхонаҳои дон кашондашуда ва хароҷоти нигоҳдории он аз ҷониби давлат сарпур карда мешавад. Ба ғайр аз ин, ғаллаи навъи 4 ва 5, ки лоиқи азнавкоркард нест, дар савдои биржа бе ҳеч як маҳдудият ба истеъмолчиён фурӯхта мешавад.
Саволе ба миён меояд: чаро фермерҳо давоми ин солҳо ба замин инвеститсия дохил накардаанд, аз чӣ сабаб онҳо аз бонк ё давлат қарздор буданд, ба ҳосилнокии замин ё бартараф намудани шӯрнокии он ҳаракат накардаанд? Сабаб якто – онҳо манфиати моддӣ надоштанд.
– Соли ҷорӣ мо бозори ғалларо озод гардондем. Ин барои фермерон дарҳои нави имкониятҳоро мекушояд. Фермер бой бошад, халқ бой мешавад, – илова намуд Ш.Мирзоев. – Агар  ба инобат гирем, баробари зиёд шудани манфиатҳои моддии фермерони хоҷагиҳо ба манфиати моддии аҳолии дар ин самт фаъолият баранда низ таъсири мусбат мерасонад.
Озодгардонии нархи ғалла ба дараҷаи нархи бозори дохилӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?
Барои таҳлили масъалаи мазкур ба маълумоти одии статистикӣ муроҷиат мекунем. Дар Ӯзбекистон талаб ба маҳсулоти дон соле ба ҳисоби миёна 3 млн. тоннаро ташкил медиҳад, аз он ҷумла ба эҳтиёҷи аҳолӣ тахминан 2,4 млн. тонна сарф мегардад. Соли 2021 дар ҷумҳурӣ 3,5 млн. тонна маҳсулоти дон истеҳсол гардидааст. Ин маънии истеҳсоли дон барои эҳтиёҷи ҷумҳурӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин карданро дорад.
Таъсири озодкунии бозори ғалла ба нархи орд то чӣ андоза аст?
Озодгардонии нархи ғалла боиси баланд шудани нархи орд намегардад. Зеро дар бозор ва дуконҳо орд ва маҳсулоти он бо нархи бозор ба фурӯш мераванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баланд шудани нархи орд миқёси ҷаҳонӣ касб карда, дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад.
Моҳи май боло рафтани динамикаи нархи ғалла дар биржаҳои дунё нисбати соли гузашта 47-58 фоизро ташкил дод. Қимат шудани нархи орд дар мамлакати мо аз ҳисоби омилҳои дохилӣ набуда, фақат дар асоси дигаргуниҳои бозори беруна содир мегардад. 
Дар шароити озодгардонии бозори ғалла қишри ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ чӣ тарз дастгирӣ карда мешавад? Ба ин савол иҷрокунандаи вазифаи директори Фонди нафақаи ғайрибуҷавии назди Вазорати молия А.Ҳайдаров чунин иброз дошт:
– Модели рушди иқтисодии мо ба модели ҳимояи иҷтимоӣ нигаронида шудааст ва дар ҷараёни мазкур барои ҳимояи аҳолии камтаъмин роҳ ва механизмҳои аниқ кор карда шудаанд.
Мувофиқи қарори Президент аз 25 майи соли 2022 ба нафақахӯрони синнусолӣ, ногироҳо, ногироҳои аз хурдсолӣ ба нафақа таъиншуда, нафақагирони саробони худро гумкарда, ба парвариши дигарон мӯҳтоҷ ва нафақаи барои парвариши бачаҳо то синни 18 дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо 300 ҳазорӣ, дар шаҳри Тошканд 400 ҳазорӣ, оилаҳои камтаъмине, ки оиди самти ахбори «Реестри ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ» ёрии моддӣ мегиранд ва ба сифати оилаи камтаъмин нафақаи бачагонаро мегиранд, ба ҳар як фарзанди то синни 18 – 200 ҳазор сӯмӣ кумаки якдафъаина дода мешавад.
Руйхати оилаҳои эҳтиёҷманди ба «Дафтари оҳанин» номнависшуда ва ёрии моддии якмаротибаро нагирифта тартиб дода, ба ҳар як аъзои ин оилаҳо 20 килоӣ орд бепул дода мешавад. Инчунин, ба оилаҳои дорои аҳволи вазнини иҷтимоидошта аз ҳисоби Бунёди «Саховат ва кумак» ва манбаъҳои дигар ройгон орд ё ки дар шакли пули нақд ёрии моддӣ расонда мешавад.
Давоми соли 2022 раисони маҳаллаҳо бо ёрдамчиёни ҳоким дар ҷамъомадҳои маҳаллаҳо аҳволи оилаҳои эҳтиёҷманди маҳалларо мунтазам меомӯзанд. Ба саволи болоравии нарх то кай давом медиҳад, муовини вазири Вазорати молия Ҷамшед Абруев чунин ҷавоб дод:
– Дар шароити имрӯза ҷавоби аниқ гуфтан муҳол аст. Мардуми мо метавонанд хотирҷамъ бошанд, зеро барои таъмини барқарории нархи орд ва нон дар кишварамон чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар бозори дохилӣ танқисии орд ва нон ба вуҷуд намеоянд.
Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли зиёда аз 7,5 млн. тонна ғалла дар назар дошта шудааст. Ин нишондод нисбати соли гузашта 1,5 млн. тонна зиёд аст. Умуман талаби ғаллаи ҷумҳурӣ соле 8,5 млн. тоннаро ташкил дода, 80-85 фоизи ин эҳтиёҷро аз ҳисоби захираҳои дохилӣ пӯшондан мумкин. Аз ин рӯ, мардуми мо бояд хотирҷамъ бошанд. Захираҳои орд ва ғалла ба андозае ташаккул дода шудаанд, ки дар ҳолати зарурӣ он ба бозори дохилӣ бароварда мешавад. Алҳол органҳои ҳукумат ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ оиди таъмин ва мавҷудияти доимии маҳсулоти орд ва нон мониторинг мебаранд.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: