МОҲОНАИ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки ба наздикӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии сар то сари ҷумҳурӣ моҳонаи фанҳои забон ва адабиёт, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик баргузор шуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ба наздикӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии сар то сари ҷумҳурӣ моҳонаи фанҳои забон ва адабиёт, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик баргузор шуданд. Чунин моҳона дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 50-уми ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё низ бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос гузаронида шуд. 
Дар созмондиҳӣ ва баргузории моҳонаи фанҳои забону адабиёт саҳми омӯзгорони пуртаҷриба ва ҷавони мактаб, аз ҷумла, Норбӣ Тоҳирова, Гулбаҳор Раҳимова, Муҳаббат Отамуродова ва Маҳмуд Эсонов хеле назаррас буд.
Азбаски дар мактаби номбурда таълим ба ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ аст, моҳонаи фанҳои мазкур хеле рангоранг, шавқовар ва сабқатҳои ба худ хос баргузор гардид.
Дар доираи моҳона аз ҷониби омӯзгорони номашон зикршуда дарсҳои озод ва кушод ташкил гардиданд. Дар ин дарсҳо муаллимони фанҳои дигар низ иштирок карда, ба дарс ва сабақҳои ҳампешагони худ баҳои баланд доданд. Толибилмони мактаб доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоиру нависандагони ҳар ду миллат – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Алишери Навоӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Муҳаммадризо Огаҳӣ, Камоли Хӯҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ғафур Ғулом, Ойбек, Лоиқ Шералӣ, Абдулло Қаҳҳор, Мӯъмин Қаноат, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Муҳаммад Юсуф ва дигарон  порчаҳои шеърӣ, ғазал, рубоӣ ва қитъаҳо қироат карданд. Дар озмунҳои «Беҳтарин китобхон», «Беҳтарин ҳуснихат», «Беҳтарин қироати шеър», «Беҳтарин иншо» ва ғайра бо завқу шавқи беандоза иштирок намуданд.
Дар охир ба созмондиҳандагон ва ғолибони моҳонаи фанҳои забону адабиёт аз ҷониби маъмурияти мактаб ҷоиза ва ифтихорномаҳо супурда шуданд.
Моҳонаи фанҳои забону адабиёт хеле муассир гузашт ва ба омӯзгорону хонандагон таассуроти хуб гузошт.

Норбӣ ТОҲИРОВА,
 мактаби  рақами 50-уми ноҳияи Деҳнави.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: