МОҲОНАИ САЛОМАТИИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

Аз 1-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати ҳифзи тандурустӣ бори аввал дар Ӯзбекистон бо мақсади солимгардонии коркунони соҳаи кишоварзӣ пеш аз оғози мавсими баҳор аксияи «Моҳонаи саломатии кормандони хоҷагии қишлоқ» гузаронида мешавад.

Дар доираи ин иқдом 14-уми феврали соли равон таҳти ташаббуси Садорати ҳифзи тандурустии вилояти Самарқанд  дар ноҳияи Каттақӯрғон санҷиши амиқи тиббӣ гузаронида шуд.
Деҳқонону фермерон, боғдорон, кормандони кластерҳо ва аъзои оилаи онҳо аз санҷиши амиқи тиббӣ, инчунин скрининг гузаронида шуданд.
– Беш аз 30 нафар шифокорони ботаҷрибаи муассисаҳои табобатии вилоят ва бригадаҳои тиббӣ намояндагони соҳаи кишоварзӣ, инчунин, аҳолии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қародарё ва маҳаллаҳои гирду атрофи ноҳияро ҳамаҷониба муоина карданд, – гуфт роҳбари Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Каттақӯрғон Манзура Асророва. – Бояд таъкид кард, ки мо пештар низ чунин санҷишҳои тиббиро амалӣ мекардем, вале онҳо ба таври умумӣ сурат мегирифтанд. Ин иқдом бори аввал пеш аз оғози мавсими киштукор гузаронида шуд. Зеро дасторхони мардуми кишвар маҳз туфайли ҷидду ҷаҳди меҳнаткашони хоҷагии қишлоқ пурфайз аст. Онҳо аз аввали баҳор саргарми корҳои кишоварзӣ мешаванд. Дар доираи аксияи имрӯза қариб 700 нафар аз санҷишҳои пулмонолог, терапевт, эндокринолог, уролог, онколог, травматолог, невропатолог ва шифокорони дигар соҳаҳо гузаштанд. 
Дар ин кор шаҳрвандон аз хидмати клиникаи офтомологии мобилӣ, дастгоҳи сайёри маммография ва муоинаи сайёри ултрасадои муассисаҳои табобатӣ-профилактикии вилоят истифода бурданд. 
Рӯйхати шаҳрвандоне, ки аз назорат гузаштанд, таҳия гардида, барқарорсозии саломатии онҳо зери назорат гирифта шуд.
– Мо дар ноҳия фаъолияти хоҷагии фермерии «Ёқуб-бобо»-ро, ки ба пахта, ғалла ва чорвопарварӣ ихтисос дорад, пеш мебарем, – гуфт сокини маҳаллаи Мойбулоқи ноҳия Тӯхтатош Камолова. 
 – Ман омӯзгори собиқадор ҳастам, беш аз 35 сол дар соҳаи таълим кор кардам, ҳоло нафақахӯрам. Чанд сол боз аз дарди пой азият мекашам. Имрӯз ба санҷиши тиббӣ омадам. Травматологҳо муоина карда, тавсияҳо доданд. Умед дорам, ки пас аз гирифтани табобат аз ин дард фориғ мешавам.
Дар аксия тибқи тавсияи мутахассисон аз ҷониби Хазинаи хайрияи «Соғлом авлод учун» барои мустаҳкамсозии саломатии шаҳрвандон беш аз даҳ намуди доруворӣ бепул тақсим карда шуд. 
Боиси ёдоварист, ки пеш аз оғози аксия иттиҳодияҳои тиббии вилоят рӯйхати 11313 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ ва 27877 нафар аъзои оилаи онҳоро тартиб дод.
То имрӯз 18596 нафар (47%) аз муоинаи профилактикӣ гузаштанд, дар 3101 нафар шаҳрванд бемориҳои гуногун муайян гардид. Дар 1110 нафари онҳо бори аввал беморӣ ташхис карда шуд.
2841 нафар (91%) шаҳрванд табобат гирифта, ба 416 нафар барои табобати амбулаторӣ, ба 79 нафар ба муассисаҳои тиббии вилоятӣ ва ба 12 нафар барои табобат дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат дода шуд.
Моҳона то 1-уми марти соли ҷорӣ давом мекунад.

Ф. ЮЛДОШЕВ,
вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: