(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои № 59,60).
Бешак, замоне дар сари шохае, ки ин баргро дошт, гули заб-зард шукуфта, сипас ба «кулоҳак»-и қоқу табдил ёфта, дар ниҳоят, бо вазидани бодҳо рехта, дар канори баргҳои хазони поизӣ ба зери барф афтодааст... Пӯсида нарафтанаш аҷиб аст...
Ҳамон рӯз писаракашро бардошта аз дӯкони нон бармегашт, ки дар канораҳои ҷӯйи пушти хонааш баргакҳои ҷавоназадаи ҳулбӯ ба чашмаш бархӯрд. Каме дуртар ҳам паҳну пареш гиёҳони туршак сабзидаанд. Писарашро маҳкам дар оғӯш гирифту хам шуда ба чидани сабзаҷот даромад. Хеле ҷамъ кард, то даҳони халтачаи плостикиаш пур шуд.
Бегоҳӣ дасторхонашро бо бараки алафин, санбӯса оро дод.
Мирсоат бо лабханд гуфт:
– Ҳамин пазандагии тура нағз мебинам-дия, модараш!
– Худама чӣ? Худи мана нағз намебинед?
Ҷавон абрувонашро боло кашида ба ҳамсараш рӯ овард:
– Чи-ӣ, ин сухан аз куҷо баромад? Агар нағз намедидам, бо ту издивоҷ мекардам?
– Акнун, пас аз хонадоршавӣ ҳам нағз мебинед?
Шавҳараш бо луқмаи пури санбӯса сарашро ҷунбонда овоз дод:
– Оре.
Ин ҷавоб наварӯсро қонеъ накард. Зери мижгонҳояш пури ашк шуд. Шавҳараш бо тааҷҷуб гуфт:
– Ман ҳайронам, одам ба ҳамин ҳам гиря мекунад?
– Ин сухана... охир, одам ин хел намегӯяд!
– Чӣ хел мегӯяд?
– Ҳамон солҳо... авввалҳо чӣ тавре ки мегуфтед, ҳамон хел!
Мирсоат ба ханда омад.
– Мисли он солҳо гӯй... – бо завқ гуфт ӯ. – Боғи ҷопонӣ, роҳрави сангфарш, чашмаи дастсохт... оре?
Бо хорӣ гиря кардани ҳамсарашро дида, ҷавон афзуд:
– Ғам нахӯр, ҳаво ки гарм шуд, бори дигар ба боғи ҷопонӣ мебарамат...
– Лозим нест...
– Ҷонам... – гуфт Мирсоат, дар ҳоле, ки ҳар бори меҳрбонӣ кардан ин ҳарфро ба забон меовард, – ҷонам, агар ба ту эътибор надода бошам ба хотири бисёрии корҳоям аст. Аммо, ҷонам, туро ҳеч гоҳ фаромӯш накардаам!
Бо ин ҳол нороҳатии наварӯс аз байн нарафт, вале аз замири суханони шавҳар чунин мазмунро бардошт кард: ҳамон тавре ки вай он Ҳамидаи аввал нест, Мирсоат низ наметавонад ба мисли ҷавони ошиқи он солҳо бошад, суханони дилосои ҳар ду акнун ба гапҳои маъмулӣ табдил ёфтаанд. Чаро ки онҳо канори ҳам ҳастанд, барои дидани якдигар ҳазору як ҳаяҷон, саду як изтиробу нигарониро паси сар карда, роҳ тай намуданашон лозим нест, одиякак, сарашонро ба паҳлу тоб диҳанд бас! Аз ин рӯ, дар байн хотирҷамъӣ муқим аст. Ҳам имрӯз, ҳам фардо метавонанд ҳамдигарро бубинанд, ба якдигар чӣ бояд бигӯянд – маълум, пас, аз чӣ нигарон бошад?
Маҳз бо ин андеша Ҳамида шавҳари худро беғам дид. Дар асл, ҳамин беғамӣ бонуи ҷавонро нигарон месохт. Бо хотирҷамъӣ зиста-зиста, дар охир эҳтимол дорад ба мисли он занаки ширфурӯш ҳама ҳунарашро ба хотири барҳам додани ташвишҳояш ба кор барад. Ё ҳамчун модаршӯяш орзую ҳавасҳои як фарзандро ба сомон расонида, ба анҷом додани корҳои фарзанди дуюмаш камар мебандад... Беҳуда нагуфтаанд, арӯсон рафта-рафта ба модаршӯяшон мезананд! Ин суханро аз забони модараш шунидааст.
Агар чунин аст, завқу ҳиссиёти пештара чӣ мешавад? Бе паю бе нишон аз байн меравад? Ё ки дар миёни рӯзҳои маъмулӣ, дар қиёми орзую ҳавасҳои бачаҳо, аз пайи дарбеҳкунии камукостиҳои ин хона, ки номаш рӯзгор аст, ба пораю порчаҳо, ба зарраҳо тақсим шуда нобуд мегардад? Агар ин тавр бошад, зинда кардани ҳиссиёт чӣ маънӣ дорад?
Наварӯс ин ҳолатро аз дил гузаронда, дар оғӯши ваҳм гиря кард. Мирсоат дар оғоз ба ҳайрат омад: «Чӣ кор шуд, ки нороҳат мешавад?» Сипас хавотир кашид: «Чӣ хабар бошад? Чаро ногаҳон инро пурсид? Ман, ки по ба роҳи каҷ намонда бошам...» Дар поён ба қаҳр омад: «Хеле нозукдил шудааст!» Аз он пас пушт дода хоб рафт. Суханҳои хориомези занро ношунида гирифт.
Субҳ қавоқҳои сурхшудаю варамидаи ҳамсарашро дида нороҳат шуд, нонушта накарда роҳи корро пеш гирифт.
Дари кӯча оҳиста пӯшида шуд. Дар назари наварӯс бошад, дар гӯё шақаррос заду деворҳои хона ларзида рафт. «Нороҳат шудааст, – дар худ андешид вай, – нозу нузам аз ҳад гузашт барин. Бечора ба хотири дастнигар намондани мо ҷон меканад-у, ман...»
Ҳамин дам занги хона садо дод. Бо ҳавлу шитоб «баргашта омад!» гӯён дарро боз кард. Дар назди остона бошад, ҳамсоязани ошёнаи аввал меистод, паҳлуи ӯ саркорбонуи маҳалла ва дар дасти ҳар яке яктоӣ тағора буд. Саркорбону гуфт:
– Хоҳар, имрӯз суманак мепазем. Аз ҳосили имсол ба ҳама гандум тақсим кардем, ба шумо низ овардем. Ҳар чӣ ният доред, гуфта-гуфта яккаю тоза кунед, Худо ёр гардаду ба ниятҳоятон расед.
Ҳамин ки чархгӯштиро шинонда, зарфҳоро омода кард, ногаҳон хориаш омад. Ниятҳояш... Ҳамида чӣ гуна ниятҳое дорад, ки бояд рӯйи об ояд? Сараввал, осудагӣ, зиндагии пур аз хушбахтӣ орзу дорад, намехоҳад ҳиссиёти қаъри дилаш аз байн биравад, хеле мехоҳад писаракаш боақлу боҳуш калон шавад, сипас... мехоҳад соҳиби духтараки хушрӯяке гардад. Наварӯс духтари зебояки дағечашро (абусун) ба ёд овард, дилаш мамлӯи шавқу ҳавас шуд. Агар ба ӯ низ чунин духтарак насиб мекард, мисли лӯхтак оро медод, дастакашро дошта ба сайр мебаромад, номи гулҳову дарахтонро ёд медод... Исмаш... ҳеч, ҳар исмеро модаршӯяш бихоҳад, ҳамонро гузорад!
Дар ҳамин асно аз берун садоҳои ғавар-ғувури занон, чивир-чувури бачаҳо шунида шуд, касе бо гур-гури зиёд оташи ҳезумро баланд кард. Ҳамида тирезаҳоро кушод. Аз нонвойхонаи гӯшаи бино бӯйи хуши нони навпухта ба димоғ зад, айвонча пур аз накҳати сархушкунандаи гулҳои зардолу шуд.
Наварӯс ба карсони гандуми тозакардааш нигоҳ карда ногаҳон ба ёди ниятҳояш афтод ва дарк кард, ки ҳар як нияти кардааш ба хотири осоиши оилааш будааст. Магар мешавад Мирсоат дар канораш набошад, оё бе вуҷуди ӯ метавонад хушбахт зиндагӣ кунад? Барои ҳар кор – боақлу боҳуш калон шудани писараш, ба духтари ширинаке модар шуданаш, ҳатто барои ба духтараш исм гузоштани модаршӯяш бояд дар канори худ Мирсоатро дошта бошад!
Наварӯс тағораро бардошта аз зинаҳо ба поён фуромад. Дар миёни майдоне, ки аз чор сӯ бо биноҳои бисёрошёна иҳота мешуд, дар тӯйхонаи калон бонувони зиёд бо ҳар гуна кори саридастӣ машғул буданд, каме дуртар дар як фазои озод бачаҳо тӯббозӣ мекарданд. Ба ҳар сӯ нигарӣ, бӯйи баҳор ба машом мерасад, ташвиши бисёр, ғалоғулаи фаровон тасаллут дорад, ки ин ҳама гувоҳӣ аз зиндагии ширинест!
Ҳамида дубора аз зинаҳо давида ба боло баромад. Бо шитоб либосҳои писаракашро пӯшонд, ҳангоми баромадан ба берун дар роҳрав нигоҳе ба оинаи қаддӣ афканд. Мӯҳои дар зери сарбандаш ҷамъшударо бо нӯки ангуштони нозукаш ба канортар шона зад, бори дигар ба абрувонаш қалам кашиду тугмаҳои камзӯли қирмизрангашро гузаронда бо лабханд гуфт: «Бубин, мо чӣ ҳусне дорем».
То замони ба ҷӯш омадани суманак ҳамроҳ бо арӯсони ҳамсоя наистода таҳи дегро кофта баромаданд, ба хотири лӯнда-лӯнда намондани орд атолаи ғализро бо навбат чӯлпӣ заданд.
Чанд муддат аз миён гузашту худ аз худ зиқ шуда рафт. Оҳиста аз давра баромад, писаракашро бардошта ба хонааш рафт. Гӯё чизеро гум кардааст, дубора ба берун баромада баргашт. Ниҳоят ҷевони либосҳоро боз карда дохили пероҳанҳояшро гашт. Қайчию сӯзан ба даст гирифт. Аҳд кард, ҳар либосе, ки ба қадду қоматаш муносиб нест, аз нав бурида дӯзад! Ба ҳамин ҳам гиря кунад?
...Мирсоат аз автобус пиёда шуда дар истгоҳ ҳамсарашро дид. Бо шигифт аз дил гузаронд: «Ба куҷо сар гирифта бошад?»
Ҳамида бо ноз ба сухан омад:
– Мунтазири шумо ҳастем.
Ҷавон бо ханда гуфт:
– Ба ороиш гап нест!
– Зебидаст?
– Зебидаст ҳам гуфтию мондӣ!
Мирсоат халтачаи пур аз маводи хурду резро ба як даст ва писаракашро ба дасти дигар гирифта ба ҳамсараш гуфт:
– Гард, ба хона меравем, ҳаво бад шуда истодааст.
Борон то нисфи шаб борид. Субҳ чашми Ҳамида ба баргакҳои гул, ки рехта бо гил олуда шуда буданд, афтоду бо ноҳинҷорӣ гуфт:
– Тамоми гулҳояш рехтааст, яке ҳам намондааст!
Мирсоат писаракашро дар бағал зер карда истода, аз шишаи тиреза нигоҳкунон гуфт:
– Дарахт мева андохтааст, бубин, ғӯрачаҳояш сар нишон медиҳанд. Худат хоҳӣ дид, вақте ки калон шуда мепазанд, чунон зардолуҳои ширин шаванд, ки зеби гулҳои он дар назди меваҳояш ҳеч аст!
Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи
Юнуси ИМОМНАЗАР.
Рисолат ҲАЙДАРОВА