МУАЙЯН НАМУДАНИ ҶАВОНОНИ БЕКОР

Мамлакати мо сол аз сол ба зинаҳои баланд қадам мегузорад ва боиси эътирофи ҷаҳониён мегардад.

Дар сартосари мамлакатамон ба масъалаи баланд бардоштани маънавияти ҷавонон ва пурмазмун гузаронидани вақти холии онҳо эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Чорабиние, ки бо номи «Ба кор таъмин намудани ҷавонони бекор» дар маркази боғи “Билимдонлар маскани»-и шаҳри Гулистон баргузор шуд, аз ин ҷумла мебошад.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев, роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълими халқ, донишҷӯён, аҳли ҷамоа ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ  ширкат варзиданд.
Иштирокдори озмуни «Ёш китобхон» дар  пойтахт, ки байни ҷавонони 15-19 сола ташкил гардид, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Гулистон Ёрқинҷон  Ҳайитбоев низ иштирок кард ва ҷойи ифтихориро гирифт ва соҳиби тӯҳфаи Президент, яъне автомобили «Спарк» гардид. Дар чорабинӣ аз пойтахт баргаштани ӯро бо тантана пешвоз гирифтанд.
Дар чорабиние, ки бо мақсади муайян намудани ҷавонҳои бекор ва дастгирӣ  намудани онҳо, фароҳам овардани шароит ба намоён кардани маҳорату истеъдод, ғанӣ гардондани олами маънавӣ ва баланд бардоштани савияи мадании онҳо ташкил шудааст, аз мактабҳои таълими умумӣ ва донишгоҳ зиёда аз 120 нафар ҷавонони эҷодкор иштирок карданд.
Дар ҷамъомад ҳокими вилоят ба ҷавононе, ки дар озмун фаъол иштирок намуда соҳиби ҷойҳои фахрӣ гардидаанд, тӯҳфаҳои махсус супорид.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: