Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бино ба ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгеофизика»-и тобеи Кумитаи геология ва захираҳои табиии ҷумҳурӣ бахшида ба конҳо ва пойгоҳи ашёи хоми ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ оиди кору вазифаҳое, кидар кумита тибқи қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба ташкил ва такмил додани таркиби корҳои геологию ҷустуҷӯии нафту газ», аз 18 ноябри соли 2019, татбиқ гардидаанд, сухан рафт.
Таъкид гардид, ки бар асари корҳои ҷустуҷӯӣ 33 (1-то иловагӣ) таркиби истиқболноки нафту газ муайян гардида, барои кофтан омода карда шудаанд. Дар тоифаи С3-и онҳо захираи сӯзишвории шартӣ 104,4 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Бино ба ҷустуҷӯ ва ковишҳои амиқи ҶС «Ӯзбекгеофизика» дар ин фосила 8 кони нави газ кушода шудааст, ки перомуни онҳо корҳои омӯзишӣ идома доранд. Бино ба фармоиши ҷамъияти «Ӯзбекнефтгаз» 2020 км мукааб корҳои геофизикаи саҳроии 3Д иҷро гардидаанд.
Барои дар оянда идома додани чунин корҳо тибқи қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди истиқболноки корҳои геология ва суръат бахшидан ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ», аз 3 ноябри соли 2021, стратегияи амалиёт то соли 2026 муайян гардидааст. Бино ба он аз ҷониби ҷамъият дар тӯли 5 сол як қатор корҳои геофизикӣ анҷом дода мешаванд ва 80 таркиби нави истиқболнок омода мегардад. Ҳамчунин, афзун гардондани захираҳои истиқболнок дар ҳаҷми 303 млн. тонна сӯзишвории шартӣ дар мадди назар аст.
Дар нишаст ба ҷараёнҳои навсозие, ки дар соҳа ба амал татбиқ мегарданд ва рақамигардонии фаъолияти ҷамъияти мазкур рӯйи эътибор гардонда шуд. Қайд гардид, ки ҷараёни дастрасӣ ба геофизикаи саҳрою кон, талқин ва азнавкоркарди дарёфтҳо пурра рақамӣ кунонида мешавад. Ин аст, ки дар соҳа суръати маълумотгирӣ ба маротиб афзудааст. Дар бахши рақамикунонӣ мутахассисоне фаъолият доранд, ки дар асоси озмун интихоб шудаанд.
Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.