Муаллифи даҳҳо дафтари шеър

Муаллифи даҳҳо китоби шеър – Ҷамшед аз шоирони зуллисонайни Тоҷикистон мебошад.

Ӯ қиссаҳо ва ҳикояҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев, шеърҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Зулфия Атоӣ, Раънои Зоирдухт ва дигаронро бо маҳорати ба худ хос ба забони ӯзбекӣ баргардондааст.
Дар навбати худ беҳтарин шеърҳои ин шоири боистеъдодро шоирони тоҷик, ба мисли Неъмати Оташ, Раънои Зоирдухт, Салими Хатлонӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд.
Ҷамшед узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи мукофоти ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ мебошад. Ӯро чанде қабл ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфтанд.
Мо тасмим гирифтем, ки ду шеъри мавсуфро дар тарҷумаи Неъмат Оташ ба шумо пешниҳод намоем.

Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».
Ҷамшед

ГУФТОРАМРО БАСТАН НАБИТВОНӢ

Агар дастам бибурӣ,
Бигардад сабзу дастонат бибурад.
Агар роҳам бибурӣ,
Шавад ин роҳ аз нав сабзу роҳи каҷҷи виҷдонат 
бибурад.
Раҳи фикру хаёламро,
Ба сад монеае бастан набитвонӣ.
Забонам талх,
Ба ту бепарда мегӯям сухан,
То хешро бинӣ дар оина ва бишносӣ.
Суханҳои маро, ки обдор асту равон чун об.
Ба ғирболат дигар бастан набитвонӣ.
Равонам ман ба хешу ҳар нафас аз ман қафо монӣ,
Агар ки қоматамро рост гирам чун дарахти сарв
Ту мечаспӣ, ки шохам бишканӣ, аммо набитвонӣ.
Дилам чун амр фармояд, суруди тоза мехонам,
Ва дардамро суруди ошиқони даҳр месозам.
Сурудамро, ки набзи ошиқон дар он тапиш дорад,
Раҳи онро, агар сад ҳилла сози ҳам,
Дигар бастан набитвонӣ.
Суханҳоям чу оташ, эҳтиёте, то насӯзӣ боз,
Шавӣ ногаҳ чу хокистар, пушаймонӣ надорад суд.
Ту гуфтори маро бастан набитвонӣ.
Ки ҳастӣ аз нигоҳи мардумоне нест пӯшида.
Фақат саг буданатро ҳеч кас бар ту намегӯяд.
Ту чашмамро,
Нигоҳамро дигар бастан набитвонӣ.

БАЛЛАДА ДАР 
СИТОИШИ УҚОБ

Уқобе гиря дорад, зору маҳзун аст,
Нигоҳаш сӯйи гардун, сӯйи дашту кӯҳу ҳомун аст,
Параш гулгун,
Ва болаш ғарқа дар хун аст.
Ва он рӯзе,
ки рӯйи қуллае биншаста буд ором,
Тавоно муштҳои қисмати шумаш,
Баногаҳ зарба зад бар шонаҳои ӯ.
Ва ӯясту дигар ин кунҷи зиндон аст
Ва хайли мардуми бар ӯ тамошогар.
Намедонад,
Чи сон бо макру бо ҳилла,
Варо бар дом бигрифтанд.
Ба одамҳо чаро бинмуд ӯ бовар...
Ва ӯву боғи ҳайвонот.
Уқобе гашта дастомӯз,
Бихоҳад пар занад, озод гардад,
раҳ кушояд сӯйи гардунҳо,
Вале охир куҷо он дар?..
Нигоҳи изтиробомези ӯ ҳар лаҳза мебинад,
Ба як сӯ серу тан бар офтобе дода чанде муш,
Ба як сӯ хар,
Ба як сӯ шери аз шерии худ музтар.
Миёни зотҳои паст
Ба ин хориву ин зорӣ
Чӣ сон ӯ метавонад зист?
Вуҷудаш мекунад исён
Ва худро мезанад бо хашм бар девор,
Сари ӯву тани ӯ мешавад хуншор.
Ва ин сон аз хиёнат қасд мегирад,
Ва худро аз табоҳӣ мекунад озод.
Видоъ ӯ мекунад бо зиндагӣ лекин,
Миёни дидагонаш ҷовидонӣ акс мебандад
диёри дилрабояш – кӯҳ.

Тарҷумаи Неъмати ОТАШ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: