«МУАЛЛИМ ЧУН КУНАД ДАСТОННАВОЗӢ...»

Мактаб маскани таълим маҳсуб меёбад, ки рӯз аз рӯз дар ҳолати пешрафт қарор дорад.

Аз ин боис равобит байни оилаву мактаб ва маҳалла нақши муҳим касб карда, ӯҳдадории падару модарро дучанд афзун мегардонад. Аксарият кори таълимро муқаддам дониста, тарбияро кори дувуминдараҷа мепиндоранд. Аммо касе, ки тарбияи хуб надорад, соҳибхираду соҳибмаълумот шуда наметавонад. 
Пеш аз ҳама меоем ба масъалаи тарбия. Худи тарбия чист ва чӣ маъно дорад? Киро соҳибтарбия ва тарбиятгар гуфта метавонем? Педагогҳои машҳур ба ин пурсишҳо ҷавоби муфассал додаанд.
Дақиқ назар созем, бузургон тавассути тарбия ба мақому манзалат сазовор гардидаанд. Тарбияву таълим ҷузъи ҷудонашавандаи ҷамъият ба ҳисоб мераванд.
Баҳри тарбияи авлоди баркамолу солим, пеш аз ҳама, нақши падару модар бағоят бузург аст. Онҳо бояд ба фарзандон қироати китоби бадеӣ ва ашъори шоирони классику муосирро тарғиб намоянд. Баҳри ба китобхонӣ тарғиби фарзандон ва аз ёд намудани порчаҳои назмиву насрӣ волидон мебояд таъмини адабиётҳоро ба зиммаашон гиранд. 
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳаштод фоизи хонандагон бе тайёрии махсус ба дарс меоянд. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки онҳо шоҳбайтҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизу Камолро аз худ карда наметавонистанд ва падару модарон айбро ба дӯши омӯзгорон бор мекарданд. Худамон ҳам ба ин корҳо аз паси панҷа нигоҳ карда, якеро масъул ва худамонро бетараф нишон медодем. Ба ин шароити душвори рӯзгори даҳсолаҳои охир сабабгор аст, ки фарзандонро бозориву кӯчагӣ кард ва ҳатто волидон духтаронашонро ба инсонҳои соҳибмаълумот намедоданд. Аз ҳамин боис дар ҷамъияти мо қадри омӯзгорон коҳиш ёфт. 
Тайи беш аз ду соли охир бо ташаббуси сарвари кишвар Ш. Мирзиёев оиди баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон ва мураббиён қарору фармонҳои нав ҷорӣ шуд ва вақтҳои охир маоши омӯзгорон якчанд маротиба зиёд гардид. 
Таълим бошад раванди махсуси мақсадноки ташаккулёбанда буда, дар рафти он хонандагон дониш, маҳорат, малака пайдо мекунанд ва ҷаҳонбинии худро инкишоф медиҳанд. Муаллим касест, ки ба кори таълим роҳбарӣ мекунад. 
Ба ақидаи Ибни Сино ба хотири парваришу инкишофи насли оянда бояд то рӯзи таваллуди онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад. Муаллим инсони аз ҳар ҷиҳат камолёфта мебошад, ки истифодаи методҳои гуногун ба хонандагон дониш меомӯзонад. Ҳамаи бузургони олам таҳти таъсири таълиму тарбияи омӯзгор ба дараҷаи баланд расидаанд. 
Омӯзгор вазифадор аст, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон ҳамеша тайёр бошад ва арзандаи касби пуршарафи худ гардад. Аз дарси ӯ шогирдон қаноатманд шаванд. Фахриддини Гургонӣ дар ин бора мегӯяд:
Муаллим чун кунад дастоннавозӣ,
Кунад кӯдак ба пешаш пойбозӣ.
Фарзандон ба ҳар як рафтору гуфтори калонсолон пайравӣ ё тақлид мекунанд. Тарзи либоспӯшӣ, одоби шину хез, гуфтугузор, ғизохӯрии онҳо, бешубҳа, ба рафтори хурдсолон таъсир мерасонад.
Ҳар як шахси солимфикр бояд дар таъмин ва ташкили ҳаёти иҷтимоии фарзанди худ кӯшиш намояд. Бачае, ки дар муҳити солим ва оилаи тифоқ  тарбия меёбад ва бо наздикону ҳамсолони худ  муоширати хуб дорад, ниҳоли сарсабзеро мемонад, ки барои фардо самараи нек додани он шубҳае нест. Аз ҳамин сабаб барои наслҳои ояндаро бо муҳити солим таъмин кардан саъю кӯшиши дастҷамъӣ лозим аст. 

Саидҷон ҲУСЕЙНОВ,
омӯзгори мактаби рақами 8-уми 
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: