МУАЛЛИМ ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?

Падарам доим таъкид мекард, ки касби омӯзгориро интихоб кунам.

 Аз хурдӣ ба ин касб дилгармӣ доштам ва дар гуфтору рафтор, тарзи либоспӯшӣ, таълиму тарбия ба муаллимонам ҳавас мекардам. Дар хона ба додару хоҳаронам чун муаллим тақлидкорона вазифаи хонагиро ёд медодам.
Ба орзуи бачагиам расидам. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардам. Ҳоло дар мактаби деҳаамон кор мекунам ва он сабақҳоеро, ки аз муаллимони давраи мактаб, аз ҷумла Р. Имомназаров,  Ҳ. Муродов, Н. Тӯев, Э. Рӯзиев, Х. Тӯхтаев ва устодони донишгоҳ гирифта будам, алҳол дар фаъолият ва зиндагӣ ба ман панди ҳаёт мегарданд. 
Давлат ва халқ ба омӯзгор тарбияи шахси аз ҳама азиз – давомдиҳандаи насли ояндаро бо дилпурӣ месупорад. Дараҷаи азхудкунии дарс ва тарбияи маънавию ахлоқии хонандагон  на фақат ба барномаи давлатӣ, балки бештар ба муаллим  ва сифатҳои касбии ӯ вобаста аст.
Алҳол дар рафти кор аён шуда истодааст, ки таҷрибаи кори омӯзгорӣ асосан дар ҷараёни дарс, мулоқоту суҳбат бо муаллимон, хонандагон, падару модарони онҳо, омӯхтани таҷрибаи муаллими пешқадам афзун мегардад.
Вақте муаллим мегӯем, дар назари мо симои шахси хирадманд, ботамкин, зиёӣ намудор мегардад ва ӯ бо ин хислатҳои ҳамидаи худ бояд аз дигарон фарқ кунад.
На ҳама касби пуршарафи омӯзгорро қадр менамоянд. 
Оё нафароне, ки шаъни омӯзгорро бо рафтори ношоистаи худ паст мезананд, ба касби пуршарафи худ доғ намеоранд?
Муаллими пешқадам насли ҷавонро дар рӯҳи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи нек таълиму тарбия медиҳад. Танҳо чунин омӯзгор барои талабагон намунаи ибрат мешавад ва онҳо метавонанд ӯро дӯст доранд ва ҳурмат кунанд. Омӯзгори пешқадам дар мавриди зарурӣ метавонад душворро осон, мураккабро содда, нофаҳморо фаҳмо гардонад.
Дар чаҳорчӯбаи фармони роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои иловагии такмил додани идоракунии низоми таълими халқ» аз 5 сентябри соли 2018, музди меҳнати омӯзгорон зиёд карда шуд, коркарди Барномаи давлатии «Мактаби замонавӣ», дар ҳаҷми пурра додани нафақа ба омӯзгорон – нафақахӯрони коркунанда муайян шудаанд.
Модоме ки давлати мо ба муаллимон ғамхорӣ менамояд, қадри ӯро баланд мебардорад, мо – омӯзгорон бояд камар баста, насли наврасро мувофиқи талаби давр таълиму тарбия диҳем.

Маъмур ҲУСИНОВ,
омӯзгори мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: