МУАЛЛИМ – РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Бузургонамон илму донишро дар ҳамаи асру замонҳо қадр намудаанд.

Бузургонамон илму донишро дар ҳамаи асру замонҳо қадр намудаанд. 
Шахси илмдиҳанда, донишбахшанда, дар навбати аввал, бечунучаро муаллим аст. Хизмати бузурги омӯзгор дар додани илму дониш, дар омӯзонидани маърифату маънавиёт, дар тайёр намудани Инсони комил беҳамто аст.  Муаллим ифтихор дорад, ки ӯ  Инсонро тарбия менамояд, илму маърифат меомӯзонад, дар дили ӯ қадру қимат, меҳру муҳаббат бедор мекунад. 
Имрӯз ҳукуматамон одилона, бо ғамхории падаронаи Раисҷумҳур бобати боз ҳам рушду камол ёфтани насли наврас, хубтару тезтар соҳиби илм гардидани он ҳиссагузорӣ менамояд. Ин ҳама дастгирӣ ва ғамхорӣ дар соҳаи мактабу маориф аз муаллими имрӯза талаб менамояд, ки боз ҳам беҳтару бештар кор кунад, насли наврасро дар руҳи хислатҳои хуби инсонӣ тарбия намояд. Мақсад аз талаботи имрӯза дар соҳаи таълиму тарбия нисбати муаллим он аст, ки омӯзгор болаёқату кордон, дӯстдорандаи касби худ, соҳиби одобу ахлоқи ҳамида, намунаи ибрат, маслиҳатгӯву нуктасанҷ бошад. 
Саволе ба миён меояд: оё муаллими имрӯза дорои чунин фазилатҳо ҳаст ?Албатта, омӯзгорони фидоӣ хеле бисёранд. Онҳо касби худро дӯст медоранд, ба насли наврас аз таҳти дил таълиму тарбия медиҳанд. Пайваста меомӯзанд, донишу маҳорати педагогиашонро сайқал медиҳанд. 
Мутаассифона, муаллимоне низ дучор меоянд, ки ба касби интихобкардаашон хунукназарона назар меафкананд. Аксаран ба дарсҳо бетайёрӣ омада, онро бесамар мегузаронанд. Бахусус, баъзе аз омӯзгорони ҷавон беэътибор, танбал ва лоқайданд. 
Солҳои аввали ба кор омаданамро пеши назар меорам. Аксарияти омӯзгоронро муаллимони ҷавон ташкил мекардем.  Баробари мо омӯзгорони калонсолу собиқадор кор мекарданд. Мо ифтихор доштем, ки бо устодон ҳампаҳлӯ истода ба насли наврас таълиму тарбия медиҳем. Талабу маслиҳатҳои онҳоро даст пеши бар гирифта иҷро менамудем. Чунки иҷрои онҳо барои мо – муаллимони он вақт ҷавон қонун буд. 
Сад афсӯс, ки он одобу худидоракунӣ дар насли ҷавони имрӯза хеле кам дучор меояд. Баъзе аз омӯзгорон ба талабу маслиҳатҳои устодон эрод мегиранд, дағалона ҷавоб мегардонанд ва ҳатто баъзан ба дилозории онҳо омодаанд. Ба худ савол медиҳам. Оё он сиёсату ҳашамати устодонро мо – омӯзгорони калонсоли имрӯза надорем? Шояд таъсири худро ба насли ҷавон расонида наметавонем?
Кӯдаки тоза ба мактаб омада дар симои муаллим шахси ҳалиму меҳрубон, донову хирадмандро мебинад.  Ҳаракат менамояд, ки ба фазилатҳои олиҷаноби вай пайравӣ намояд. Насли навраси имрӯза ҷаҳонбинии васеъ дорад, зирак ва доно аст. Бо мурури вақт бузургтар, ки мешавад, ба муаллим баҳои холисона медиҳад. Муаллиме, ки ба саволи хонанда ҷавоб дода наметавонаду дар кушода додани муаммои ӯ оҷизӣ мекашад, дар назди шогирдон ва падару модари онҳо эҳтиром ва мақомашро аз даст медиҳад. 
Пастравии қадру эҳтироми муаллим танҳо айби насли ҷавон нест. Баъзан ҳаракатҳои ноҷӯяи омӯзгорони собиқадор низ боиси гум шудани шарафи устодӣ мегардад. Мо дар дарс ба хонанда оид ба зарарҳои носу сигоркашӣ ва майнӯшӣ сухан меронем. Аммо дар шоҳидии толибилм ба лаб сигор монда, нос мекашем. Баъзан ошкоро шароб нӯшида, бо ҳаракатҳои номатлуб ва алфози қабеҳ шаъни муаллимро доғдор мекунем. 
Солҳои 90-уми асри гузашта ва  даҳсолаи аввали садаи XXI бисёр омӯзгорон бо баҳонаи моҳонаи кам ё талаботи бисёр аз муаллим даргоҳи мактабро тарк намуданд.  Солҳо сипарӣ шуданд. Қадру қимати муаллим бо дастгириву қадршиносии роҳбари давлат боло рафт. Имрӯз омӯзгор нисбатан моҳонаи хуб мегирад. Сатҳи зиндагиаш беҳтар мегардад. 
Он омӯзгороне, ки солҳо аз омӯзиш бозмонда машғули корҳои дигар буданд, касби бошарафи муаллимиро давом додан мехоҳанд. Табиист, ки онҳо таҷрибаи омӯзгорӣ, маҳорати педагогиашонро аз даст додаанд. 
Роҳбарияти мактабҳои бонуфузи шаҳр муаллимони корталабро аз рӯи ихтисосашон аз санҷиш гузаронида, бо кор таъмин менамоянд. Мактабе, ки омӯзгоронаш пуртаҷрибаву дониши баланди касбӣ доранд, шогирдонаш низ пешқадам мешаванд ва боиси фахру эътибори мактабу устодон мегарданд. 
Агар ҳама мактабҳо, хусусан таълимгоҳҳои деҳот низ ин анъанаро идома диҳанд, мувофиқи мақсад аст. 
Аз омӯзгорони ҷавон хоҳиш менамоем, ки касби интихобкардаашонро дӯст доранд. Сабру қаноатро пешаи худ кунанд. Пайваста омӯзанд, аз устодон маслиҳат пурсанд. Сирату сурати зебо дошта бошанд, аз ҳар гуна иллатҳои ношоиста парҳез намоянд. Дар натиҷа, соҳиби эҳтирому эътибор мешаванд ва ба унвони пуршарафи Устод сазовор мегарданд.

Элмурод  РӮЗИЕВ, 
Аълочии таълими  халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

Ноҳияи НУРАТО. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: