Бо омӯзгорони бисёр мактабҳои ноҳияҳои Нурато, Навбаҳору Қизилтепа, шаҳрҳои Навоию Ғозғон ва ноҳияҳои Форишу Зафарободи вилояти Ҷиззах ошноӣ дорам. Кам дидаам омӯзгореро, ки бо чаҳор забон равон ҳарф занад, бо ин забонҳо китоб хонад ва фикру андешаи худро рӯйи коғаз оварад.
Боз чандин забони дигарро фаҳм намуда, бо намояндагони он забон мулоқот карда тавонад. Қаҳрамони мо Нодира Қиличева аз қабили чунин омӯзгорон аст.
Ӯ дар мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ба шогирдон аз забони ӯзбекӣ (забони давлатӣ) сабақ медиҳад. Ҳикмати «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ» шиори ҳамарӯзаи Нодира мебошад. Ӯ ба забони модарӣ, забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ ва русӣ озод ҳарф мезанад. Ба ин забонҳо китоб мехонад, мактуб менависад. Ба замми ин, ба забонҳои англисию фаронсавӣ табодули афкор мекунад. Худ намуна аст шогирдонро дар забондонӣ.
Дар бисёр дарсу чорабиниҳои баргузорнамудаи Нодира дар мактаб ва берун аз он иштирок доштам. Ҳар яки он тадбир ва ё дарс хотирмон аст. Дар чорабиниҳо толибилмони мактаб либосҳои миллии дигар халқҳоро ба бар карда, ба забони ҳамон мардум ҳарф мезананд, нақш меофаранд. Имрӯз ҷавонони мо забон медонанд, ҷаҳонбинии фарох доранд.
Ин ҳамаро мушоҳида намуда, тирамоҳи соли 1971 ёдам расид. Он солҳо толибилмони мактабҳоро ба пахтачинӣ мебурданд. Азбаски дар ноҳияи Нурато пахта намерӯяд, хонандагони мактабҳои онро ба Хатирчӣ мефиристонданд. Дар синфи ҳафтум хонандагони синфи моро низ пахтачинӣ бурданд. Рости гап, ҳатто рақамҳоро ба забони ӯзбекӣ намедонистем. Аввалин рақаме, ки ба забони ӯзбекӣ омӯхтаам, «эллик беш» буд. Пахтаи чидашударо назди табелчӣ оварда, «эллик беш» мегуфтам. Ба ҳар як хонанда рақамашро муаллимон ёд медоданд. Чунки дар мо муҳит чунин буд: мардуми деҳа тоҷик, мактаб тоҷикӣ, «Пионери Тоҷикистон» ва «Машъал» мехондем. Дар маркази ноҳия русу тотор ҳам бо мо ба забони тоҷикӣ ҳарф мезад.
Имрӯз муҳит дигар аст. Хушбахтона, кишвари мо истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ гирифт. Дар мактабҳои ғайри ӯзбекӣ дарси забони давлатӣ ҷорӣ гардид. Техника ва технология ривоҷ ёфт. Зарурат ба забономӯзӣ афзуд. Омӯзгорон аз қабили Нодира Қиличева дар пешбурди ин ҷараён саҳми арзишманд мегузоранд.
Нодира мактаби миёнаро ба забони ӯзбекӣ хатм намудааст. Солҳои 60-уми садаи гузашта дар овулҳои қазоқнишин ва ҳатто дар маркази хоҷагии «Нурато» шояд мутахассисон кам будаанд. Чунки Ҷумъабой Йӯлдошеви эҷӣ то охири умр сардухтури беморхонаи хоҷагӣ буд. Иброҳим Ҷиҳонов ва Ботурбой Қиличевро ба ду овули соҳили Айдаркӯли имрӯза роҳхати корӣ додаанд. Мутахассисони зиёди хоҷагӣ аз деҳоти тоҷикнишини Нурато буданд. Нодира дар шӯъбаи рақами 3-юми ба номи Абай Қунонбоев (ҳозир Пойга ном дорад) таваллуд шуда ба воя расидааст. Пас аз хатми мактаби рақами 32-юми ноҳияи Нурато факултаи забон ва адабиёти ӯзбекии Донишгоҳи омӯзгории Навоиро хатм намудааст. Аз соли 1999 то имрӯз дар мактаби рақами 30-юм фаъолият дорад.
Ба мактаб омадани Нодира навгоние буд дар таҳсили толибилмон. Мактаб чунин мутахассисро надошт. Нодира зуд ба дили мактаббачаҳо роҳ ёфт. Тавонист дар қалби онҳо шарораҳои забономӯзиро фурӯзон кунад. Бо мактабҳои ноҳия робита барқарор кард. Дар тадбирҳое, ки мегузаронид, намояндагони ӯзбек ва қазоқ иштирок мекарданд. Робитаҳои дӯстӣ натанҳо байни толибилмони гуногунзабон, балки байни омӯзгорон, ки бо хонандаҳояшон меомаданд, мустаҳкам гардид. Дар як муддати кӯтоҳ хонандагони мактаб – Умеда Раҳмонова, Гавҳар Муҳиддинова, Ойнисо Турсунова, Ёвари Султониён, Мафтуна Иброҳимова дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъол иштирок намудаанд. Дар айни ҳол Севара Бозорова дар факултаи забон ва адабиёти ӯзбеки Донишгоҳи омӯзгории Навоӣ таҳсил дорад.
Қиличева тибқи дастури «устоду шогирд» ба чандин омӯзгорони ҷавон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Дар чандин озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ аъзои ҳакам буд. «Ифтихорнома»-ҳои зиёди шуъбаи таълими халқи ноҳия ва вилоят, ҳокимиятҳои ноҳиявию вилоятиро дорад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.