МУАЛЛИМИ АДАБИЁТ

Бинобар гуфтаи худ «муаллими адабиёти нафис» муҳтарам Боқиҷон Бақоев ба оғил даромада табъаш хира шуд: ба гӯши гов боз кана часпидааст.

Бинобар гуфтаи худ «муаллими адабиёти нафис» муҳтарам Боқиҷон Бақоев ба оғил даромада табъаш хира шуд: ба гӯши гов боз кана часпидааст. Нисбат ба кана гов бештар оташин кард: мехост канаашро чинад, намемонад, сарашро меҷунбонад, фишшас мекунад. 
– Ин гов не, ин – ҳайвон, – гуфт дари оғилро сахт пӯшида. – Ҳайвон!
Занаш Мукаррам рӯйи ҳавлӣ ба самовор об меандохт.
– Ҳайвон! – гуфт Бақоев. – Ин говро фурӯхта, ба пулаш хук харидан лозим.
– Дар шаҳр хук нигоҳ доштан мумкин нест,– гуфт Мукаррам ба самовор ангишт андохта.
– Чаро? Оё манъ кардаанд? Ман гуфта будам? Дуруст, мумкин нест,... албатта, мумкин нест.
– Ба хона дароед, Ҳамида омад. 
Ҳамида духтари шонздаҳсолаи зиндадил, шӯх аст, язнаашро дида хурсанд шуд. 
– Агар дар хона будани шуморо медонистам, дафтарамро ҳамроҳ меовардам, афсӯс...
Табъи муҳтарам Боқиҷон Бақоев баланд шуд, гов, канаи бузурги кабудранги дар гӯши он часпида, хуки бо фӯки худ соҳили ҷӯйборро вайроннамуда аз пеши чашмаш дур шуд.
– Шунидам, ки аз техникум ба факултети коргарон гузаштаӣ, оё рост аст? – пурсид Бақоев.– Ҳмм. Хуб кардӣ. Ба гумонам, ба факултети коргарон гузар гуфта будам? Ҳмм... Уфф, зарда шудаам... Факултети коргарон нағз. Ман як маротиба рафта будам. Ба дари конселярия практикум навишта шудааст. Дуруст нест. Практикум, минимум, максимум, ҳамаи инҳо калимаҳои лотинӣ ё ба лотинӣ наздик мебошанд. Шахсан ман ҳамин гуна фикр мекунам. 
Андаке хомӯш монданд. 
– Боқиҷонака, – гуфт духтар шармгинона, – як чизро мехостам аз шумо пурсам: Мо дар синф «Хоҳиши хоб»-и Чеховро хондем, духтареро, ки қотили кӯдак шудааст, суд кардан мехоҳем. Даъвогар модари кӯдак – Раҳима мешавад, айбдоркунанда (прокурор) – Шарифҷон.
Судяҳо ҳам мешаванд. Ман мехоҳам, духтарро сафед карда, ҳама гуноҳро ба зиммаи хӯҷаини ӯ, касе, ки духтари ҷавонро ин қадар истисмор намудааст, гузорам. 
Ана ҳамин... Ҳамин чизро навиштам. Дар ин бора мехостам, фикри шуморо донам. Чехов оё ҳамин тавр гуфтан намехост?
Рафиқ Бақоев андеша карда пурсид:
– Ба шумоён аз адабиёт кӣ дарс медиҳад? Ҳакимов? Одами аҳмақ аст. Аз болои худаш кор намекунад. Доимо мегӯям, ки аломати савол пас аз «мӣ» гузошта мешавад, механдад. Гап дар сари ин ҳам нест... 
Мукаррам самоворро бардошта дарун даромад.
Ҳамида ҷаҳида хеста, самоворро аз дасти апааш гирифта, ба рӯйи миз гузошт. Ӯ аз язнааш, ки зани дуҷонро самовор бардоронда, нигоҳ карда меистод, шикоят карданӣ буд, аммо аз шарм чизе гуфта натавонист. Азбаски рафиқ Боқиҷон Бақоев хеле ташна монда буд, якбора чор пиёла чой нӯшида арақ кард. 
– Баъди тушбера чой хеле хуб меравад,– гуфт арақи рӯяшро пок карда.– Ҳмм... риш ҳам расидааст, сартарош набошад, одам мисли маймун мешавад. Пашми маймун рехта, одам шудааст. Дар ин бора фикри Энгелс мавҷуд аст. 
– Ҳо, ана онро нагуфтед, Боқиҷонака,– гуфт духтар, – Чехов магар чунин гуфтан намехост? 
Рафиқ Бақоев боз як пиёла чой пурсид. 
– Чехов? Ҳмм... Вақте сухан дар бораи реализми буржуазӣ меравад, пеш аз ҳама, ба объекти он бояд диққат кард. Воқеияти объективиро, ки реалистони буржуазӣ фаҳмида, инъикос намудаанд, дарк кардан лозим. Маълум, ки ҳамаи эҷодиёти Чехов бо кулли моҳияташ реализми буржуазияи нахустин аст, яъне... ҳмм... Мукаррам ба мурғ мояк гузоштӣ? Мояк гузоштан лозим, вагарна дайду мешавад... Тавба, ҷонвари аз мурғ аҳмақтар нест – мояк гузорӣ, тухм мекунад. Чаро мояк гузорӣ, тухм мекунад? Чаро хурӯс субҳидам бонг мезанад? Равоншиносии аҷиб. Биология меомӯзетон? 
Ҳамида аз биология чиҳо омӯхтаву дар соли хониши ҷорӣ боз омӯхтани чиҳо пешбинӣ шудааст, гуфт ва дар нутқи сафедкунии худ нияти нишон додани мавҷудияти асосҳои физиологиро ҳам зикр карда, боз суханро дар бобати Чехов идома дод.
– Ҳмм..,– гуфт Бақоев,– дар бораи Чехов фикрҳои шахсӣ дорам. Дигарон ҳар чӣ мехоҳанд, гуфтан гиранд, ба ҳар ҳол дар ҷаҳонбинии ӯ... Ҷаҳонбинии ӯ аз ҷаҳонбинии Пушкин ва Лермонтов фарқ мекунад. Бо вуҷуди он ки адибони як давр, як синф ва як мамлакат ҳастанд, мутлақо фарқ дорад.
– Чехов бо Пушкин дар як давр зиндагӣ накардааст-ку,– гуфт Мукаррам, – дар китобхонаи мактаби мо сурати бо Максим Горкий гирифтаи ӯ мавҷуд аст. Чехов бояд соли 1904 вафот карда бошад. 
Рафиқ Бақоев андаке шарм кард.
– Шумоён дар бораи кадом Чехов гап мезанед? Чой рез! Дар бораи ин Чехов? Дуруст, ӯ ё дар нимаи аввал, ё дар нимаи дуюми соли 1904 вафот кардааст... Рӯймолчаи дигар деҳ, аз ин бӯйи пиёз меояд. Ман дар бораи он Чехов, Чехове, ки намояндаи реализми буржуазияи нахустин буд, гап зада истодаам. 
– «Хоҳиши хоб» асари кадом Чехов аст? – пурсид Ҳамида. 
– Бидуни ягон шубҳа, асари ин Чехов аст. Ин асар бори аввал дар маҷаллаи «Современник» нашр шудааст.
Баъд аз он ки Боқиҷон Бақоев хеле дароз суханронӣ кард, дар бораи чӣ суҳбат кардани ӯро Ҳамида дарк намекард. Детирдинг ном кадом як мунаққиди машҳур ба нависанда Шеллинг бо мазмуни «то ба дастёр муҳтоҷ шудани ту, писарат дастёр мешавад» хат навиштааст. 
Марк Добролюбовро бо Меринг ба як саф гузоштааст. Стендинг ном як драматург ба мунаққиде гуфтааст: «Агар ҳамаи ҷонваронро Худо офарида бошад, ба завқи ӯ қоил нестам, оё бузмак ҳам ҷонвар шуд?»...
Сари Ҳамида вазнин шуд, ду маротиба даҳонашро накушода, оҳиста хамёза кашид.
Вақте ки Ҳамида бо мизбонҳо хайрухуш карда, ба кӯча баромад, торикӣ фаро расида буд. Дар бораи «Хоҳиши хоб» натавонист, ки аз язнааш ягон фикр гирад. Вақте дар бобати суханоне, ки аз ӯ шунид, назди худ ҳисобот медод, ба ғайр аз инҳо, ки ба гӯшаш ғуввос мезаданд, чизи дигар набуд: практикум, минимум, максимум, Детирдинг, Стендинг, Шеллинг, Меринг, Демпинг...

Тарҷумаи 
Хусрав ҲАМИДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: