МУАЛЛИМИ МУАЛЛИМОН

Бинои аввалаи мактаб кӯҳна буду ҳоли абгоре дошт.

То давраи  истиқлолият як идда омӯзгорон изтироб мекашиданд, ки вақту фурсати бунёд сохтани бинои нави мактаб кайҳо фаро расидааст. Аммо роҳбарону масъулон бо ким-кадом сабабҳо тарҳрезӣ ва амалӣ сохтани корро ба таъхир меандозанд. Миёни ин омӯзгорон  Элмурод Шомуродов низ буд, ки барои сарнавишти шогирдони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми деҳаи Ӯхм ғам мехӯрд. Рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи муаллимро таҳти унвони «То ҷон ба дард наояд» ба нашр расонида буд.
Элмурод Шомуродов аз зумраи он омӯзгорони бознишаста аст, ки ҳоло ҳам дар ғами таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Пайваста ба омӯзгорони ҷавон маслиҳатҳо медиҳад. Онҳоро барои бо ҷидду ҷаҳд кор кардан ҳидоят менамояд. Ин аст, ки чанд нафар омӯзгорони ҷавон аз пайи устод фанҳои филологӣ: забони тоҷикӣ ва  адабиётро аз бар намуданд. Шогирдонашонро ба озмунҳо мебаранд. Аз комёбии донишомӯзон меболанд.
Элмурод Шомуродов аз  насли  омӯзгороне ба шумор меравад, ки дар ҳамон биноҳои кӯҳнаи мактаб кор карда бошанд ҳам, шогирдони хуб ба камол расониданд. Шодравон Ширинбой Шакаров, Мавлон Ҷияновҳо доимо сахтгиру серталаб буданд, аммо дили нарму самимӣ доштанд.
Давронбой Рӯзмонов, Сарабой Йӯлдошев, Мавлон Олтиевҳо имрӯз даври пирӣ меронанд. Замоне  Элмурод Шомуродов бо онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ истода кору меҳнат мекард.
Азбаски оилаи Шомуродовҳо одамони бомаърифат ба шумор мераванд, бинобар ин ҳанӯз дар ҷавонӣ ба Элмурод бетаъсир намондааст. Бародараш Гулмурод Шомуродов ҳамеша бо афроди маърифатпарвар, зиёиён дӯстиву рафоқат дошт. Писари калонӣ, шодравон Пайванди Гулмуродзода маҳз ба туфайли ҳамин маърифатдӯстӣ роҳи Душанберо пеш гирифт. Дар он ҷо хонд, илму дониш андӯхт. Муҳаққиқи ба чашм намоён дар ҷодаи журналистика ба камол расид. Элмурод қадре пештар  аз ӯ дар шаҳри Самарқанд таҳсил гирифт. Фаррух, Холбойҳо ҳам аз пайи бародарон рафтанд.
Шомуродов ҳоло дар нафақа аст. Худ, ки панҷ панҷааш ҳунар асту хонасозӣ, боғдориро хуб медонад, ин ҳунарҳоро ба писаронаш Аралу Набӣ ҳам омӯзондааст.
Ба наздикӣ мо гурӯҳи ҳамсинфон ба муносибати 30-солагии хатми мактаб аз даргоҳи муқаддас дидан кардем. Ба китобхонаи мактаб якчанд китоб ва аз маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» тӯҳфа намудем. Дарсҳои устодонро як-як ба ёд овардем, аз ҷумла, аз Элмурод Шомуродов ҳам.
Муаллими муаллимон ба қарибӣ рӯзи мавлуди худро дар ҳалқаи наздикон, пайвандон, шогирдони хеш ҷашн гирифт. Мо – шогирдон низ устоди худро самимона табрику таҳният мегӯем ва барояшон тансиҳатӣ, хонаободӣ таманно мекунем.

Муродбек ЙӮЛДОШЕВ,
деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: