МУАЛЛИМИ ТАҚДИРСОЗ

ҲЕҶ КАС АЗ ПЕШИ ХУД ЧИЗЕ НАШУД...

Аз рӯзи таъсиси рӯзномаи ноҳияи Самарқанд «Гулобод тонги» то имрӯз бисёр шахсон вазифаи муҳаррирро ба ӯҳда доштанд, ки дар байни онҳо хоксорону росткорон, ҷавонмардону фидоиён буданду ҳам шахсони мағруру худписанд. 
Раҳматӣ Насриддин Зайниев қариб 30 (!) сол ҳамчун сардабири ҷафокашу дилсӯзи матбуот фаъолияти ибратбахшу шоиста бурд ва хоссатан барои тарбияи журналистони хушсалиқа, умедбахш, дилбастаи қаламзанӣ саҳми арзанда гузошт. 
Афсӯс, ки ӯро дар авҷи камолоти эҷодӣ ба мақоли «киштӣ бо саъйи киштибон ба канор мерасад» амал карда, аз вазифааш сабукдӯш карданд...
Он айём дар мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд  таҳсил мегирифтам. Синфи 9 «В» дар байни чаҳор синфи тоҷикӣ аз ширинкориҳои сегона – Толиб, Шамсӣ ва инҷониб «шӯҳрат»-и хосса дошт. Боре аз фанни забони хориҷӣ муаллимаи нав омад. 
Дар зимн вобаста ба ин муаллима як ҳодисаи номақбуле шуду аз он маро муаллими забону адабиёт, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Бердӣ Ҳамроев раҳонд.
Рости гап, агар он рӯзи таърихӣ тақдир маро бо ин педагоги моҳир рӯ ба рӯ намекард, кӣ медонад, соҳиби кадом касб мешудам. Вай баъди ба поён расидани маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон» ба ман супориш дод, ки доир ба маҳфил хабар навишта, ба идораи рӯзномаи «Шарқ тонги» барам, ки идорааш болои роҳам аст.
Агар супориши муаллими соҳибтаҷрибаи рӯзгордида, дилсӯзу рамузфаҳм шодравон Бердӣ Ҳамроев намебуд, шояд ҳеҷ гоҳ ба рӯзнома кордор нашуда, ҳатто намедонистам, ки он бо чӣ хел ранҷу азоб пайдо мешаваду бо гузашти айём мазмуни ҳаёти ман мегардад.
Аз назди бинои рӯзнома садҳо маротиба гузашта бошам ҳам, макони қаламзанҳо будани ин ҷоро намедонистам. Ба қабулхона ворид шуда, зани олуфтаи бо як пуд атру упо  пардозёфтаро саргарми ҳуруфчинӣ дидам. Вай ба ман нигоҳ карда, ба саломам алейк гирифт, панҷаҳояш мисли пианинонавози моҳир рӯи ҳарфҳо метохт.
– Муаллимамон ана ин коғазро дода фиристоданд, – мақсадамро ошкор сохтам, – ба кӣ диҳам?
Вай сӯи дари ҳамшафат ишора намуд ва корашро давом дод. Болои дари бо чарми сиёҳ рӯйкашшуда тахтачае бо навиштаҷоти «Муҳаррир Н.ЗАЙНИЕВ» овезон буд, кушода ба дарун нигаристам. Дар пешгаҳ марди миёнсолу хурдҷуссаи камгӯшти костюми сиёҳу куртаи сафед ва галстуки сурх бо мутолиаи рӯзнома банд буд, ки сар бардошта маро дид ва ба истиқболам омад.
Ман баъди салому алейк бо ишорати соҳибхона ба курсии нарм нишастам. Вай аз рӯ ба рӯям ҷой гирифт ва бо як нигоҳ матни коғазро хонд ва гуфт, ки нағз навиштаед.
– Муаллиматонро мешиносам, – бо табассум лаб ба сухан кушод вай, – шоири ҷанговар, шеър менависанд.
– Ман бо супориши он кас омадам, – сабаби ташрифамро гуфтам, – дар мактаб маҳфили адабӣ дорем.
Муҳаррир тугмачаро пахш карда буд, ки котиба дарро кушод ва чунон нигарист, ки маънои «чӣ хизмат?»-ро дошт.
– Абдусаломро даъват кунед!
Дере нагузашта Абдусалом ном шахси хушсурат омад.
– Ана ин мақолачаро гиреду ба ӯзбекӣ тарҷума кунед, – супориш дод муҳаррир. – Боз баъзе факту рақамҳоро аз ин бача пурсед. Муаллим Бердӣ Ҳамроев фиристодаанд.
Абдусалом Муҳаммадалиев шахси камгап, вале ҳозирҷавоби шӯхтабиат будааст. Мо зуд унс гирифтем ва ҳамкории тарафайн мустаҳкам гардид.

ЧАРОҒИ ДУРӮҒ ФУРӮҒ НАДОРАД

Ақл дорӣ, майли бадкорӣ макун,
З-ин бигзаштӣ, сабуксорӣ макун.
Минбаъд идораи рӯзнома ба хонаи дуюми ман табдил ёфт. Аҳли редаксия, алалхусус муҳаррири дилсафеду дилёб, хоксору росткор мо – шогирдонро ҳамеша бо табассум пешвоз мегирифт. Хату хабарҳои ба ном «мақола»-ҳои хому хатала, чалаву бесаводона, росту дурӯғ, саросема иншоёфтаро ба ӯ медодам ва баъди чанд рӯз дар саҳифаи рӯзнома равону суфта, бо пардозҳои зебо мехондам.
Бо дилбардорӣ, дастгирӣ, раҳнамоӣ ва маслиҳатҳои муфид кӯшиш ба харҷ дод, ки шогирд вориди боғи адабиёт гардад. 
Вақте ки бо талоши равшанфикрон як саҳифаи рӯзномаи мазкур тоҷикӣ шуд, чанд нафар ба масъули саҳифа шудан даъвогарӣ карданд. Аммо ӯ инҷонибро назди худ хонд ва гуфт:
– «Фонаи чӯб аз танаи чӯб-дия». Писарҷон, ғайр аз шумо ба ман ҳеҷ кас лозим нест. 
Ана ҳамин хел устоду шогирд паҳлӯи якдигар то воқеаи нохуше адои вазифа кардем. Вале дар ҳаёт ҳар бахтеро заволе будааст.

«ТӮФОНИ НӮҲ» ДАР РЕДАКСИЯ

Аз байн беш аз сӣ сол гузашт, аммо мақоли «пои бегуноҳ ба сари дор меравад», ростӣ, ки касро ба андеша мегузорад. Ҳатто чанде пеш дар хобам устоди аввалинам Насриддин Зайниевро дида барои гуноҳи азими хеш, ки дар як гӯшаи дилам гиреҳ буд, узр пурсидам. Вай бо табассуми малеҳ, чун ҳамон рӯзи мудҳиш, оҳи бадард кашиду «ҳеҷ гап не, ҳамааш нағз» гуфту халос.
Албатта баъди адои намози бомдод ояте аз Қуръони карим тиловат карда, ба руҳи покаш бахшидам ва аҳд кардам, ки ба муносибати 65-солагии рӯзномаи «Гулобод тонги» ба хотираи нахустин устод, раҳнамо ва муҳаррири нотакрор чизе иншо намоям.
Воқеан, марди дилёбу дарёдил, шодравон Насриддин Зайниев ба бисёр қаламзанҳо ҳаққи устодӣ дорад. Сардабири рӯзномаи «Халқ сӯзи» Ӯткир Раҳмат, шоир Суръат Орипов, собиқ раиси ширкати симо ва садои вилоят Миршариф Хоҷаев, журналистон Раҳимҷон Султонов, Тугалбой Музаффаров, Эргаш Султонов, Мирсафо Камолӣ, Раҳматулло Шарифзода, Озод Ҳамидзода, Раҳим Мавлонӣ ва даҳҳо нафар дигарон қалами худро маҳз дар ҳамин идораи матбуот чарх додаанд.
Воқеан дар он рӯзи фоҷеабор агар яке аз фаъолони Маркази милливу фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Амина Шарофиддинова эълони дар майдони Регистон баргузор гардидани гирдиҳамоиро намеовард, шояд масъала ранги дигар мегирифт.
Гуноҳи ман аз он иборат буд, ки ба пурсиши муҳаррир нисбати калимаи «гирдиҳамоӣ» ҷавоби пардапӯшона “маслиҳат кардан” намегуфтам, раҳматӣ Н.Зайниев ба чопаш дар рӯзнома иҷозат намедод.
Рӯзи дигар қариб 15 ҳазор нусха рӯзнома мусодира гардид ва таъҷилан ҳамин адад бо эълони «Гирдиҳамоӣ намешавад» аз субҳи содиқ ба ҳар як хонадони обуначиён расид. Маҳз барои эълон муҳаррири бечора аз вазифааш сабукдӯш шуд, ки моҳиятан ба нағзӣ – бадӣ, ба некӣ – ҷазо гардид. 
Аммо аз байн 35 сол гузашт, ҳамон шогирдону мухлисони бешумор ӯро ба некӣ ёд меоваранд. Умед аст, ки ба муносибати 65-солагии таъсиси рӯзномаи мазкур исму насаби ӯ низ бори дигар ба хотир гирифта мешавад. Шайх Саъдӣ мефармояд:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: