МУАЛЛИМИ ТАШАББУСКОРУ ОБОДГАР

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад гулдаста гардад.

Воқеан, чунин маъноро, ки дар байти шоир тавсиф гардидааст, дар ҳар лаҳзаи ҳаёт эҳсос кардан мумкин аст. Масалан, дар мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх. Дар ин мактаб 12 синфи ибтидоӣ  дар бинои алоҳида, дар ду баст таҳсил мегиранд. Корҳои таълимиву тарбиявии онҳо мувофиқи талабот роҳандозӣ гардида, омӯзгорон мекӯшанд то хурдсолонро таълиму тарбияи нек диҳанд. Байни омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ муаллим Султонҷон Сидиров бо ташаббуси накӯ, фидокориву ғамхорӣ ба соҳаи таълим ва донишомӯзон дар байни мардум ном баровардааст. Мавсуф 14 сол инҷониб ба кори педагогӣ машғулу баробари ба донишомӯзон таълим додан, дар корҳои ободонии мактаб низ саҳмгузорӣ мекунад.

Чанде пеш таҳти ташаббуси устоди арҷманд роҳи долон, ки 22 метр дарозӣ ва қариб 4 метр бар дорад ва барои гузаронидани тадбирҳои фарҳангӣ ва ба истироҳати бофароғати муаллимону донишомӯзон пешбинӣ гардидааст, болопӯш карда шуд.

Бояд гуфт, ки қаблан хонандагон дар рӯзҳои офтобӣ ё боришот, аз танг будани ҷой азият мекашиданд. Ин ҳол ҳатто ба саломатии донишомӯзони хурдсол таъсири манфӣ мерасонд. Аз охири соли хониши 2023-2024 корҳои таъмирӣ оғоз ёфта, дар оғози соли таҳсили 2024-2025 комилан ба охир расид. Алҳол аҳли мактаб аз ташаббуси С. Сидиров ва дастгирии ҳомиёни маҳаллӣ, ки барои болопӯш кардан 20 миллион сӯм ҷудо карданд, хеле хурсанд.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ.

Вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: