МУАММО ВА ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ АДВОКАТУРА

Дар Палатаи адвокатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба 20-солагии маҷаллаи «Advokat» таҳти мавзӯи «Нақши ҳамкории адвокатҳо ва журналистони ба соҳаи ҳуқуқ ихтисосонидашуда дар маҷаллаи «Advokat» мизи мудаввар баргузор шуд.

Ҳоло дар мамлакатамон барои ислоҳи соҳаи суду ҳуқуқ корҳои зиёд амалӣ мешаванд, аммо баробари ин муаммоҳое, ки ҳаллу фасли худро интизоранд, низ зиёд аст.
Солҳои охир дар саҳифаҳои нашри Палатаи адвокатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон – маҷаллаи «Advokat» муаммоҳое, ки садди фаъолияти адвокатҳо мешаванд, инъикос меёбанд, аммо мушкилоте оид ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон низ мавҷуданд, ки онро пурра дар бар гирифтани нашрия имконнопазир аст. Аз ин сабаб узви ҳайати маҷалла журналистон ва блогерҳои ҳуқуқшиносро доир ба ҳаллу фасли мушкилоти муҳими соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳамкорӣ даъват намуданд. 
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, имрӯз ҳар як шахс метавонад оиди воқеа ва ҳодисаҳои атроф мулоҳизаҳояшро ошкоро баён намояд. Аз ҷумла, ҳайати нашрия доир ба камбудӣ ва муваффақиятҳое, ки маҷалла дар фаъолияти 20-солаи худ ба даст даровардааст, ибрози назар карданд. 
Чи тавре ки таъкид гардид, ба мавқеи имрӯзаи адвокат дар ҷамъият баҳои мусбӣ дода намешавад. Вақте ҳолати адвокатҳо дар 42 мамлакати дунё омӯхта шуд, Ӯзбекистон дар ҷойи 40-ум қарор гирифт, яъне, дар миқёси ҷумҳурӣ ба 8,5 ҳазор нафар шаҳрванд як нафар адвокат рост меояд. Синни 50 фоиз адвокатҳо аз 50 зиёд мебошад, ки ин нишондиҳандаи хеле паст ба шумор меравад. Ин дар навбати худ ба хизмати босифати адвокатӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар мизи мудаввар саволи «чаро адвокатҳо камшумор ва ҳуқуқшиносони ҷавон адвокат шуданро намехоҳанд?» пеш гузошта шуд. Ба он ҷавобан гуфта шуд, ки то даҳсолаи охир ба адвокатҳо рухсатнома дода намешуд, 3,5 ҳазор саволҳои тест, ки барои адвокатҳои оянда пешбинӣ шудааст, мураккаб ва дандоншикан аст. Ва ин дар навбати худ манбаи қонуншиканӣ ва ришвахӯрӣ гардида буд.
– Аз рӯзе, ки шумораи аввалини маҷалла ба дасти хонандагон рафта расидааст, муддати на он қадар зиёд гузаштааст, – гуфт доктори илми ҳуқуқшиносӣ, нахустин сармуҳаррири маҷаллаи «Advokat» Баҳром Саломов. – Аммо маҷалла дар ин муддат рӯзҳои зиёди неку бадро аз сар гузаронид. Чанд сол пеш дар саҳифаи он шеър ва мақолае, ки мазмуни «Дар кишварамон биноҳои баланд сохта мешаванд, аммо мардум чӣ гуна умр ба сар мебаранд?»-ро дошт, чоп шуд. Рӯзи дигар ман маҷбур шудам оиди аз вазифа сабукдӯш шудан ариза нависам. Имрӯз вазъият ранги дигар гирифт. 
Дар маҷалла маводҳо оиди рафти воқеаҳое, ки дар он қонуншиканӣ ва зери по гардидани ҳуқуқи инсон ба назар марасанд, ошкоро чоп мешаванд. Аз манбаъҳои он на фақат ҳуқуқшиносон, балки ҳар як шаҳрванд метавонад ҳамчун манбаъ доир ба ҳуқуқ, маҷбурият ва имкониятҳояш истифода барад.  
Дар мизи мудаввар оид ба китобе, ки аз ҷониби Палатаи адвокатҳо ба чоп расидааст, сухан рафт. Китоб «Маслиҳати адвокат доир ба ҳаёти ҳаррӯза» ном дошта, саҳв намешавад, агар гӯем, ки он арзиши аз ҷевони китоби ҳар хонадон ҷой гирифтанро дорад. Дар китоб маслиҳатҳо бахшида ба масъалаҳои оила ва никоҳ, хонаву ҷой, кор, муаммо ва ҳаллу фасли ҳуқуқии муносибатҳои мазкур дарҷ шудааст. Дар он асосан суолу ҷавоби шаҳрвандон ва ҳуқуқшиносон доир ба қонуншикании маъмурӣ ва ҷиноӣ ҷой гирифта, ба мафҳуми адвокатура, адвокат, ҳимоятгар, шартнома бо адвокат ва бекор гардидани он, музди кори адвокат ва ғайра шарҳу эзоҳ дода шудааст, ки донистани он барои ҳамаи мо лозим аст. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: