МУАММОИ ОБИ ТОЗА ҲАЛ МЕШАВАД

Яке аз мушкилоте, ки бошандагони баъзе навоҳии вилояти Қашқадарёро ба андеша водор кардааст, камбудии оби ошомиданӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби қарори Президент аз 3-юми феврали соли ҷорӣ «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба куллан ривоҷ додани вилояти Қашқадарё  ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи шароити зисти аҳолӣ аз нигоҳи иқтисодиву ичтимоӣ дар солҳои 2023-2025» дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ғузор муаммои оби ошомиданӣ ба таври мусбат ҳал мегардад. Махсусан, деҳкадаҳои ҳамсарҳад бо кишвари Туркманистон, ки то имрӯз оби тоза надоштанд, аз ин неъмат баҳраманд шуданд. 
Маҳаллаи «Қоракӯл» аз маркази ноҳия фарсахҳо дур буда, дар сарҳади Туркманистон ҷой гирифтааст. Ҳоло барои аҳолии деҳаҳои ба ин маҳалла шомил се мошини 40 тоннагии обкашон, ки дар ин авохир харидаву дар хидмати аҳолӣ қарор гирифтанд, мунтазам оби ошомиданӣ мекашонанд. 
Дар деҳаҳои Тахам, Кенгсой ва Ҷонқара се ҳавзи сарпӯшидаи ғунҷоишаш 50 тоннагӣ сохта шуданд ва тавассути мошинҳои обкашон пур карда мешаванд.
Сарвар Сафаров, раҳбари шуъбаи «Қашқадарё сув таъминоти» дар ноҳияи Ғузор гуфт, ки то ин дам аҳолии ин деҳаҳо обҳои мамнӯъро истеъмол мекарданд. Акнун имкон доранд, ки аз ин ҳавзҳо мувофиқи талаботи худ обро ба нархи давлатӣ бихаранд ва истифода кунанд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: