МУАММОҲОИ АҲОЛИРО ДАР МАНЗИЛАШОН ҲАЛ МЕНАМОЕМ

Тӯли солҳои охир дар мамлакатамон барои некӯаҳволӣ ва фаровонии аҳолӣ эътибори калон зоҳир карда мешавад.

 «Бо ташвиши мардум зиндагӣ кардан маҳаки бузургтарини инсонист», «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунад», «Мардум фардо не, дар ояндаи дур не, балки маҳз имрӯз мехоҳад дар ҳаёти худ тағйироти мусбатро бубинад», чунин суханон, ки борҳо Президент Шавкат Мирзиёев такрор менамояд, возеҳу равшан дар ҳаёти ҷомеа татбиқ мегарданд.
Дар ин ҷода қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо натиҷаи самарабахши ба роҳ мондани мулоқоти ошкорои байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ, ошкор намудани мушкилоти рӯзмарра, таъмин сохтани баррасии қонунии муроҷиатҳо мегарданд. Инро мо дар муроҷиатҳои гуногуни мардум ба идораи қабулгоҳҳои халқиамон мебинем. Дар ин ҷода ягон муроҷиат беэътибор намемонад.
Ҳаллу фасли муроҷиатҳоеро, ки дар идораи қабулгоҳи халқӣ ҳал намешавад, бо иштироки роҳбарони дахлдори корхона ва муассисаҳо, маҳалҳо бевосита бо аҳолӣ бо роҳи мулоқоти ошкоро бар роҳ мемонем. Ин имконияти дар ҷояш ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳо ва ба ташкилотҳои дахлдор роҳӣ намудани онҳоро фароҳам меорад. 
Ҳоло мувофиқи фармони сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми кор бо мушкилоти аҳолӣ», дар манзилҳо мушкилот ва муаммоҳои шаҳрвандон сари вақт ҳаллу фасл мегардад. Ҳатто дохил кардани маҳаллаҳо низ ба рӯйхати барномаи «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» аз тарафи қабулгоҳҳо муайян карда мешавад.
Қобили қайд аст, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми кор бо мушкилоти аҳолӣ» баробари беҳтар кардани фаъолияти қабулгоҳҳои халқӣ, барои муайян кардани ҳар як мушкилоту муаммоҳои аҳолӣ ва сари вақт ҳаллу фасл кардани онҳо хидмат мекунад.

Абдурасул ДАВЛАТОВ,
мудири қабулгоҳи халқии 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 дар ноҳияи Поп.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: