МУАММОҲОИ САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ

«Дар мамлакат бинобар ба сифати яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ ривоҷ додани сайёҳӣ, ки диверсификатсияи он ва рушди босуръати минтақаҳо, созмон додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромад ва сифати ҳаёти аҳолӣ, инчунин беҳдошти ҷозибадории сармоягузориро таъмин мекунад, зина ба зина маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мегардад».

Мо иқтибоси болоиро аз Фармони Президент «Дар барои чораҳои иловагӣ оид ба рушди босуръати сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки 5 январи соли ҷорӣ ба имзо расидааст, беҳуда наовардем. Зеро соҳаи сердаромад будани сайёҳӣ дар дурнамои Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти устувори рушди  Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 низ таъкид шудааст.

Пас аз соҳибистиқлол гаштани мамлакатамон ба мероси маданӣ ва маънавии халқ, инчунин ба ёдгорӣ ва зиёратгоҳҳое, ки бо дини мубини ислом бевосита алоқамандӣ доранд, эътибор афзуд. Аз ин рӯ, зарурати рушди сайёҳии динӣ ба миён омад. Бояд таъкид намуд, ки сайёҳии динӣ, сайёҳии зиёратӣ ва сайёҳии ҳалол дорои паҳлӯҳои ба ҳам монанд ва фарқкунанда ҳастанд.
Сайёҳии динӣ ду намуд дорад: сайёҳии экскурсионӣ-омӯзишӣ ва сайёҳии зиёратӣ. Саёҳати динӣ ба дарк намудани мазмуни зиндагӣ кӯмак намуда, ба кас хотирҷамъии рӯҳӣ мебахшад. Дар чунин мавридҳо бархе аз сайёҳон баҳри авфи гуноҳҳо тавба мекунанд, ба маризиҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии хеш шифо металабанд....
«Сайёҳии ҳалол» барои аҳли  муслим бояд мувофиқи талабҳои шариат ташкил карда шавад. Калимаи «ҳалол» дар ин маврид танҳо ба маънои маҳсулоти хӯрокворӣ нест. Ин ҷо баробари маҳсулоти хӯрокворӣ шароити зист, хидмати маишӣ, гигиенаи шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, маданияти либоспӯшӣ, парфюмерия, косметика ва ғайраҳо низ дар назар дошта шудаанд. Алҳол бозори ҷаҳонии сайёҳии ҳалол 126 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва соли 2020 се баробар афзудани он пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, лозим меояд, ки барои ин гурӯҳ сайёҳон шароити муносиб муҳайё карда шаванд. 
Имрӯз дар Ӯзбекистон зиёда аз 7000 иншооти мероси маданӣ мавҷуд буда, аксарияти онҳо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил шудаанд. Сафи онҳое, ки ин обидаҳои таърихиро дидан, қабри бузургонеро, ки ба тамаддуни аҳли башар ҳиссаи арзанда гузоштаанд зиёрат кардан мехоҳанд, торафт меафзояд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурии мо барои рушди сайёҳӣ ва аз имкониятҳои он пурра истифода бурдан аз моҳи феврали соли 2018-ум барои шаҳрнавандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Исроил, Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Ҷопон режими 30 рӯзаи бидуни раводид ҷорӣ карда шуд.

Ғайр аз ин барои шаҳрвандони 39 давлат тартиби расмикунии раводид соддатар гардид. Аз 15 июли соли 2018 бошад, тартиби расмикунонии раводидҳои электронӣ ба роҳ монда шуд. Натиҷаи ин тадбирҳо буд, ки дар шаш моҳи аввали  соли сипаригашта шумораи сайёҳон ба  2,2 миллион нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи аввали соли 2017-ум 93 фоиз зиёд аст.
Танҳо дар Самарқанд, ки бо номҳои «Сайқали рӯйи замин», «Гавҳари Шарқ» машҳур гаштааст, 1851 иншооти мероси маданӣ мавҷуд. Соли гузашта дар арафаи иди Наврӯз ҳар рӯз 17 ҳазор нафар сайёҳ қабри Имом ал-Бухориро зиёрат кардаанд.
Фароҳам овардани шароити беш аз пеш мусоид барои сайёҳии динӣ, бешубҳа, аз омилҳои боз ҳам афзудани шумораи сайёҳон аст. Барои амалӣ гаштани ин мақсад, яъне зиёд кардани миқдори сайёҳон  дарёфт ва кашфи иншооти то ҳол номаълуми зиёратӣ, омӯхтан ва тарғиб намудани онҳо, рағбатноккунии шахсоне, ки чунин иншоотро пайдо мекунанд, қатъи  назар аз эътиқоди динӣ бо назардошти ба кадом дин эътиқод намудани сайёҳ ба роҳ мондани инфрасохтори «Ҳалол», «Кошер», «Вегетариан»  ва ғайраҳо зарур аст.
Ба воситаҳои нақлиёт, ошхона ва меҳмонхонаҳои назди зиёратгоҳ дар вақтҳои ғайри мавсими зиёрат имтиёзҳо пешниҳод кардан, ба таъмири зиёратгоҳҳо ҷалб намудани корхонаҳои касбии таъмиркунӣ, барои субъектҳои хоҷагие, ки зиёратгоҳҳои нав барпо мекунанд, ҷорӣ кардани андози  имтиёзнок, бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ба зиёратгоҳҳои хориҷӣ фиристодани кадрҳои маҳаллӣ аз шартҳои ин гуна сайёҳӣ мебошад.
Фикр мекунем ва гумони ғолиб дорем, ки ин пешниҳодҳо ба рушди сайёҳӣ ва аз ин тариқ ба пешрафти иқтисодии Ватани маҳбубамон мусоидат мекунанд.

Баҳодурхон САФАРОВ,
декани факултаи «иқтисодиёт ва бизнес»-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои иқтисодӣ.
Аҳтам НИЗОМОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: