МУАММОҲОИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Сарвари давлатамон ҳангоми сафараш ба вилояти Сирдарё (19.02.2019) бобати пурсамар истифода бурдан аз қитъаҳои замини наздиҳавлигии аҳолӣ, ки аз воситаҳои баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ аст, як қатор супоришҳо дода буд.

Ғайр аз ин дар ҷамъомади 17 январи соли ҷории Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид шуд, ки моҳҳои январ-март таҳти роҳбарии ҳамаи чор сектори ноҳияҳо ҳар як хонадон дар аввали баҳор  бояд дарахтҳои мевадор шинонанд, паррандапарвариро ба роҳ монанд ва аз қитъаҳои замини наздиҳавлигиашон пурсамар истифода бубаранд. Инчунин ҳокимияти ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки барои самаранок истифода бурдан аз заминҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ шароит фароҳам оварда шавад.
Ҳангоми омӯхтан ва таҳлили супоришҳои болоӣ маълум шуд, ки дар вилояти Сирдарё бино бар иҷрои ин вазифаҳо корҳои шоёни таҳсин амалӣ гаштаанд. Аммо як қатор муаммоҳо низ ҳастанд. Муаммои асосии соҳа дар вилоят асосан ба соҳаи ирригатсия ва мелиоратсия тааллуқ дорад, ки боиси эътирози барҳақи аҳолӣ мегардад. Масалан, заҳбуре, ки аз ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони «Ҳикматалӣ»-и ноҳияи Сирдарё мегузарад, солҳост, ки тоза карда нашудааст. Аз ин ҳол сокинони кӯчаҳои Гулёр, Ҳақиқат, Мӯъҷиза, Забардаст ва Сукунат, ки ҷамъ 77 хонадонро ташкил мекунанд, азият мекашанд. Зеро дар натиҷаи ба сатҳи замин баромадани обҳои зеризаминӣ дараҷаи шӯрхокшавии заминҳои ин ҳудуд торафт зиёд мегардад ва маълум аст, ки дар замини шӯр зироат намерӯяд, ё худ ҳосили он ба меҳнат намеарзад. Яъне, ба ҷойи фоида зарар мебинед. Вақти омӯхтани муаммоҳо боз маълум шуд, ки барои обёрӣ намудани заминҳои наздиҳавлигии аҳолии ин хоҷагӣ барои канале, ки аз наздикии он мегузарад, як насоси обкашӣ лозим аст.
Дар ҷамоати шаҳрвандони «Ӯзбекистон»-и ноҳияи Сайҳунобод низ муаммоҳои бо об вобаста вуҷуд доранд. Барои бо оби равон таъмин кардани заминҳои наздиҳавлигии як қисми аҳолии ин маҳалла бояд аз масофаи 500 метр хати нави об кашида шавад. Дар ин ҳудуд низ боло рафтани дараҷаи шӯрхокшавии заминҳои наздиҳавлигӣ мушоҳида гардид. Барои бартараф намудани ин ҳол бояд заҳкаши аз наздики маҳалла гузашта тоза карда шавад. Дар акси ҳол 22 хонавода аз кӯчаи «Дӯстлик» ва 23 оила аз кӯчаи «Ватан» аз заминҳои наздиҳавлигии худ истифода бурда наметавонанд, ки ин дар маҷмӯъ 9 гектарро ташкил медиҳад.
Дар маҳаллаи «Ҳосилобод»-и ноҳияи Боёвут 620 хонадон заминҳои наздиҳавлигиро ба ҳоли худ гузоштаанд.
Бино ба ҷадвале, ки мутасаддиёни ноҳияи Боёвут тартиб додаанд, маълум мешавад, ки дар маҳаллаи »Ҳосилобод» танҳо 10 оила нисбат ба заминҳои наздиҳавлигии худ бепарвоӣ зоҳир кардаанд. Аммо ҳангоми санҷиш аён гашт, ки 3 гектару 19,4 хол (сотих) замин, ки ба 21 хонавода тааллуқ дорад, ҳанӯз шудгор карда нашудааст. Масалан, О.Оқилов ва Ю.Абдураҳимов дар кӯчаи «Чирой»-и маҳаллаи номбурда истиқомат мекунанд ва ҳар кадом 20 холӣ замини наздиҳавлигӣ доранд. Аммо то рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ шудгоркунии замин ба «хотирашон наомадааст». Мутаассифона, рӯйхати чунин шахсони фориғболро аз ҳамин хоҷагӣ боз давом додан мумкин аст...
Аз ин ҳол хулосае бармеояд, ки роҳбарони масъул ва ҷамоаҳо бо аҳолии ин ҳудуд оид ба масъулияти замини наздиҳавлигӣ корҳои тарғиботӣ набурдаанд. Вагарна аксари бошандагони он  ба заминҳои ҳосилхези худ танҳо юнучқа намекориданд. Дар натиҷаи бемасъулиятии инспектори идораи андози ноҳия Баҳодур Қӯшмуродов, ки ба ин маҳалла вобаста карда шудааст, қарори 205-уми Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба се баробар зиёд ситонидани андоз аз соҳибони заминҳои бекорхобида амалӣ нагаштааст.
Дар ҷамоати шаҳрвандони «Қаҳрамон»-и ноҳияи Хавос аз сабаби носозиҳои ирригатсионӣ аз 77 гектар замини наздиҳавлигӣ имконияти истифода бурдан нест. Ғайр аз ин дар ин маҳалла аз сабаби корношоям шудани низоми новаҳо обҳои борон кӯлмак ҳосил карда, ҳолати антисанитариро ба вуҷуд меоранд. Ҳамин ҳолат дар ҷамоатҳои шаҳрвандии «Янгиер» ва  «Пахтакор»-и ноҳия низ мушоҳида шуд.
Аз мушоҳидаҳои болоӣ бармеояд, ки супоришоти Президент на дар ҳамаи ноҳияҳои вилояти Сирдарё ба тарзи бояду шояд иҷро мешаванд.

Х. ҚӮЛДОШЕВ,
мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: