МУАММОҲОРО ДАСТҶАМЪОНА ҲАЛЛУ ФАСЛ КУНЕМ

Сулаймон Хоҷаназар дар байни мардуми воҳаи Сурхон эҳтирому самимияти баланд дошт.

Ӯро мардум ҳамчун шоири хеш эътироф мекарданд, ба тӯю маъракаҳои нишоти худ даъват менамуданд. Шоир даъвати онҳоро ба ҷону дил  мепазируфт. Боре мо дар як тӯйи деҳаи Хонҷиза бо Сулаймон Хоҷаназар тасодуфан вохӯрдем. Шоир бо хоҳиши мухлисонаш дубайтиҳои пандомези худро қироат мекард. Пас аз анҷоми шеърхонӣ мо бо ӯ ҳолпурсӣ намудем. Ин дам ҷавоне омаду ба шоир гуфт, ки тӯй дорад.  Хуб мешуд, шоир барои даъватномаи он байте барои ёдгор нависад, ки орзую омоли соҳибтӯйро ифода кунад. Шоир гуфт, ки дар ин мавзӯъ дубайтие дорад ва онро хонда дод. 
Халоиқ тӯйро гӯяд хазина,
Дарахти орзу рӯяд ба сина.
Падарҳо тӯй бинанд, сур бинанд,
Илоҳо, модарон ғамро набинанд.

Он ҷавонмард шоирро ба оғӯш кашида, қанд занед, устод, – гӯён изҳори шодиву қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки ин дубайтиро, албатта, дар даъватномаи маъракаи суннатии ҷигарбандонаш сабт мекунад. Ва аз шоир хоҳиш намуд, ки дар тӯй иштирок кунад. 
Пас аз он ин дубайтии шоир вирди забони тоҷикони воҳаи Сурхон гардид. 
Оре, мардуми мо тӯйро хазинаи Худо мегӯянд ва як умр сарфакорӣ карда, орзу мекунанд, ки ба назди мардум дастурхон кушода, аз пиру ҷавон фотеҳаи нек гиранд.
Шайх Аттор хеле хуб фармудааст: 
Фахри ҷумла корҳо нон додан аст,
Дар ба рӯйи дӯстон бикшодан аст.

То ҷое, ки мо медонем, мардум ба маъракаҳо барои хӯрдан не, балки барои табрики соҳиби суру ҷашн ё дилбардориву таскини мотамдор мераванд.
То ба наздикӣ тамоми маросимҳои шодиву нишот ва ғаму андӯҳ бо дабдаба ва серхароҷот мегузаштанд. Мардум барои гузаронидани  чунин тадбирҳо, гӯё байни ҳам мусобиқа доштанд.
Яке аз дигаре паст намеомад, аксариятро ба дод оварда буданд, ин қабил маъракаву чунин маъракадорон. Барои пешгирӣ кардани ин амалҳои номатлуб Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев камар баст ва дар бисёр баромадҳои хеш ин «мусобиқа»-и бебунёдро сахт танқид намуд. Пас аз он ин муаммо дар дараҷаи  муроҷиатномаҳои фаъолони бунёдҳои «Нуронӣ» ва «Маҳалла» ба муҳокимаи аҳли кишвар пешкаш карда шуд.
Сари ин масъала дар оинаи нилгун ва дигар расонаҳои ахбор низ андешаҳои ҷолибу арзишманд тарғибу ташвиқ шуданд ва мешаванд.
Вале мутаассифона, ин андешаҳои нек ба гӯши баъзеҳо намерасанд, онҳо «ман медонаму дави аспам» гӯён, боз ҳамон амалҳои номатлуби хешро идома медиҳанд.
Ба қарибӣ ба деҳаи Дарбанд пеш аз арӯсӣ, домод ба ҳамсинфон ва дӯстонаш шарт мегузорад, ки онҳо бояд барои ташкили сайру саёҳати арӯсу домод ҳар кадом як сабукрави «Каптива» ва чаҳорсад ҳазор сӯм пул биёранд, вагарна ба иштирокашон дар базм эҳтиёҷе нест. Ин гап ба гӯши раиси маҳаллаи «Санггил» Холиёр Назаров мерасад. Раис меҳтарони маҳалла, домод, падару модарони ҳар ду тараф ва дигар фаъолонро ба идора даъват карда, ба соҳибтӯйҳо мефаҳмонад, ки набояд ба ин кор роҳ диҳанд. Ҳамин тариқ аҳли маҷлис қарор мекунанд, ки ба ин гуна намоишкорӣ ва хароҷоти зиёдатӣ рухсат дода нашавад. Дар натиҷа тӯй бо иштироки 150 нафар камхарҷу ихчам гузаронида шуд. Тамоми аҳли маҳалла ин ташаббусу истодагарии раиси маҳалларо ҷонибдорӣ карданд.
Мо бояд хурду бузург дар ҳаллу фасли мушкилоте, ки ҳамагонро ба гирдоби андешаи амиқ ва ташвиш афкандааст, бетараф набошем, дастҷамъона барои бартараф сохтани чунин иллатҳои ҷамъият кӯшиш кунем.

Нуралӣ РАҶАБ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»,
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: