Осорхонаи таърихии «Хотира ва қадриятҳои миллӣ»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулобод»-и ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё яке аз мавзеъҳои намоёни ин қаламрав мебошад.
Барои дидани он ба ҷуз аз сайёҳони дохилӣ шумори зиёди ҷаҳонгардони хориҷӣ аз Афғонистон, Чехия, Полша, Венгрия ва Русияву Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ҳоло аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфтани соҳаи туризми дохиливу хориҷӣ боиси афзоиши шумори тамошобинони осорхона гаштааст. Меҳмонон таассуроти неке бардоштаву бештар ба ваҷд меоянд ва аз он изҳори тааҷҷуб мекунанд, ки чӣ тавр дар як гӯшаи дурдасти Ӯзбекистон чунин осорхонаи бой ва дорои ашёи қадима ташкил шудааст.
Бояд таъкид кард, ки дар осорхонаи мо зиёда аз 3000 номгӯй экспонатҳо маҳфузанд ва онҳо аз таърихи бою тамаддуни замоне пешрафтаи мардуми маҳал ҳикоят мекунанд. Қадимтарин ашёи осорхонаи маҳаллаи Гулобод тақрибан 2700 сол таърих дорад ва он танӯри нонпазӣ мебошад, ки хушбахтона то ба рӯзгори мо беосеб расидааст. Ин танӯр аз маҳалли кофтуковҳои археологии Қизилтеппа пайдо шудааст, ки дар қарибиҳои маҳаллаи Гулобод воқеъ аст. Чандин сол пеш аз ин бостоншиносони Чин бо раҳбарии профессор У Шин дар Қизилтеппа кофтуковҳои археологӣ доир намуданд ва маълум карданд, ки дар зери хок таърихи қадимаи мардуми минтақа маҳфуз мондааст. Онҳо чун аз мавҷудияти як осорхонаи бостоншиносӣ дар деҳаи Гулобод хабар ёфтанд, чандин ашёи қадимаро дар ихтиёри он вогузоштанд. Ин тавр, ҳамин танӯри қадима ва як обдони артиши Искандари Мақдунӣ моли осорхонаи мо гашт ва ҳоло, бешак, аз мавҷудияти чунин ашёи қадима ифтихор мекунем. Ҳамчунин аз маҳалли ҳафриётҳои Малилитеппа низ ашёи зиёде ба дасти мо расидааст, ки иборат аз кӯзаҳои гуногун ва асбобу ашёи рӯзгори замони қадим мебошанд. Тиру камони замони салтанати Амир Темур ҳам як экспонати дорои аҳамияти таърихӣ буда, ҳоло дар рафҳои осорхона маҳфуз аст.
Ғояи ташкил намудани осорхонаи таърихӣ дар қаламрави маҳалла байни як гурӯҳ зиёиёни худшинос пайдо гашта, дар зудтарин фурсат дар амал татбиқ гашта буд. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик шодравон Давлат Фатҳуллоев, омӯзгори фанни физика Исматуллоҳ Фузайлов ва собиқ раҳбари мактаби 9-уми Олтинсой Содиқ Мирзоев аз фарзандони дилсӯзи маҳал буданд, ки ба гузаштаи миллати худ таваҷҷуҳ зоҳир намудаву чунин як осорхонаи бойро асос гузоштанд. Бинои чӯбкории он аз ҷониби панҷ гурӯҳи хатмкардагони солҳои 1960-1970 мактаби деҳа бунёд ёфта, ашёи зарурии таърихии он бештар аз деҳаҳои Фангат, Ғӯтхокин, Бештахта, Ҳавз, Оқсу ва Хоҷаи Поки ноҳия ҷамъоварӣ гаштаанд. Осорхона аз соли 1991 амал мекунад ва пайваста ғанӣ мегардад. Соли 2008 тибқи қарори рақами 38-уми ҳокими ноҳия ин осорхона ба тасарруфи шуъбаи маданият ва варзиши вилоят даромад, ки ҳоло нигаҳдории мероси қадима ном дорад. Соли 2018 замони як дидору мулоқот бо мардуми маҳал собиқ ҳокими вилояти Сурхондарё Эркинҷон Турдимов барои бозсозии бинои осорхонаи таърихии «Хотира ва қадриятҳои миллӣ»-и маҳаллаи Гулобод 250 миллион сӯм маблағ ҷудо кард. Улуғбек Қосимов, ҳокими имрӯзаи вилоят низ аз фаъолияти осорхонаи мо огоҳ аст ва барои нигоҳубини он аз ҳисоби буҷа 0,5 штати корӣ ҷудо кард, ки ҳоло Нодира Исматуллоева машғул аст. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик шумораи штати кориро ба ду баробар афзоянд.
Осорхонаи таърихии «Хотира ва қадриятҳои миллӣ» дар аксари чорабиниҳои сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат меварзад. Осорхонаи таърихии мо бо намунаи беҳтарини экспонатҳояш чандин сол аст, ки дар фестивалҳои «Баҳори Бойсун», «Санъати бахшӣ» дар шаҳри Тирмиз ва «Роҳи абрешим» дар шаҳри Тошканд ширкати фаъол дорад ва дар муаррифии таърихи бошандагони ноҳияи Олтинсой саҳм мегузорад.
Ҳабибулло ИСМАТУЛЛОЕВ,
раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳияи Олтинсойи
вилояти Сурхондарё.