МУАРРИФИИ АДАБИЁТ – МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

Чанде қабл Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намуда буданд, ки доир ба мавзӯи «Масъалаҳои умдаи омӯзиш ва тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек дар миқёси байналхалқӣ» дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон конфронси байналхалқие баргузор шавад.

Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти пешниҳод фармоише доир намуд, ки тибқи он бояд дар даҳрӯзаи аввали моҳи август конфронси мазкур баргузор гардад.
Хабарнигорамон доир ба рафти омодагирӣ ба конфронси байналхалқӣ бо масъули бахши робитаҳои байналхалқӣ ва тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Адҳамбек Алимбеков суҳбате анҷом дод. Инак, фишурдаи он суҳбат.

– Муҳтарам Адҳамбек Камолович, доир ба рафти омодагирӣ ба конфронси байналхалқӣ, ки бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ баргузор мешавад, сухане чанд мегуфтед.
– Ба чашм. Тибқи фармоиши Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси байналхалқӣ доир ба мавзӯи «Масъалаҳои умдаи омӯзиш ва тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек дар миқёси байналхалқӣ» 7-8 август дар Тошканд баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки чунин конфронс дар Ӯзбекистон бори аввал доир мегардад. То ҳол тарҷумаи осори адибони ӯзбек ба забонҳои дигар бино ба ташаббусу рағбати мутахассисони хориҷӣ сурат мегирифт...
Барои мутобиқсозии корҳои тайёрӣ ба конфронси байналхалқӣ таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд, профессор Шуҳрат Сироҷиддинов, иборат аз 9 нафар гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Баъди коркард тамға (эмблема)-и конфронс ба тасвиб расид. Тамғаро дизайнсози Академияи бадеӣ, шоири ҷавон Насрулло Эргаш тибқи ангора (эскиз)-и кашидааш омода кардааст. Ба сифати рамзи конфронс маҳсули тахайюли Наққоши мардумии Ӯзбекистон Владимир Кайдалов тасвири Навоӣ интихоб гардид.
Дар арафаи конфронс китобе таҳти унвони «Алишер Навоии бузург» («Alisher Navoiy the great») интишор меёбад. Ҳамчунин аудиодиске омода мегардад, ки дар он намунаи ғазалҳои намояндагони адабиёти классикии ӯзбек Навоӣ, Бобур, Муқимӣ ва дигарон дар иҷрои ҳунарпешагони шинохта ва шеъру ҳикояҳое, ки намояндагони адабиёти садаи ХХ ӯзбек қироат кардаанд, сабт ёфтааст.
– Ин армуғонҳои гаронбаҳо ба чӣ мақсад омода карда мешаванд?
– Ҳадафи ниҳоӣ ин аст, ки аксарияти иштирокдорони конфронс дар донишгоҳҳои хориҷӣ аз забон ва адабиёти ӯзбек дарс медиҳанд. Армуғонҳои мо дар кори тарғиби адабиёту ҳунари ӯзбек ба сифати мавод хидмат хоҳад кард.
– Алоқамандони адабиёту ҳунари ӯзбек дар хориҷи кишвар аз баргузории конфронс то куҷо огоҳӣ доранд?
– Дар рафти омодагирӣ ба конфронс бо олимон, тарҷумон ва ношироне, ки дар хориҷи кишвар бо тарғибу ташвиқи адабиёти ӯзбек сарукор доранд, тамос гирифтем. Дар доираи конфронс доир ба масъалаи нашри намунаҳои адабиёти ӯзбек дар кишварҳои хориҷӣ гуфтушунидҳо сурат хоҳанд гирифт. Бо Иттиҳоди нависандагони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қазоқистон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид, байни нашриёти Ӯзбекистону як қатор кишварҳои хориҷӣ роҳандозии ҳамкориҳо дар мадди назар аст.
– Бахшида ба конфронс оё ба ҷуз китоби «Алишер Навоии бузург» нашри матолиби дигар низ ба нақша гирифта шудааст?
– Бале. Ба иштирокдорони конфронс матнҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисии қарорҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи созмон додани Хиёбони адибон дар ҳудуди Боғи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ», аз 18 апрели соли 2017, «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон», аз 5 апрели соли 2018, маҷмӯаи маърӯзаву мақолаҳои иштирокдорони конфронс пешниҳод карда мешаванд. Маърӯзаву мақолаҳои олимони ватаниву хориҷӣ аллакай гирд оварда шуданд. Дар веб-сайти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон – ijod.uz, яъне фейсбук саҳифаи конфронс боз шудааст, ки хонандагонро бо рафти кори он ошно месозад.
– Конфронс дар пеш чӣ мақсаду вазифаҳо гузоштааст?
– Суоли барҷо, конфронс мақсаду вазифаҳои мушаххас дорад, ки аз инҳо иборатанд: беш аз пеш таҳким бахшидани робитаҳои адабӣ дар байни мамлакатҳо; баррасии масъалаҳои тарҷумаи бадеӣ аз забони ӯзбекӣ ба забонҳои хориҷӣ; омӯзиши корбурди усулҳои замонавии тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек дар миқёси байналхалқӣ, муайян намудани самтҳои он; роҳандозии ҳамкориҳо доир ба омӯхтани намунаҳои адабиёти ӯзбек, ки дар китобхонаҳои дунё нигоҳдорӣ мешаванд; огоҳ сохтани аҳли ҷомеаи ҷаҳон бо сатҳи рушди адабиёти муосири ӯзбек; коркарди пешниҳодҳо доир ба созмон додани ҳамкории самарабахш; коркарди пешниҳодҳои мушаххас доир ба рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи адабиёт.
– Мехостем донем, ки дар кори конфронс намояндагони чанд мамлакат иштирок менамоянд?
– Барои муайян намудани иштирокдорони хориҷӣ дар конфронс ба 32 давлати хориҷӣ пурсишнома интиқол дода шуд. Беш аз дусад олиму тарҷумон изҳор доштаанд, ки дар кори конфронс ширкат биҷӯянд. Гурӯҳи корӣ, бо назардошти муҳтавои матолиби ирсолдошта чил нафарро интихоб кардааст. Иштироки меҳмонон аз 25 давлати дунё дар назар аст.
Раиси Иттиҳоди нависандагони Қазоқистон Улуғбек Есдавлат, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, раиси Ваҳдати нависандагони Озарбойҷон Анор, раиси Ассотсиатсияи нависандагони вилояти Панҷоби Ҳиндустон Дев Бхадбей ба сифати меҳмонони ифтихорӣ дар конфронс иштирок хоҳанд кард.
Бино ба барномаи омодагардида меҳмонон аз ҷойҳои ҷолиби диққат, осорхонаҳои кишвар ва ёдгориҳои таърихӣ дидан мекунанд.
Меҳмонон 8-уми август ба музейи зери осмони кушод – Самарқанд мераванд. Онҳо дар ин шаҳри бостонӣ аз мақбараи Амир Темур, Ҳазрати Хизр, майдони Регистон, расадхонаи Улуғбек, мақбараи Мотурудӣ, маҷмӯъи Шоҳи Зинда дидан мекунанд, ба қабри Нахустин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов гул мегузоранд.
– Барои посух ба суолҳо ташаккур. Таманнои онро дорем, ки робитаҳои адабиву фарҳангии мо бо кишварҳои хориҷӣ беш аз пеш густариш ёбанд.
– Саломат бошед.

Суҳбаторо
 А.СУБҲОН,
муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: