Дар Маскав муаррифии ҷилди якуми «Антологияи назми ӯзбек» баргузор шуд.
Барои чорабинии мазкур яке аз чойхонаҳои мавзеи Замоскворече интихоб гардид, ки дар наздикии сафоратхонаи Ӯзбекистон дар пойтахти Русия ҷойгир буда, дар он шукӯҳи миллӣ эҳсос мегашт.
Шоир, тарҷумон, мураттиби антология Михаил Спелников дар баромади худ таъкид кард, ки китоби мазкур аз чопи аввалааш фарқ карда, аз он шеърҳои динӣ ва ашъори шоироне, ки қурбони солҳои табъид гардида буданд, ҷой гирифтааст.
Дар антологияи нав услуби тарҷумонии Н. Гребнёв, В. Державин, М. Зенкевич, Н. Заболотский, А. Кочетков, Г. Оболдуев, ки дар ин соҳа мактаби хоси худро доштанд, нигоҳ дошта шудааст.
Директори илмии Донишкадаи таҳқиқотҳои кайҳонии АИР Л. Зелений, омӯзгори забони ӯзбеки ДДАМ Б.Қараева, муовини раиси ҷамъияти дӯстии Русия ва Ӯзбекистон О.Примов оид ба нашри мазкур, бо ҳам робитаи қавӣ доштани адабиёт, фарҳанг, тахрих ва илмҳои дигар гуфта гузаштанд.
Роҳбари лоиҳаи силсилаи антологияи назми халқҳои ИДМ ва Русия Галина Грибовская аз ашъори шоираҳои асрҳои XVIII-XIX шарқ Зебуннисо, Дилшод, Увайсӣ, Нодира порчаҳо қироат карда, доир ба ҳаёту эҷодиёти онҳо маълумот дода гуфт, ки ҳамаи онҳо намояндагони дарбор буданд, аммо ҳамеша ба манфиати мардум хидмат кардаанд.
П. ОЗОД,
ш. МАСКАВ.