ва таоми миллии Ӯзбекистон дар Озарбойҷон
Бо ташаббуси Ӯзбекистон аввалин Конгресси умумиҷаҳонии ошхонаи исломӣ баргузор гардид.
Дар доираи нахустин «Конгресси умумиҷаҳонии ошхонаи исломӣ» сафоратхонаи мамлакати мо дар Озарбойҷон муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва таоми миллии Ӯзбекистонро дар мактаби байналхалқии SABIS SUN International School воқеъ дар Боку ташкил намуд.Таббохҳо аз 25 мамлакат, намояндагони доираҳои ҷамоатӣ, сиёсӣ ва коршиносии Озарбойҷон, пазандагони тарабхона ва меҳмонхонаҳои пешбар, вакилони ВАО, сокинон ва меҳмонони Боку меҳмони чорабинӣ буданд.
Бо эҳтимоми миссияи дипломатии мамлакати мо дар растаҳо ашё марбут ба фарҳанги халқи ӯзбек, намунаҳои санъати амалӣ, аз ҷумла, сафол, навъҳои гуногуни матоъ ва сӯзаниҳо ҷой гирифтанд.
Ба озуқавории Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи алоҳида нигаронида шуд. Дар чорабинӣ оши палав, санбуса ва дигар таомҳои миллӣ тақдим гардид.
– Нақши Ӯзбекистон дар ҳамкории фарҳангҳои гуногун, аз ҷумла, санъати таббохӣ бузург аст, – мегӯяд президенти Иттиҳодияи умумиҷаҳонии таббохии исломӣ Гоҳан Туфон (Туркия).
—Зимни муносибати эҳтиёткорона ва таблиғи фарҳангу таърихи худ дар тамоми ҷаҳон, Ӯзбекистон нафақат дар чорабиниҳои байналхалқӣ фаъолона иштирок менамояд, балки аз ташаббускорон қарор дорад. Далел он аст, ки конгресси таббохии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи таббохии Ӯзбекистон ташкил гардидааст.
– Дар Ӯзбекистон ба анъана ва арзишҳои миллӣ бо эҳтиром муносибат карда мешавад, – изҳор медорад президенти Ассотсиатсияи пазандаҳо дар Қазоқистон Александр Трегубенко. –Анъанаҳои нотакрор аз авлод ба авлод мегузарад. Ин дар ҳар як чиз ба зуҳур меояд – аз ошхона сар шуда, бо намунаҳои санъати ҳунармандӣ анҷом мепазирад. Дар ошхонаи халқи ӯзбек таоме мавҷуд, ки дар санъати таббохӣ ҷойгоҳи баланд дорад.
– Растаи ӯзбекӣ бо зебоии худ таваҷҷӯҳамро ба худ кашид, – мегӯяд асосгузори ширкати Quvatro Group Алӣ Ноаман Трабулсӣ (Лубнон). – Ман менеҷери меҳмонхона мебошам ва палави зебои ӯзбекиро чашида, қарор кардам он ба рӯихати тарабхонаи мо илова карда шавад. Палав бо таъм ва хушхӯр будан ҷудо шуда меистад.
Корҳои дастии ҳунармандони мардумӣ бо нақш ва гулпартоиҳои зебо таваҷҷӯҳангезанд.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон муаррифӣ гашт. Меҳмонон дар бораи навъҳои гуногуни сайёҳӣ, гӯшаҳои таърихии мамлакат, анъана ва одатҳои миллии халқи ӯзбек хабардор шуданд. Буклет, флаер ва дигар расмҳои таблиғотӣ, ки ба индустрияи сайёҳии Ӯзбекистон бахшида шудаанд, байни иштирокдорон тақсим карда шуданд.
Расмҳои рангаи шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Хева ва Бухоро, ки аз таърих ва фарҳанги бою қадимаи кишвари мо шаҳодат медиҳанд, таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба худ кашиданд.
АА «Дунё».
БОКУ.